Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷойивазкунӣ"-и Путин ва Медведев ба поён расид


Дирӯз Думаи Давлатии Русия номзадии Дмитрий Медведевро ба мақоми нахуствазирии ин кишвар ба тасвиб расонд. Як рӯз пеш Владимир Путин баъд аз ёд кардани савганд Медведевро номзад ба мақоми нахуствазирӣ пешбарӣ кард. Дар Думаи Давлатӣ ҳизби ҳокими “Русияи воҳид” ё “Единая Россия” аксарияти мутлақро ташкил медиҳад. Дар райдиҳӣ 299 ширкат карданд, 144 намоянда бар зидди Медведев рай доданд. Бад-ин тартиб “ҷойивазкунӣ”-и Путин ва Медведев дар раҳбарияти Русия ба поён расид.
XS
SM
MD
LG