Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Роғун" - яке аз 10 мавзӯи серхонандаи Узбакистон


Хабарҳо дар бораи зарари нерӯгоҳи «Роғун» дар Узбакистон ба қатори даҳгонаи серхонандатарини соли 2012 дохил шудаанд.

Хабаргузории минтақавии «СA-NEWS», ки аз панҷ кишвари Осиёи Миёна хабар пахш мекунад, эълон медорад, ки дар соли 2012-ум гузориши таҳлилӣ дар бораи зарари нерӯгоҳи Роғун, ки бар асоси пажуҳиши олимони донишгоҳҳои амрикоӣ таҳия гардид, дар Узбакистон мавриди таваҷҷуҳи зиёд қарор гирифт. Тибқи таҳлилҳои СA-NEWS гузориш оиди Роғун баробари хабарҳо дар бораи Гулнора Каримова, духтари раисиҷумҳури Узбакистон, баҳси МТС бо мақомоти узбак ва манъи туйу маъракаҳои бошукуҳ ба қатори даҳгонаи серхонандатрин дар Узбакистон ворид гардидааст.

СA-NEWS пажуҳиши Шоҳрух Мирзоҷалилов аз донишгоҳи New Mexico State University, Том М.ДеСуттер ва Ҷай Лейтч аз Донишгоҳи North Dakota State University-ро зикр кардааст, ки дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико анҷом додаанд. Тибқи он дар сурати бунёди нерӯгоҳи Роғун, ба бахши кишоварзии Узбакистон солона 600 миллион доллар зиён ворид мешудааст. "Ҳамчунин беш 300 ҳазор нафар ҷои кори худро аз даст медиҳанд",-гуфта шудааст дар пажӯҳиш.

Тибқи ин таҳқиқот, барои пур кардани обанбори Роғун 12 солу чаҳор моҳ вақт лозим будааст, ки дар ин муддат обанборҳои дигар ба камбуди об дучор хоҳанд шуд. Ба андешаи муаллифон, дар ҳолати ба истифода додани нерӯгоҳи Роғун, дар фасли тобистон рехтани об ба Узбакистон то 18 дарсад коҳиш ёфта, аммо дар фасли зимистон то 54 дарсад афзоиш меёбад.

Дар маҷмуъ муаллифони пажуҳиши мухолифи «Роғун» эътироф мекунанд, ки ҳар кишвар ҳақ дорад сиёсатеро амалӣ кунад, ки ба фоидаи халқаш аст ва ба рушди иқтисодӣ равона шудааст.
«Сарфи назар аз мавқеи Узбакистон, Тоҷикистон «Роғун» - ро хоҳад сохт ва дар ҳамин ҳол ҳукумати Узбакистонро зарур аст, то дар соҳаи обёрии заминҳо ислоҳот гузаронад. Таҷрибаи об додани заминҳоро, ки исрофкорона аст, дигар карда, ба истифодаи усулҳои муосири обёрии замин гузарад…» - омадааст дар гузориш.

Таҳлилгарони тоҷик иддаоро дар бораи таъсири манфии «Роғун» ба хоҷагии қишлоқи Узбакистон беасос хонда, пешниҳоди ислоҳот дар соҳаи обёрикунии Узбакистонро саривақтӣ арзёбӣ мекунанд, зеро маҳз исрофкории кишвари ҳамсоя мушкилоти обро дар минтақа шиддат бахшидаст. Дар Тоҷикистон бо ишора ба он, ки ин пажуҳиш бори аввал дар сомонаҳои расмии Узбакистон нашр шуда буд, онро фармоишӣ ва талоши навбатӣ алайҳи "Роғун" арзёбӣ мекунанд.

Нерӯгоҳи барқии обии Роғун, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон онро масъалаи “ҳаёту мамоти” кишвар хондааст, дар сурати бунёд бо иқтидори 3600 мегават бузургтарин нерӯгоҳ дар Осиёи Марказӣ хоҳад шуд ва Тоҷикистонро аз як кишвари муҳтоҷи нерӯи барқ ба содиркунандаи он табдил хоҳад дод. Аммо аз замони шурӯи корҳои сохтмонӣ дар ин нерӯгоҳ дар чанд соли пеш, кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ бахусус Узбакистон сарсахтона ба бунёди он муқовимат кардаанд. Давлати Тоҷикистон борҳо таъкид кардааст, ки иддаои зарари "Роғун" асосе надоранд, зеро об дар садди нерӯгоҳ ба тадриҷ ва дар муддати бештар аз як даҳсола ҷамъ гардида, ба манфиати ҳамаи кишварҳои минтақа истифода хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG