Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Формулаи нави сиёсӣ: Фоидаҳои бузург ба ҷои Бозии бузург


"Роҳи Абрешим" замоне аз Бомиён дар Афғонистон марказӣ убур мекард.

"Роҳи Абрешим" замоне аз Бомиён дар Афғонистон марказӣ убур мекард.

Амрико тарҳи “Роҳи нави абрешим”-ро ба ҳайси формулаи нави ҳамкории қудратҳо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ таблиғ мекунад.

Вазорати хориҷаи Амрико як сол боз тарҳи “Роҳи нави абрешим”-ро ташвиқ мекунад. Дар меҳвари ин барнома тавассути Афғонистон пайвастани бозорҳои Осиёи Марказиву Осиёи ҷанубист ва рафъи бесуботӣ дар ин кишвари ҷангзада аз роҳи рушди тиҷорати минтақавӣ. Ахиран муовини вазири хориҷаи Амрико Роберт Блейк аз як формулаи нави ҳамкории кишварҳо дар ин қаламрав бо номи шартии “фоидаҳои бузург ба ҷои Бозии бузург дар Осиёи Марказӣ” сӯҳбат кардааст.

Сӯҳбатҳои Роберт Блейк дар Индиана

“Осиёи Марказӣ: Фоидаҳои бузург ба ҷои Бозии бузург” унвони гузориши муовини вазири хориҷаи Амрико Роберт Блейк дар анҷумани “Ҷамъияти мутолиоти АвроОсиёи Марказӣ” буд, ки ахиран дар донишгоҳи аёлати Индиана доир шуд. Оқои Блейк гуфтааст, “ба фарқ аз “Бозии бузург”, ки як ё якчанд кишвар тағйиротро бидуни ба инобат гирифтани назари маҳаллӣ таҳмил мекард, мо Роберт Блейк, ёвари вазири умури хориҷии Амрико дар умури Осиёи Миёна ва ҷанубӣ

Роберт Блейк, ёвари вазири умури хориҷии Амрико дар умури Осиёи Миёна ва ҷанубӣ

метавонем тавассути ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа, кишварҳои дигари муҳим, бо шумули Чину Русия, ва шарикони байналмилалӣ минтақаи шукуфое бисозем, ки барои ҳама “фоидаҳои бузург” хоҳад овард.”

Манзури Роберт Блейк тарҳи “Роҳи нави абрешим” аст, ки ба ҳайси як стротежии нави Амрико бори аввал соли гузашта дар Ченнай (Мадраси собиқ)-и Ҳинд аз забони вазири хориҷааш Ҳилларӣ Клинтон садо дод. Нуқтаи аслии ин сиёсат таҳкими ҳамоиш ва равобити иқтисодӣ байни Осиёи Марказиву Осиёи ҷанубист, ки дар марказаш, гуфтаи оқои Блейк, Афғонистон истодааст.

Ба наздики мо сулҳ беҳтар ки ҷанг...

Нирӯҳои эътилоф бояд то поёни соли 2014 дар шароите тарки Афғонистон кунанд, ки ин кишвар ҳамоно дастбагиребон бо хушунату тундгароӣ боқӣ мемонад. Дар чунин вазъ, Амрико сохтани хутути тиҷорат дар масирҳое, ки то ҳол бештар барои содироти ифротгароӣ истифода мешуд, ва тақвияти нақши Афғонистон ба ҳайси як пул байни Осиёи Марказӣ ва бозорҳову бандарҳои Покистону Ҳиндро як василаи аз ботлоқи бесуботӣ берун кашидани Кобул мебинад. Кобул ҳам дар ин сурат мулзам аст, барои ҳифзи фоидаҳояш аз транзит бо хатми ҷангу хушунат ба шариконаш собит кунад, ки шарики мӯътамад ҳаст ва ҳамлу нақли амни молро таъмин карда метавонад.

Сафири нави Амрико ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон эътимоднома месупорад.

Сафири нави Амрико ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон эътимоднома месупорад.

Сафири нави Амрико Сюзан Эллиот дар нахустин нишасти хабариаш дар Душанбе низ аз “мева”-ҳои ояндаи “Роҳи нави абрешим” тавсиф кард: “Барои расидан ба сулҳу субот дар минтақа пешрафти иқтисодӣ зарур аст. Ва як василае ки нафақат давлати Амрико, балки ҷомиаи байналмилалӣ ҳам рӯяш фикр мекунад, роҳҳои ба ҳам пайвастани кишварҳои минтақа тавассути Афғонистон аст. Мо мехоҳем, роҳҳои транзитие, ки алакай барои таъмини нирӯҳои эътилоф дар Афғонистон истифода мешаванд, минбаъд ҳамчун роҳҳои тиҷорӣ низ хидмат кунанд. Афғонистон дар ин сурат метавонад аз транзити молу колоҳо фоида ба даст биорад.”

20 миллиард доллар барои САРЕС

Як ҷузъи муҳими “Роҳи нави абрешим” тарҳи лӯлаи газест, ки бояд аз Туркманистон тавассути Афғонистон то Покистону Ҳинд кашида шавад ва ҷузъи дигараш – барномаи САРЕС(“ҳамкории минтақавии Осиёи Марказӣ”), ки навсозии коридорҳои нақлиётии минтақаро ба ҳадаф дорад. Роберт Блейк дар Индиана гуфтааст, “САРЕС метавонад то соли 2020 барои навсозии 6 коридоре, ки аз Осиёи Марказӣ мегузаранд, 20 миллиард доллар ҷамъ кунад.”

Тарҳи дигаре, ки қаблан хеле зиёд ташвиқ мешуд, КАСА-1000 аст, ки мебоист бо тақрибан 950 миллион доллар доллар ҳазина барқи Тоҷикистону Қирғизистонро ба Афғонистону Покистон мерасонд. Вале ин барнома ба маҳзи ихтилофи шадиди назар байни кишварҳои болооб ва поёноби Осиёи Марказӣ бар сари нирӯгоҳҳои азим зоҳиран дар ҳаво мондааст.

Зубайдулло Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар Покистон.

Зубайдулло Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар Покистон.

Сафири Тоҷикистон дар Исломобод Зубайдулло Зубайдов мегӯяд, то ҳол ҷузъиёти тарҳи “Роҳи нави абрешим” рӯшан нашудааст, ки мушаххасан чӣ барномаҳоеро фаро мегирад. Вале ба бовари ӯ, ба сурати умум, даст ёфтани кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ба бозорҳои Осиёи ҷанубӣ ва ба обҳои гарми уқёнуси Ҳинд заминаҳои пешрафт дар минтақаро бештар мекунад: ”Роҳҳои иртибототӣ аз мушкилоти бузурги мост. Мо дар давраи Шӯравӣ фақат як роҳ доштем, ки имрӯз бароямон чӣ қадар мушкилот оварда истодааст. Роҳи Покистон аз тариқи дараи Вахон, ки Дураббосро ба Ишкошим мепайвандад, агар сохта шавад, метавонад беҳтарин роҳ шавад. Чунки то замоне ки мо ба бандарҳои баҳрӣ дастрасӣ пайдо накунем, мушкилотамон ба ҳадде ки мехоҳем, ҳалл нахоҳад шуд. Вале расидан ба бандарҳои Карочиву Гводар низ, албатта ба вазъи Афғонистон вобастагӣ дорад, ки чигуна хоҳад шуд?”

Паймони сегонаи Душанбеву Кобул ва Исломобод

Қарор буд, Душанбе ба паймони фарогири тиҷорату транзити байни Кобулу Исломобод низ бипайвандад, вале ин ба маҳзи ба таъхир уфтодани нишасти сарони чоргонаи Афғонистону Покистон ва Русияву Тоҷикистон мавқуф монд. Оқои Зубайдов мегӯяд, ин паймон монеаҳои мавҷуд дар роҳи тиҷорати байни ин 3 кишварро аз байн хоҳад бурд, ки ин ҳам ҷавобгӯи аҳдофи “Роҳи нави абрешим” аст: “Мо ҳоло барои то Тоҷикистон бурдани бор мониаҳои зиёд дорем. Агар аз Покистон бор барем, бояд 3 дафъа аз нав фароранду бораш кунанд. Як бор дар Покистон, баъдан дар марз бо Афғонистон ва бори сеюм дар марзи Тоҷикистон. Мошинҳо озод равуо карда наметавонанд. Боҷу хироҷи гумрукӣ низ зиёд аст ҳанӯз.”

Омори расмӣ ҳаҷми солонаи тиҷорати Тоҷикистон бо Афғонистону Покистонро тақрибан 150 миллион доллар рақам мезанад, ки ҳамагӣ 4 дарсад аз ҷамъи тиҷорати хориҷии Душанбест. Як ҳадафи тарҳи “Роҳи нави абрешим”, ки Амрико ташвиқ мекунад, тағйири ин вазъият ва сохтани шароитест, ки табодули молу коло байни кишварҳои минтақаро ба таври чашмгир биафзояд.
Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG