Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷӯрабек Охунов ба мӯҳлати тӯлонии зиндон маҳкум шуд. Саҳҳомoн бозгардони пулҳоро талаб доранд.

Доду ғиреви даҳҳо муштарии норозии ширкати «Мовароуннаҳр» ба маҳзи садо додани ҳукм дар толори Додгоҳи олии Тоҷикистон баланд шуд.

Бино бар ин ҳукм раиси пешини ин ширкат Ҷӯрабек Охунов бо иттиҳоми қаллобӣ, соҳибкории ғайриқонунӣ, ворид кардани хисорот бо роҳи фиреб қарор аст, ҳафт солу ҳашт моҳи дигарро дар маҳбас гузаронад. Ин дар ҳоле ки муштариёни ширкат мехостанд Охунов озод шавад ва пули онҳоро баргардонад ё манзилҳои ваъдагиро сохта ба онҳо бидиҳад. Бархе аз муштариён ба ин ширкат то ниммиллион сомонӣ пул додаанд.

Шавкат Абулхайров, додраси Додгоҳи Олии Тоҷикистон ба ҳангоми қироати ҳукм, изҳор дошт, ки бар пояи афви ахир аз се як ҳиссаи ҳукми содиршуда кам карда ва мӯҳлати адои ҷазо аз рӯзи боздошт яъне аз 9 ноябри соли 2010 ба ҳисоб гирифта мешавад:

“Охунов Ҷӯрабек Тоштемирович дар содир кардани ҷиноятҳои дар моддаи 247 қисми 4 банди «Б», 245 қисми 4 банди «Б», 253, қисми 3, банди «Б» ва 259 қисми 2 банди «Б» Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон пешбинишуда гунаҳкор дониста шуда ба ӯ ҷазо таъин карда шуд. Барои маҷмӯи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам намудани ҷиноятҳои таъиншуда ҷазои ниҳоӣ ба мӯҳлати 14 сол таъин карда шуд».







Дар робита ба осебе, ки аз ин ҳукм ба муштариёни ширкати «Мовароуннаҳр» мерасад, Шавкат Абулхайров, додраси Додгоҳи Олӣ гуфт, ки маблағи муштариҳо баъди мусодираи молу мулки ширкат пардохт хоҳад шуд. Ва барои мусодира ва ба ҳисобгирии ин молу мулк ва бозгардонидани ин маблағҳо як комиссиюни махсус ташкил карда мешавад.


Аммо дар ҳоле ки моликияти ширкат дар муддати боздошти ҷаноби Охунов даст ба даст шудааст, муштариён мегӯянд, ки маълум нест боқимондаҳои дороии ширкат зиёни чанд нафар аз 530 саҳҳоми манзилҳои носохтаи «Мовароуннаҳр»-ро ҷуброн хоҳад кард. Бархе аз муштариҳо ва ҳам коршиносон гуфтанд, бовар надоранд, ки пули ҳама баргардонида хоҳад шуд ва ҳам ин комиссиюн аз рӯи инсоф амал хоҳад кард ё на.

Ойниҳол Бобоназарова, аз фаъолони ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон мегӯяд ин комиссиюн дар ҳоле метавонад дуруст ва холисона амал кунад, ки панҷоҳ дар сади ҳайати он аз ҳисоби худи муштариҳо ташкил шавад. Дар ғайри сурат сарнавишти муштариҳои мӯҳрабизнеси ширкати «Ҷамол-К» бар сари онҳо низ такрор хоҳад шуд:

  • Дар ҳайати ин комиссиюн бояд панҷоҳ дар сад аз ҳисоби муштариҳои ин ширкат ворид карда шавад. Дар ин сурат умедвор будан мумкин, ки кори он аз рӯи адолат пеш меравад. Дар ғайри сурат ман ба кори мунсифонаи ин комиссиюн бовар надорам.


Ҳарчанд баъзеҳо ҳукми додгоҳро “наҷоти осон”-е барои Ҷӯрабек Охунов номиданд, ӯ ва вакили дифояш гуфтанд, аз ҳукм розӣ нестанд. Вакил Шӯҳрат Қудратов шикоят кард, ки додгоҳ хулосаи кори аудитор ва ё бозрасҳои Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистонро, ки дар фаъолияти ширкат кадом камбуди ҷиддии молӣ пайдо накарданд, ба инобат нагирифт. Оқои Қудратов гуфт, ки дар зинаҳои болоии додгоҳ аз ин ҳукм шикоят хоҳанд кард:

  • Додгоҳ дархосту ваҷҳҳои пешниҳодкардаи моро сарфи назар кард. Мо баъди дастрас кардани нусхаи хатти ҳукми додгоҳ ба зинаи касасионӣ шикоят хоҳем кард.



Зимнан мурофиаи раиси ширкати «Мовароуннаҳр» дар Додгоҳи Олӣ дар шароите идома дошт, ки толор ва саҳнаи бинои Додгоҳ аз сӯи ходимони милиса ва гурӯҳи таъиноти махсус таҳти муроқибати шадид қарор дошт. Зеро дар атрофи Додгоҳи олӣ бар иловаи пайвандони Ҷӯрабек Охунов ҳудуди 100 нафар муштарии ин ширкат гирд омада буданд. Маъмурони интизомӣ телефонҳои мобил ва дигар таҷҳизотро аз ширкаткунандагони мурофиа ва хабарнигорон гирифтаанд. Аммо кадом беназмиӣ ва бархурде миёни ҳомиёни тартибот ва муштариҳо ба мушоҳида нарасид.

Бо ин ҳама мақомоти тафтишотӣ Ҷӯрабек Охунов, раиси ширкати «Мовароуннаҳр»-ро дар аз худ кардани 15 миллион доллар муттаҳам кардааст. Аммо дар ҳукми додгоҳ дар бораи ин маблағ чизе гуфта нашуд ва танҳо аз ҳаҷми хисороти расида ба афроди алоҳида сухан рафт. Ширкати бинокории «Мовароуннаҳр» аз соли 2005 вориди бозори маскани Душанбе шуда то ноябри соли 2010 то замони боздошти раиси он фаъолият кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG