Пайвандҳои дастрасӣ

Пулиси шаҳри Маскав тахмин мезанад, ки рӯзи чоруми ноябр дар раҳпаймоиҳои ин шаҳр шаш ҳазор нафар ширкат ҷустаанд.

Ин раҳпаймоиро миллатгароёни рус созмон дода, ба ин восита Рӯзи ваҳдати миллиро баргузор карданд. Аммо созмондиҳандагони раҳпаймоиҳои қонунии Маскав гуфтанд, ки 20 ҳазор нафар дар раҳпаймоӣ ширкат доштаанд. 25 раҳпаймоии дигарро мақомот мамнӯъ эълон карданд, зеро ширкаткунандагони он бо худ рамзҳои нозӣ ё фашистонро доштаанд. Пулис мегӯяд, баъзе раҳпаймоён оташакбозӣ карда, бамҳои дудиро ба ҳаво партофтаанд.

Бори аввал мақомоти шаҳдории Маскав иҷоза додаанд, ки раҳпаймоён ба маркази шаҳр ҳаракат кунанд. Яке аз ширкаткунандагони ин раҳпаймоӣ ҳукумати Владимир Путинро барои барҳам задани институтҳои демократӣ интиқод кард. Ӯ гуфт, “фақат вақте ба суханони мо гӯш медиҳанд, ки мо бисёрем ва ба хиёбонҳо мебароем. Мутаассифона, низоми демократӣ дар кишвар хароб шудааст. Ниҳодҳои демократӣ аз байн рафтаанд. Комиссияи марказии интихобот ба бандаи қаллобон табдил ёфтааст. Президенту Дума шартан қонунӣ шудаанд ва чунин вазъ хеле душвор аст. Дар чунин вазъ мардуми Русия бояд муттаҳид шаванд ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандии худро ҳамзамон бо институтҳои демократӣ ташкил кунанд."

Дар ин раҳпаймоиҳо шиорҳои миллатгароён ба муҳоҷирони кории кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, низ иртибот дошт. Миллатгароён такрор ба такрор мегуфтанд, ки муҳоҷират аз кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд маҳдуд карда шавад: “Мо талаб мекунем, ки мавҷи муҳоҷират аз кишварҳои Осиёи Марказӣ боздошта шавад. Барои ин кор бояд бо кишварҳои Осиёи Марказӣ раводид ё виза ҷорӣ шавад, қочоқи ҳероин ва соири маводи мухаддир аз Афғонистон, Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ қатъ гардад.”

Алексей Навалний, блогнависи машҳури зидди Кохи Кремл, низ дар раҳпаймоии Маскав ширкат дошт. Дар гузашта Навалний аз Кремл хоста буд, ки “хӯрондану пӯшондани Қафқоз”-ро бас кунад. Ӯ бо ин суханон ба вижа Чеченистонро дар назар дошт.

Дар шаҳрҳои дигари Русия низ рӯзи якшанбе даҳҳо раҳпаймоии қонунӣ ва ғайриқонунӣ бо номи “Раҳпаймоии Русия” баргузор шуд. Дар ҷараёни раҳпаймоии ғайриқонунии шаҳри Екатеринбург 90 нафар боздошт шуданд. Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба ихроҷи таҷовузгарони Полша аз Маскав дар соли 1612 ихтисос дорад. Дар солҳои Шӯравӣ ин рӯз ё ҷашнро мамнӯъ эълон карда буданд, вале дар соли 2005 Владимир Путин онро барқарор кард.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG