Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интизориҳои аҳзоби сиёсӣ аз соли интихоботи президентӣ


Бархе аз намояндагони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон мегӯянд, дар соли 2013 интихоботи шаффофи раёсати ҷумҳуриро интизоранд.

Усмон Солеҳ, мудири бахши иттилооти ҳизби ҳокими халқӣ – демократии Тоҷикистон, мегӯяд, интихоботи президентии моҳи ноябри соли 2013 аз ҲХДТ масъулияти бештар талаб мекунад. Ба гуфтаи ӯ бо татбиқи нақшаю барномаҳое, ки ҳизби ҳоким ва ҳукумати Тоҷикистон доранд, дастовардҳои ҲХДТ дар соли нав беҳтару бештар хоҳанд шуд.

Раҳматулло Зоҳиров, раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал – демократии Тоҷикистон, соли 2013 –ро барои ҳизбашон «рамзӣ» хонда, таъкид намуд, ки «ҲУСДТ чи гуна ҳизб буданаш ва аъзоёни он устувориро ба мавқеашон нишон хоҳанд дод.»

Саидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар соли 2013 ду маъракаро, 40-умин солгарди ҲНИТ ва интихоботи раисиҷумҳури Тоҷикистонро муҳимтарин гуфт. Ӯ изҳор дошт, ки ҲНИТ дар ин ду чорабинӣ аз ҳукумат ҳамкории хуберо интизор аст.

Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, мегӯяд, ҳоло маъракаи интихоботӣ эълон нашудааст ва «пеш аз пода чанг андохтан он қадар дуруст нест». Ӯ изҳор дошт, ки ҳизбаш албатта дар интихобот ширкат хоҳад варзид. Аммо Шабдолов дар ҳоле, ки қонуни интихобот дар Тоҷикистон мукаммал нест, ғолибияти ҳизбҳои мухолифро «орзӯи хаёлӣ» медонад.

Ҳайдуллоҳ Абдуллоев, муовини раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон, изҳор медорад, ки ҳизбашон дар интихоботи раисиҷумҳур дар соли 2013 номзадро пешбарӣ мекунад ва барои мунсифонаю демократӣ баргузор шудани он талош хоҳад варзид.

Амир Қароқулов, раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон, муътақид аст, ки муҳити иқтисодӣ иҷтимоӣ ва сиёсии кишвар дар соли 2013 ҳамоно созгор мемонад ва интихоботи раисиҷумҳури Тоҷикистон бо риояи тамоми меъёрҳои демократӣ сурат хоҳад гирифт.

Олим Бобоев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, мегӯяд барномаҳои ҷадиди ислоҳоти иқтисодии кишварро таҳия ва дар соли оянда татбиқ хоҳанд кард.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG