Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати “вафодорон”-и Владимир Путин


Ҷаласаи ҳукумати Русия, 21-уми майи соли 2012.

Ҷаласаи ҳукумати Русия, 21-уми майи соли 2012.

Раисиҷумҳури Русия дар интихоби аъзои ҳукумати нав асосан ба чеҳраҳои "кӯҳна" ва озмудашуда такия кард.

Ҳикмати нав нест, ки симои шоҳро атрофиёнаш месозанд. Барои баҳо додан ба ҳар раҳбаре кофист, нигоҳе афканда шавад, ки ӯ киҳоро дар гирду атрофи хеш ҷамъ кардааст, ба киҳо имтиёз медиҳад, киҳоро аз ҳукумат дур мекунад ва киҳоро гоҳе рондаву гоҳи дигар дар “зери қанот” мегирад.

Таркиби ҳукумате, ки раисиҷумҳури “нав”-и Русия, Владимир Путин ҷобаҷо кард, низ метавонад, баёнгари самтгирии ояндаи ӯ бошад. Талилгарон аз рӯйи шахсият ва корномаи вазирони нави ин ҳукумат мегӯянд, Путин аз кордонию шоистагӣ ва ислоҳоти кишвараш дида, ба вафодорию садоқати шахсии афрод бартарӣ додааст.

Пеш аз ҳама, Сергей Лавров ва Анатолий Сердюков дар мақоми пешинаи худ, аввалӣ -- вазири умури хориҷӣ ва дувумӣ -- вазири дифоъ боқӣ монданд. Аммо ба дигаргуниҳои дигар метавон бо диққати бештар нигарист.

Дмитрий Медведев, ки чаҳор сол курии президентиро барои Путин банд нигоҳ дошт, сарвазир ва Игор Шувалов, ки “нафари Путин” номида мешавад, ноиби аввали ӯ таъин шуд. Шувалови 45-сола, расман яке аз бойтарин аъзои ҳукумати путин ба шумор меравад. Вай эълон кардааст, ки дар Бритониё, Дубай, Австрия хона дорад ва ҳам се манзил дар Русия. Ахиран ӯро ба фасод айбдор кардаанд. Бино бар гузориши "The Wall Street Journal" вa "Financial Times", аҳли оилаи Шувалов барои ҳамкорӣ бо тоҷирони сарватманд даҳҳо миллион доллар ба даст овардаанд. Вай ин хабарҳоро рад намекунад, вале мегӯяд, ҳаргиз аз марзи қонун берун нарафтааст.

Владислав Сурков

Владислав Сурков

Бозгашти “писари раҳгумзада” Владислав Сурков, ки баъд аз чандин соли хидмат дар Кремл дар моҳи декабр аз мақоми ноиби раҳбари дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ ихроҷ ва ноиби сарвазир таъин шуд, дар байни журналистон суолҳоеро ба миён овардааст. Шодмонии мухолифони сиёсии Русия, ки Сурковро “кардинали сиёҳ” ё “мушовири пасипардагӣ” меномиданд, дер давом накард. Акнун Сурков ноиби сарвазир ва раиси дастгоҳи ҳукумат хоҳад буд. Бино бар бовари мухолифон, номи аслии ӯ Асламбек Дудаев буда, аз модари рус ва падари чечен дар Чеченистон ба дунё омадааст. Вале бино бар санадаш, Сурков дар шаҳри Липетск зода шудааст.

Дмитрий Рогозин, ки намояндаи Русия дар ситоди НАТО дар Бруссел буд ва аз миллатгароёни аршад ба шумор меравад низ ноиби сарвазир таъин гашт. Ду ноиби дигар – Дмтирий Козак ва Александр Хлопонин қаблан аз Кремл дар Қафқози Шимолӣ, минтақаи "мушкилдор"-и Русия намояндагӣ кардаанд. Аркадий Дворкович, ки “нафари Медведев” номида мешавад ва талош мекард, ки Медведев боз як даври дигар раёсатҷумҳуриро дар даст дошта бошад, ноиби сарвазир шуд ва таъин шудани ӯ ба ин мақом амале зидди рақибаш Игор Сечин, собиқадори хадамоти амниятӣ дониста мешавад.

Дмитрий Рогозин

Дмитрий Рогозин

Владимир Колоколтсев дар ивази Рашид Нургалиев вазири умури дохилии Русия шуд. Вай муддати дароз фармондеҳи нерӯҳои полиси Маскав буд ва дар моҳи декабри соли 2010 замоне зери шуоъ афтод, ки нажодпарастон майдони Манежи наздикии Кремлро ба хуну оташ кашиданд. Колоколтсев ба андӯҳи онҳо рафт ва бо сарони ин бетартибиҳо вориди гуфтугӯ шуд. Таҳилгари умури Русия дар Донишгоҳи Ню Йорк, Марк Галеоттӣ навишт, ба сурати умум ҳукумати нави Путин вафодор, муштсахт ва амн аст, то либерал ва ислоҳталаб.

Вале ин ҳам бояд гуфта шавад, ки Путин ба рақибаш дар интихоботи президентии моҳи март, соҳибкори сарватманд, Михаил Прохоров, ки дар ин сабқат ҷои сеюмро гирифт, пешниҳоди узвият дар ҳукумат ро кард. Ба нақл аз сокинони Кремл, рӯзномаи "Ведомости" навишт, ки Прохоров ин пешниҳодро рад намуд. Нуктаи охирин ин аст, ки синни миёнаи аъзои ҳукумати нави Русия 47 сол аст ва имкон дорад, зери фишори мухолифон ислоҳот дар Русия идома пайдо кунад.

Барои шарҳи ин мавзӯъ Данила Галперович, корманди бахши русии Радиои Озодӣ дар Маскав ва муҳаққиқи масъалаи тағйироти кадрӣ дар ҳукумати Русияро ба сӯҳбат даъват кардем.

Радиои Озодӣ: Данила, дар вазифаҳои худ мондани вазирони дифоъ Анатолий Сердюков ва умури хориҷӣ Сергей Лавровро Шумо чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Данила Галперович

Данила Галперович

Данила Галперович: "Ба фикри ман, аз нигоҳи Владимир Путин кори ҳардуи онҳо муассир будааст. Дар воқеъ, барои иҷрои нақше, ки Сергей Лавров ба худ ихтисос дода буд, пайдо кардани ҷойгузине хеле душвор аст. Чунки ӯ дар замони раҳбарии Дмитрий Медведев ҳам сиёсати хориҷиро аз рӯи дидгоҳи Владимир Путин пиёда мекард ва гоҳо назари ӯ ба сиёсати хориҷӣ бо дидгоҳи Медведев андак тафовут дошт. Анатолий Сердюков бошад, бо вуҷуди эътирозҳое чанд дар доираи раҳбарони низомӣ, ба ӯ муяссар шуд, ки дар баъзе бахшҳо ислоҳот пиёда кунад. Дар доираҳои артиш ӯро чандон дӯст намедоранд. Аз сӯи дигар, ин мақом то андозае қавмӣ аст, чунки Сердюков домоди Виктор Зубков аст, ки бо Путин робитаҳои қадимаи дӯстонаву корӣ дорад."

Радиои Озодӣ: Таҳлилгарони ғарбӣ мегӯянд, Путин бо таъйиноти нав аслан доираи маълуми одамонро вазифа дод, тибқи табиати худ, аз шахсиятҳои мустақил канорагирӣ карда, онҳоеро интихоб кард, ки ба ӯ садоқат доранду боварашон карда метавонад. Бо ин андешаҳо розӣ ҳастед ва баҳои Шумо ба ин ҳукумат чист?

Данила Галперович: "Бисёре аз таҳлилгароне, ки худи ман ҳам бо онҳо дар Маскав сӯҳбат кардам, рост мегӯянд, ки ҳукумати феълӣ мақоми “статус кво” ё ҳолати мавҷудро ҳифз мекунад. Яъне ба вазифаҳои зиёд ӯ онҳоеро таъйин кард, ки зери дасти худаш дар ҳукумат кор мекарданд. Вақте Медведев аз Амрико баргашт, бо феҳристи ниҳоии аъзои ҳукумат шинос шуд, ки барояш Путин онҳоро таъйин карда буд. Таҳлилгарон мегӯянд, Путин сиёсати идомакориро ҳам дар сиёсат ва ҳам дар дидгоҳҳояш аз замони нахуствазирӣ ҳифз хоҳад кард, ки яке - ҳифзи як андоза патернализм ё падарсолории буҷа аст, то ки назорати сарфу харҷи маблағҳо дар бахши иҷтимоӣ мавриди назари хоси ҳукумат бошад ва ҳеҷ таъхире дар ин соҳа роҳ наёбад. Дигаре – низомикунонии иқтисоди Русия мебошад. Ҳифзи Сердюкову Рогозин дар мақомҳояшон аз ҳамин ҷо бармеояд. Ин ҳукумат бояд сиёсати ӯро баъд аз гузаштанаш ба кори Кремл идома диҳад."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG