Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номзади мавриди ҳимояти муҳоҷирон кист?


Каромат Шарифов(Акс аз бойгонӣ)
Каромат Шарифов(Акс аз бойгонӣ)

Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия тасмим гирифтааст, дар анҷумани навбатиаш мавзӯъи интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ кунад.

Каромат Шарифов – раиси Ҷунбиши муҳоҷирон рӯзи 3 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ин анҷуман, ки қарор аст, моҳи март доир шавад, дар қатори намояндагони муҳоҷирони тоҷик аз вилоятҳои мухталифи Русия, раҳбарони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон низ даъват шудаанд, ки бо муҳоҷирон дар бораи сиёсати ҳизбҳои худ дар мавзӯъи муҳоҷират ва масоили дигари доғи кишвар сӯҳбат кунанд. Оқои Шарифов гуфт, як ҳадафи аслӣ аз даъвати анҷуман маълум кардани номзади мавриди ҳимояти артиши якмиллионнафарии муҳоҷирон дар интихоботи моҳи ноябри соли 2013 аст.

Раҳбари Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия гуфт, муносибати пайравони ин ҷунбиш ба ҳизби ҳокими халқӣ-демократиро то куҷо ба як тағйироти ҷиддиву фарогир иқдоми кардани раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи солонаи ҳукуматаш маълум хоҳад кард. Вале ба сурати умум, афзуд оқои Шарифов, муҳоҷирон тарафдори асли ивазшавии раҳбари кишвар ҳастанд ва метавонанд аз номзади мухолифин ҳимоят кунанд, вале ба шарте ки аҳзоби мухолиф битавонанд бо рафъи ихтилофоти мавҷуда як номзади ягонаро ба интихоботи имсола пешбарӣ кунанд.

Каромат Шарифов ба Озодӣ гуфт, дар ҳар сурат, тасмими ниҳоиро дар қиболи интихобот анҷумани моҳи март хоҳад гирифт. Ба бовари ӯ, як миллион муҳоҷире ки дар Русия кор мекунанд, ҳамроҳ бо аъзои хонаводаҳояшон аз зери 80 дарсади аҳолии Тоҷикистон намояндагӣ мекунанд ва ҳар номзаде ки ба пирӯзӣ дар интихоботи моҳи ноябр умед мебандад, бояд рӯи раъйи ин аксарият ҳисоб кунад.


Абдуллоҳи Саттор
Абдуллоҳи Саттор
Бо ин ҳол, Абдуллоҳи Саттор, раиси Иттиҳодияи тоҷикони Русия – яке дигар аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон – ба Озодӣ гуфт, Ҷунбиши Каромат Шарифов пешдастӣ карда, ибтикори чанд созмони дигарро, ки низ мехостанд намояндагони муҳоҷиронро барои баҳси мушкилоти кору зиндагиашон дар Русия дар як ҳамоиш гирди ҳам биоранд, обуранги сиёсӣ додааст. Абдуллоҳи Саттор афзуд, Иттиҳодияи тоҷикон ва созмонҳои дигар дар анҷумане, ки Ҷунбиши муҳоҷирон доир карданист, ширкат нахоҳанд кард. Ӯ мегӯяд, набояд муҳоҷирон ва мушкилоти онҳоро ба як қарта дар бозиҳои сиёсӣ табдил диҳанд.

Интихоботи навбатии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, интизор меравад, моҳи ноябри соли равон барпо шавад. То кунун танҳо ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ эълон кардааст, ки ин бор ҳам раҳбараш – раисиҷумҳури кунунии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро пешбарӣ хоҳад кард. Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992 ба ин сӯ, инак 20 сол боз раҳбарии Тоҷикистонро бар дӯш дорад. Ӯ соли 1992 раиси Шӯрои олӣ ва соли 1994 барои як давраи панҷсола раисиҷумҳур интихоб шуда, баъдан замони раёсаташро ду дафъа – дар интихоботҳои солҳои 1999 ва 2006 – барои ҳафтсолӣ тамдид кард. Ислоҳоти ворида ба Қонуни асосии Тоҷикистон дар соли 2003 ба Эмомалӣ Раҳмон имкон медиҳад, дастикам то соли 2020 дар қудрат бимонад.

Аммо аҳзоби мухолифи ӯ, аз ҷумла ҳизби наҳзати исломӣ , ҳизби коммунист ва ҳизби сотсиал-демократ ҳам аз имкони пешбарии номзади худ ба интихоботи соли 2013 дарак додаанд ва ба бовари нозирони умур, оқои Раҳмонро баъд аз рақобати шадид бо Абдумалик Абдуллоҷонов дар интихоботи соли 1994 ва ду пирӯзии осон дар ду интихоботи баъдии амалан бидуни рақобат имсол интихоботи сахте дар пеш аст.
XS
SM
MD
LG