Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сарвари демократҳои Тоҷикистон кист ва чӣ мехоҳад?


Саидҷаъфар Исмонов

Саидҷаъфар Исмонов

Саидҷаъфар Исмонов, ки ахиран раиси нави ҲДТ интихоб шудааст, мегӯяд ба ҳукумат ҳеҷ робитае надорад.

Саидҷаъфар Исмонов, рӯзи 23-юми декабр дар анҷумани ғайринавбатии ҲДТ, раиси нави ҳизб эълон шудааст ва акнун агар Вазорати адлияи Тоҷикистон сарвариашро эътироф кунад, демократҳои Тоҷикистон чӣ раҳбареро хоҳанд дошт?

Исмонов фаъолиятҳои сиёсиашро аз узвият дар Ҳизби халқӣ – демократӣ шурӯъ кардааст. Соли 2004 аз мубтакирони Ҳизби ҷавонони прогрессив буд. Аз соли 2006 узви Ҳизби демократи Тоҷикистон мебошад.

Ба фаъолиятҳои сиёсӣ ва ҳам кории ӯ ҳамкорон ва мухолифон назарҳои мухталиф доранд. Гурӯҳе, ӯро як навгарову озодфикр ва гурӯҳе, худхоҳу мансабталош унвон мекунанд. Иддае ҳам бар инанд, ки ӯ барои пиёда шудани тарҳҳое аз сӯи ҳукумат миёни мухолифон, эъзом шудааст.

Як раҳбари собиқи Ҳизби халқӣ – демократӣ, ки нахост номашро гирем, мегӯяд, ин гуна нафарро намешиносад, зеро он замон ҳизб 120 ҳазор узв дошт ва танҳо аз расонаҳо дар бораи ӯ шунидааст. Усмон Солеҳ, низ аз собиқадорон ва кормандони дастгоҳи Ҳизби халқӣ - демократӣ аз фаъолиятҳои ӯ огоҳ нест: «Ӯро он қадар хуб намешиносам. Фақат медонам, ки ӯ дар Донишгоҳи аграрӣ ноиби ректор оид ба корҳои хоҷагӣ буд.»

Масъуд Собиров, раҳбари расмии ҲДТ

Масъуд Собиров, раҳбари расмии ҲДТ

Худи Исмонов мегӯяд, Ҳизби халқӣ – демократиро ба он хотир тарк кард, ки барномаҳояш бо ҳукумат муштарак таҳия ва амалӣ мешуданд, аммо барои назари мухталиф ва усулӣ дар он ҷой намонда буд. Вай гуфт, Ҳизби ҷавонони прогрессивро ҳам маҳз ба ҳамин хотир мехост ташкил кунад ва далели ба ҳизби демократ омаданаш низ ин аст. Вай мегӯяд: «Ин асос надорад, ки ман кадом як барномаҳои ҳукуматиро пиёда мекунам. Ҳукумат ба хизматҳои ман эҳтиёҷ надорад. Ба нафъи ҳукумат набуд, ки ман ҳамчун мутахассис аз он равам. Ҳамчунин ба нафъи ҳукумат набуд, ки ман Ҳизби демократ – мухолифашро аз нав эҳё кунам ва имрӯз ин корро мекунам.»

Як узви Ҳизби демократ бидуни зикри номаш гуфт, далели ба Ҳизби демократ овардани Исмонов ин буд, ки бархе ӯро сарватманд муаррифӣ карда, мехостанд тавассути ӯ фаъолиятҳои ҳизбро сармоягузорӣ кунанд.

Саидҷаъфар Исмонов соли 1960 дар оилаи омӯзгор дар ноҳияи Фархор таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дар соли 1983 аст. Замони ҷанги шаҳрвандӣ ширкати истеҳсолии дорувории «Хатлон» - ро дар ноҳияи Ховалинг ташкил карда, пас аз ҷанги дохилӣ ба Душанбе омадаааст. Соли 2005, қабл аз интихоботи парлумонии Тоҷикистон собиқ фаъолони комсомоли ленинӣ, бахши ҷавонони Ҳизби коммунист аз таъсиси як созмони ҷадиди сиёсӣ бо номи "Ҳизби ҷавонони прогрессиви Тоҷикистон" хабар доданд. Онро Саидҷаъфар Исмонов, ки ҳамзамон узви Ҳизби халқӣ – демократӣ буд, сарварӣ мекард. Ин аввалин мавриди расонаӣ шудани номи ӯ буд. Ҳизбро ба қайд нагирифтанд, аммо бо ин исми Саидҷаъфар Исмонов аз саҳифаи расонаҳо дур нашуд. Ҳаводиси минбаъда симои ӯро бештар баҳсбарангез ва то ҷое шубҳаангез муаррифӣ карданд.

Ӯ соли 2006 ба Ҳизби демократ, ки нав роҳбараш Муҳаммадрӯзӣ Искандаровро зиндонӣ шуда буд, пайваст. Вай бо сарварии Масъуд Собиров мухолифи ҷиноҳи Искандаров баромада, зимоми раҳбарии ҲДТ – ро ба даст гирифтанд, аммо дере нагузашта, бо роҳбари худ ба мухолифат афтод. Як анҷуманеро барпо карда, худро раиси ҳизб эълон кард, аммо вазорати адлия ӯро ба расмият нашинохт. Саидҷафъар Исмонов соли 2007 бо ҷиноҳи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, ки аз сӯи Ҷумъабой Ниёзов сарварӣ мешуд, пайваст. Аммо то панҷ соли дигар ин иттиҳод натиҷае надод, магар ин ки соли равон бо баргузории як анҷумани ғайринавбатӣ Масъуд Собировро аз раисии ҳизб барканор карда, Саидҷаъфар Исмоновро дар садри Ҳизби демократ нишонд.

Ҳамзамон Саидҷафъар Исмонов ҳамчун иқтисоддон пас аз ҷанги дохилӣ дар ниҳодҳои мухталифи ҳукумат - Хадамоти гумрук, Бонки миллӣ, Кумитаи радио ва телевизион, пулиси андоз ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дар вазифаҳои гуногун фаъолият дошта, айни ҳол ба тиҷорат машғул аст.

Абдулқодири Абдуқаҳҳор, раҳбари телевизиони "Пойтахт"

Абдулқодири Абдуқаҳҳор, раҳбари телевизиони "Пойтахт"

Абдуқодири Абдуқаҳҳор, ҳоло сарвари телевизиони «Пойтахт», замоне, ки Саидҷаъфар Исмонов директори маркази техникии радио ва телевизиони Тоҷикистон буд, дар Шабакаи аввали телевизиони кишвар кор мекард. Вай мегӯяд, Исмонов раҳбари кордону фарҳангдӯст буд: «Дар ҳар ҷое, ки набошад мехоҳад навигарӣ кунад. Хеле тоҷири муваффақ аст. Кам касе аз тиҷорату соҳибкорӣ огоҳ буд, ки ӯ аллакай корхона дошту бо пули тиҷорат манозили ду – се ошёна бунёд кард. Кордон аст. Дар як муҳлати кӯтоҳ маркази техникии телевизионро ба тартиб овард. Аввалин технология, камераҳои хубу декоратсияҳои навро ӯ фароҳам сохт.»

Аз нигоҳи бархе ҳамкорони собиқ, ӯ як нафарест, ки ҳамеша ба мақоми аввал мешитобад. Ин афрод, ки нахостанд исмашон зикр шавад, мегӯянд, ӯ ҳам дар Бонки миллӣ ва ҳам Кумитаи радио ва телевизион мехост ба мақомҳои раҳбарӣ расад ва аввал бошад.

Масъуд Собиров, раиси феълии Ҳизби демократ, ки якҷо бо Саидҷаъфар Исмонов ҷиноҳи «Ватан» - и ҳизбро ташкил карда, раҳбариро ба даст гирифта буд, мегӯяд, то ба ҳол ҳамсафи худро дуруст нашинохтааст: «Ӯ аз як нафари чеҳрапарасту худхоҳ беш нест. Кӯшишҳояш барои раҳбари Ҳизби демократ ҳам ба хотири гузоштани номзадиаш дар интихоботи президентии соли 2013 аст. Албатта, муваффақ намешавад, аммо мехоҳад худро ба ҷомеа шиносонад.»

Ба қавли бархе аз демократҳои Тоҷикистон, Саидҷаъфар Исмонов шурӯъ аз соли 2006 мекӯшад, ки сарварии ҳизбро ба даст орад. Онҳо бар инанд, ки ӯ ҳизбро мехоҳад ба манфиати шахсии худ истифода кунад ва дар интихоботи президентии соли 2013 ҳамчун як ҳизби кисагӣ Ҳизби демократро ба намоиш монад.

Раҷаби Мирзо, сарвари созмони Ҳизби демократ дар шаҳри Душанбе, ки дар гузашта аз ҷиноҳи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров намояндагӣ мекард, аз мухолифони Саидҷаъфар Исмонов буд. Аммо ҳоло ӯро дастгирӣ мекунад ва мегӯяд, интихоби раҳбари нав раъйи эътимоди 95 узви анҷумани ғайринавбатии ҲДТ аст. Вай афзуд, фаъолони ҳизб ба хотири эҳёи фаъолиятҳояш бо Масъуд Собиров ҳам машварат кардаанд, аммо ӯ на фақат онҳоро қабул надошт, балки ҳатто шунидан намехост: Раҷаби Мирзо, аз раҳбарони ҲДТ

Раҷаби Мирзо, аз раҳбарони ҲДТ

«Саидҷаъфар Исмонов агарчи аз ниҳодҳои ҳукуматӣ омадааст, аввалан, ба ақидаҳои мо наздик аст ва дуввум ин, ки дурӯғ намегӯяд. Масалан, Масъуд Собиров мегуфт, ки ӯ аз соли 1990 узви ҲДТ ва аз афроди таъсиргузори он аст, аммо дар асл собиқадорони ҳизб тасдиқ накарданд, ки ӯ дар ҳақиқат узв буд. Аммо Усмонов росташро гуфт, ки аз соли 2006 узви ҲДТ аст. Андешаҳои мо бо ӯ наздик аст. Ӯ таҳаммулпазир аст ва ба ақидаҳои Ҳизби демократ арҷ мегузорад.»

Дар ҳамин ҳол худи Саидҷаъфар Исмонов мегӯяд, даъвоҳои мухолифонаш бепояанд, зеро Ҳизби демократ пур аз мушкилот аст ва ӯ на ба хотири манфиат, балки ақида, омадааст ва мехоҳад ҳизбро қувват бахшад: «Ман дар ин ҳизб ягон захираи тилло, ки касе монда бошад, ягон корхонаи саноатӣ, ягон ашёи гаронқимат ва имкониятҳои осмонӣ, хулоса, ҳеҷ чиро намебинам. Ин ҳизб пароканда аст, пур аз мушкилот аст. Гӯё то замони Искандаров буду аз он замон то ба ҳол нест. Аммо ба мухолифинам паём медиҳам, ки ҳарому ҳалолро фарқ кунанд. Инсон бошанд. Бигзоранд, ҳизберо, ки беобрӯ кардаанд, мо эҳё кунем. Ин рисолати ман аст.»

Демократҳо таҳти сарварии Саидҷаъфар Усмонов мехоҳанд то 8 моҳи дигар тамоми ниҳодҳои поёниву болоии Ҳизби демократро муттаҳид кунанд ва онро назири Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ё қисман Ҳизби сотсиал – демократи Тоҷикистон ба мухолифи ҳукумат табдил диҳанд.

Дар гузашта ҲДТ яке аз қавитарин аҳзоби мухолифи ҳукумати Тоҷикистон шинохта мешуд. Ҳизб соли 1990 ташкил шуд ва аз сафҳои он шахсиятҳои маъруфе гузаштаанд, ба монанди Шодмон Юсуф, Раҳими Мусулмониён, Ойниҳол Бобоназарова, Ҳоҷимуҳаммад Умаров, Ҷумъабой Ниёзов, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, Абдунабӣ Сатторзода, Холиқбердӣ Холиқназаров ва дигарон, ки сиёсатмадор, ҳуқуқшинос ва иқтисоддонҳои маъруфи замони худ буданду ҳастанд.

Аммо ба қавли яке аз ҳамсӯҳбатони мо, ин ҳизби замоне қавӣ ниҳоят ба як «ҳизби сархӯр» табдил ёфт, ки то ба имрӯз нуқтаи ниҳоии фоҷиаи инсонӣ ва сиёсии раҳбаронаш будааст. Шодмон Юсуф то имрӯз дар ғурбат ба сар мебарад, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар зиндон аст ва дар ҳоли тасмими ниҳоии мақомот Масъуд Собиров ҳам ба гунае бартараф мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG