Пайвандҳои дастрасӣ

Некрӯз Исмоилов, соҳибкори ҷавон, баъзе аз стероетипҳои мардуми тоҷикро аз монеаҳои аслии рушди кишвар медонад.

Некрӯз Исмоилов, соҳибкори 24-сола ва блогери тоҷик, мегӯяд, "вирус"-и заифсози Тоҷикистон дар мағзи тоҷикон пинҳон шудааст. Ба қавли ӯ, дар кишвар ба истиснои баъзе овозхонҳои дохилу хориҷ, дигар қаҳрамоне боқӣ намондааст, ки мардум, махсусан, ҷавонҳо мехоҳанд ба вай монанд бошанд.

Ӯ мегӯяд, ҳоло дар ҷомеаи Тоҷикистон назар ба зиндагӣ, ба оянда ва одамоне, ки дар бахшҳои гуногун маваффақ шудаанд, хеле тағйир ёфтаст: "Воқеият чунин аст, ки камбағалҳо ба дороҳо бо ҳиссиёти рашк, ҳасад ва ҳатто бадбинӣ муносибат доранд. Мегӯӣ дар камбағалии онҳо бойҳо гунаҳгоранд, ки ҳамаи маблағҳоро ба худ гирифтаанд. Ё гӯиё дороҳо тамоми сарваташонро бо роҳҳои ғайриинсонӣ ҷамъ кардаанду пулашон ва худашон ҳам «ҳаром» мебошанд. Аз ҳама даҳшатовараш он аст, ки ин мавзӯъҳоро дар доираи оила назди фарзандон озодона муҳокима намуда, сарватманду одамони муваффақро "ифлос" унвон мекунанд. Ин оқилони "кунҷи хонагӣ" бо шикваҳои беохири худ, ба фарзанди худ ёд медиҳанд, ки ғайриихтиёр мазлум бошанд. Шахсе бошанд, ки дар ягон ҷой ва ягон маврид аз талошу кирдорашон чизе вобаста нахоҳад буд. Волидони номуваффақи шиквагару баҳонакоб ба дасти фарзандонашон қайчие медиҳанд, ки болу парро мебуррад ва аз парвоз ба сӯи қуллаҳои мурод маҳрум месозанд. Мутаассифона, чунин ҳолатҳо дар бисёри оилаҳо дар Тоҷикистон мураттабан сурат мегирад."

Исмоилов таъкид мекунад, ки чунин як қолаби тахрибкори шуури ҷомеа ба бисёри тоҷикони ҷавон имкон намедиҳад, болу парро васеъ афшонда ба сӯи қуллаҳои баланди мурод раванд: "Ин стереотип, қолабияте, ки дар ҷаҳонбинии ҷавонони тоҷик реша давондааст, мисоли вирусест, ки ҳанӯз дар марҳилаи талошҳо барои дарки хоҳишҳои худ болу парро мебурад. Ин вирус аллакай фаъол аст ва аз ҳама бадаш боис шудаст, ки миллионҳо ҳамватани ман дар натиҷаи таъсири он худкамбин шудаанд. Бадбахтӣ дар он аст, ки ин вурусро надида, зарари онро дарк накарда, мардум ҳамоно дар шуурашон онро ҷой медиҳанд ва имкон медиҳанд, ки афзоиш ёбад. Дар натиҷа имрӯз мардум имкониятҳои зиёди дар атрофашонро намебинанд. Овораи баҳонакобиҳоянд, ки барои намуваффақиятҳояшон дар зиндагӣ далеле бошад."

Некрӯз Исмоилов бо зикри Бенҷамин Франклин, ки гуфтааст, "устои баҳонаёб хеле кам аст, ки дар дигар корҳо ҳам усто шавад", мегӯяд, имрӯз бисёр мешунавем "одамони доро-дурӯғгӯй, дузд ва хоинанд. Баробари пул мушкилот ҳам зиёд мешавад. Боигарӣ арзише надорад. Пул одамро вайрон мекунад. Барои дасткашӣ аз нафс Худованд дар он дунё мукофот медиҳад. Хушбахтӣ дар пул нест ва ғайра."

Вай дар қатори сарчашмаҳое, ки ин ҳамаро дар шуури мардуми мо ҷой кардаанд, аз ҷумла филмҳои маҳбуби замони муосирро ном мебарад. Исмоилов дар мисоли «Титаник» мефаҳмонад, ки ин филм дар сатҳҳои гуногун дар шуури тамошобин сабт мекунад, ки гӯиё "камбағалӣ шариф аст, бойҳо хасису дурӯяанд, танҳо дар фақирӣ одам метавонад самимӣ бошаду аз ҳаёт лаззат барад."

Ба гуфтаи Исмоилов чӣ қадаре чунин филмҳо маъқулатон шуданд, ҳамон қадар барномарезии шуури Шумо муваффақтар сурат гирифтаст: "Акнун танз, шахсоне, ки ба шуури мо ин аблаҳиро ворид месозанд, худашон маблағи хеле зиёд кор мекунанд. Танҳо Ҷеймс Кемерон аз филми «Титаник», ки дар мавриди шарифияти камбағалӣ баҳс мекунад, 200 миллион доллари амрикоӣ ба даст овардааст."

Дар ҳамин ҳол, Некрӯз Исмоилов, бо такя ба суханҳои Наполеон Бонапарт "намешавад - калима аз луғатномаи аблаҳон аст" маслиҳат медиҳад, ки тоҷикистониён нозукбинӣ, чаққонӣ ва хирадмандиро дар роҳ ба сӯи қуллаҳои мурод аз даст надиҳанд.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG