Пайвандҳои дастрасӣ

Шореҳони сиёсӣ мегӯянд, моҳи равон дар ҷаласаи васеи ҳукумати Тоҷикистон бархе аз кабирону вазирони тоҷик курсиҳояшонро аз даст хоҳанд дод.

Дар рӯзҳои аввали соли 2013-ум бо амру фармонҳои президенти Тоҷикистон, Рустам Раҳматов, собиқ раиси ноҳияи Айнӣ, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд ва Неъматулло Иноятов, собиқ сардори бахши харид ва мониторинги Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмонии иншооти гидроэнергетикии назди президенти Тоҷикистон, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Айнии вилояти Суғд таъин гардиданд. Пеш аз он дар охири соли гузашта президенти Тоҷикистон як идда афсарони ниҳодҳои интизомиро ба вазифаҳои раҳбарии сатҳи миёна пешбарӣ намуд. Шореҳон пешбинӣ мекунанд, ки табдилу ба истилоҳ ротатсияи кадрҳои ҳукуматӣ идома меёбад ва эҳтимол моҳи равон дар ҷаласаи кушодаи ҳукумат мо шоҳиди барканоршавии мансабдорони сатҳи баландтар низ шавем. Дар расонаҳои маҳаллӣ рейтингҳову пурсишҳои зиёде дар ин маврид нашр шудааст, ки ба ваҷҳи умум ба таъмини ҷумҳурӣ бо нафту газ ва нерӯи барқ иртибот доранд.

Раҳматулло Зоиров

Раҳматулло Зоиров

Раҳматулло Зоиров, раиси ҳизби умумимилли сотсиал-демократи Тоҷикистон, бар ин назар аст, ки имсол соли интихоботи раёсати ҷумҳурӣ аст ва президенти Тоҷикистон саъй дорад, дар ниҳодҳои интизомиву ҳифзи ҳуқуқ афродеро бубинад, ки назму суботи ин маъаракаро кафолат диҳанд, вале поккории асосӣ дар сатҳи маҳалҳову ноҳияҳо хоҳад буд, зеро раҳбароне, ки дар ноҳияҳо эътибори худро аз даст додаанд, ба маъракаи интихоботии Эмомалӣ Раҳмон таъсири манфӣ хоҳанд гузошт.

Аммо ба ин ақидаи Раҳматулло Зоиров, Суҳроб Шарифов, вакили парлумони Тоҷикистон ва собиқ раҳбари Маркази пажӯҳишҳои стратегии назди президент чандон мувофиқ нест. Ӯ мегӯяд, шояд баъзе вазирону кабирон курсиҳои худро аз даст диҳанд, вале ба ваҷҳи умум, ҳукумат бар пояи сарқонуни кишвар баъди интихоботи моҳи ноябр ба истеъфо мераваду он замон маълум мешавад, ки чӣ афроде дар ҳукумати нави Тоҷикистон ҷой меёбанд.

Ба ақидаи Суҳроб Шарифов ҳангоми арзёбии муҳимтарин рӯйдодҳои соли 2013-ум бояд ба рӯйдоди дигар, экпертизаи Бонки ҷаҳонӣ таваҷҷӯҳ кард, ки бар пояи он тасмиме дар мавриди такмили нерӯгоҳи обу барқи Роғун гирифта мешавад. Ба гуфтаи Шарифов, Роғун муҳимтарин бахши стратегияи рушди президент ва ҳукумати Тоҷикистон аст.

Суҳроб Шарифов

Суҳроб Шарифов

Дар мавриди интихобот Суҳроб Шарифов мегӯяд, ки то ҳол ҳизбҳои асосии мухолифи ҳукумат дар бораи иштирокашон дар интихобот ва пешбарии номзадҳояшон дар ин маърака чизе нагуфтаанд.

Раиси ҳизби умумимардумии сотсиал - демократӣ, Раҳматулло Зоиров мегӯяд, воқеан, аз эҳтимол дур аст, ки тамоми аҳзоби мухолифи ҳукумат барои сабқати раёсати ҷумҳурӣ эътилофе ташкил кунанду як довталабро дар муқобили номзади ҳизби ҳоким қарор диҳанд. Вале ӯ ёдоварӣ мекунад, ки моҳи сентябри гузашта ҳизби онҳо ҳамроҳ бо Ҳизби наҳзати исломӣ ва як идда созмону ҷунбишҳои мардумӣ Кумитаеро ба хотири вуруди тағйиру илова ба қонуни интихоботи Тоҷикистон ташкил доданд ва пешниҳодҳои онҳоро ду вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳизби наҳзати исломӣ, Муҳиддин Кабирӣ ва Саидумар Ҳусайнӣ барои ба ҳайси ташаббуси вакили мардумӣ ба арзёбии парлумон матраҳ намудаанд. Пешбинӣ мешавад, ки Шӯрои Маҷлиси намоядагон 12-уми январ ин ташаббусро натиҷагирӣ мекунанд. Ба қавли Зоиров агар мухолифин як номзадро пешбарӣ накунанд, ҳизби сотсиал-демократ ҳозир аст, дар танҳоӣ барои курсии президентӣ мубориза барад.

Нуриддин Қаршибоев

Нуриддин Қаршибоев

Масъалаи дигаре, ки дар баробари қонуни интихобот боиси нигаронии ҳизбҳои сиёсӣ ва расонаҳои хабарӣ мебошад, фишор болои нашрияҳои мустақил дар солҳои интихобот аст. Нуриддин Қаршибоев, раиси созмони ҳомии ҳуқуқи рӯзноманигорон бо номи НАНСМИТ ё худ Иттиҳодияи миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, бо ишора ба таҷрибаи соли 2012-ум мегӯяд, эҳтимол дар интихоботи ояндаи президентӣ мақомот на рӯи нашрияҳои ҷумҳурӣ, ки ҳафтае як дафъа чоп мешаванд, балки сайтҳои интернетӣ, ки ҳар лаҳза маълумот пахш мекунанд, фишор оранд. Ба гуфти Қаршибоев то ҳол, ки дар Тоҷикистон муқаррароти истифодаи интернет ташхис нашудаанду тасвиби қонуни матбуот дар таҳияи нав, ба таъхир меафтад, Хадамоти алоқа бо хоҳиши худ дастрасӣ ба сайтҳоро маҳдуд мекунад.

Аммо вакилони Маҷлиси Намояндагон таъкид мекунанд, ки сарфи назар аз қабул ва ё радди пешниҳодҳои тағйиру илова ба қонуни интихоботи Тоҷикистон ва мисли он тасвиби қонуни нави матбуот дар моҳҳои оянда интихоботи президентии моҳи ноябри соли равон бар пояи қонунҳои мавҷуда доир хоҳад шуд, зеро то интихобот даҳ моҳ мондааст ва бар пояи қонунҳои Тоҷикистон ҳар тағйиру иловае, ки дар давоми як соли пеш аз интихобот ворид мешавад, ба таври автоматӣ дар интихоботи баъдӣ мавриди иҷро қарор мегирад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG