Пайвандҳои дастрасӣ

Маҷаллаи амрикоии “The National Interest” мегӯяд, “Осиёи Марказӣ дар соли 2013 дар рӯбарӯи рискҳои сиёсии густарда, вале парешоне қарор мегирад.”

Ба ақидаи Илан Гринберг - муаллифи матлаби “Роҳи сахте барои Осиёи Марказӣ дар пеш аст”, тасмимгириҳои давлатӣ дар ҳамаи 5 кишвари пасошӯравии ин минтақа “дар дохили чордевори кохҳои раёсатҷумҳурӣ маҳдуд шудааст, аммо дар ҳоле ки сарони ин кишварҳо аз диктаторҳои мутлақ дар Қазоқистону Туркманистон то демократи зоҳирӣ дар Қирғизистон иборатанд, механизмҳои институтсионии тақсим ва таҳвили қудрат дар ин қаламрав вуҷуд надорад.”

Аз хусуматҳои қавмӣ то чирикиҳои исломӣ

“The National Interest” менависад, “хусуматҳои қавмӣ, чирикиҳои исломӣ, рақобатҳои қавмгароёна, озурдагиҳои маҳаллӣ ва оқибатҳои ҷанги Афғонистон таҳдиди бурузи дубораи низоъҳои шаҳрвандӣ ва эҳтимоли тағйири режимҳои кунуниро ба бор меорад.”

“The National Interest” менависад, “силсилаи ошӯбҳову эътирозҳои хиёбонӣ ва корпартоиҳо шояд ба набзи маъмулии ин қаламрав бо ҳамон тӯю сӯр, мавсимҳои ҳосилғундорӣ, рӯзҳои кӯтоҳи дарсу соатҳои тӯлонии кор, бозорравӣ ва интиқоли пули мардикоронаш аз Русия халале ҳам ворид накунад ва статус-кво дар ин қаламрав дар соли 2013 ҳам ҳифз шавад.” Муаллиф меафзояд, “Осиёи Марказӣ роҳи хато хӯрдан аз тағйиротро дорад, вале танҳо тавассути бозгашт ба меъёрҳои пасошӯравии роиҷ дар ин маҳдуда.”

Дардҳои наву кӯҳнаи Тоҷикистон

Дар мавриди Тоҷикистон, нашрия бо ёдоварӣ аз нооромиҳои Хоруғ ва даҳҳо куштааш менависад, “ошӯбҳо дар заминаи маҳал як таҳдиди доим ба ваҳдати сиёсии Тоҷикистон, ки то ҳол ранҷи захмҳои ҷанги шаҳрвандии харобиовари солҳои 90-ро мекашад, боқӣ мемонад.” Ба ақидаи муаллифи “The National Interest”, “Тоҷикистон бештар ба як конфедератсияи минтақаҳои қабилавӣ мемонад, то ба як давлати миллии муттаҳид.” Муаллиф гурӯҳҳои исломӣ, фақри саросарӣ, камбуди энерживу ғизо, танишҳо бо Узбакистон ва қочоқи дар соли гузашта афзудаи маводи мухаддири афғониро аз заминаҳои аслии бесуботӣ дар Тоҷикистон ном бурда, меафзояд, хуруҷи нирӯҳои Амрико аз Афғонистон ба ин ҳама мушкилоти Тоҷикистон мушкилоти наве зам хоҳад кард.

Раҳматуллоҳ Абдуллоев, мудири маркази низоъшиносии Тоҷикистон мегӯяд, омилҳои қавмиву минтақавӣ як рукни хеле таъсиргузор ба равандҳои сиёсии аксари кишварҳои Шарқ, аз ҷумла Тоҷикистон аст, ки то ҳол дар марҳалаи хеле мушкили миллатсозӣ ва таъмини ваҳдати миллиаш қарор дорад. Ин таҳлилгар бо ишора ба интихоботи имсолаи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон меафзояд, ин омил маъмулан дар пешорӯи маъракаҳои нозуки сиёсие, чун интихоботҳо, ҳассостар Саймиддин Дӯстов, коршиноси тоҷик

Саймиддин Дӯстов, коршиноси тоҷик

ешавад: “Ин мушкилот вуҷуд дорад, вале ман фикр мекунам, ки дар Тоҷикистон ягон нирӯи сиёсие нест, ки мавзӯъи миллатгароиву маҳаллгароиро ба манфиати сиёсии худ доман занад. Зеро истифодаи ин қарта худкушии сиёсиро мемонад. Аммо ба назари ман, кишварҳо ва қудратҳое, ки мехоҳанд мавқеъи худро дар Осиёи Марказӣ тақвият диҳанд, метавонанд аз ин қарта ба сӯди худ истифода кунанд.”

Таъсири шадидан манфии омили маҳал дар сиёсатҳои давлатӣ ва тасмимгириҳои сиёсӣ дар Тоҷикистонро Саймуддин Дӯстов, раҳбари маркази таҳлилии “Индем” низ эътироф мекунад ва мегӯяд, иллати аслии ҷудоии кишвар дар заминаи маҳаллро бояд дар табиати худкомаи низоми ҳоким дар Тоҷикистон ҷуст: “Иллати ин пеш аз ҳама дар худи сохти ҳукуматдорист. Дар Тоҷикистон як низоми яккатозу худкомае ҷорист, ки наметавонад барои як миллати воҳид будани кишвар мусоидат кунад. Сиёсатҳои кадрии ҳукумат ҳам чунон сохта шуда, ки он танҳо ба элитаҳои сарватманди маҳаллҳо такя мекунад. Дар ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ҳатто дидани технократҳо тақрибан имкон надорад, чунки онҳо дар формати кунунии давлатдорӣ намеғунҷанд. Дар натиҷа, имрӯз ҷомиаи Тоҷикистон як ҷомаи порашудаву поргишудаеро мемонад.”

Иштиҳои носерами Назарбоев

Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон

Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон

Ба навиштаи “The National Interest”, дар Қирғизистон, танҳо низоми парлумонии минтақа бо як ҳукумати заифи марказӣ, ки ду сол пеш шоҳиди даргириҳои хунин байни қирғизҳову узбакҳо дар Ӯшу Ҷалолобод шуда буд, эҳтимоли поксозии узбакҳо ҳанӯз вуҷуд дорад.

Дар Қазоқистон таъқиби афзояндаи ҷомиаи шаҳрвандӣ якҷо бо иштиҳои носерами раисиҷумҳури умрбодаш Нурсултон Назарбоев ва бо ҳарду даст маҳкам ба қудрат часпидани ӯ, ки хашми насли ҷавонтари аз саҳна берунуфтода ва ҳатто аъзои хонаводаи худи Назарбоевро ба бор овардааст, як мояи мухолифатҳои хатарнок дар соли 2013 ном бурда мешавад.

Аммо дар Туркманистон, ба гуфтаи муаллифи мақола, ҳукумати Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ки як духтури дандон буд ва ҳоло роҳи шахспарастии раҳбари собиқи ин кишвари саршор аз нафту газ Сафармурод Ниёзовро дунбол мекунад, ҳукумат ба хотири ҳифзи фаъолияти худ бо фасоди фарогир, равобити печида бо ҳамсояҳо, инқирози низоми маориф ва бо як синфи сиёсии дарранда рӯбарӯст ва имсол шояд таҳти фишори бештари мухолифинаш, ки аксаран дар хориҷ фаъолият доранд, қарор бигирад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG