Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи сафари Эмомалӣ Раҳмон дар Туркия


Имрӯз сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Туркия идома мекунад. Қарор аст, дар ҷараёни ин боздид, Эмомалӣ Раҳмон бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон, нахуствазир, Абдуллоҳ Гул, раиси ҷумҳур ва Ҷамил Чичек, раиси порлумони Туркия дидору гуфтӯгу кунад. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, интизор меравад, чанд созишнома ва қарордодҳои ҳамкорӣ миёни ду кишвар ба имзо бирасад. Бино ба гузоришҳо, мубодилоти тиҷорӣ миёни Тоҷикистону Туркия дар 9 моҳи соли 2012 ба 436 миллион доллар расидааст.
XS
SM
MD
LG