Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбари созмони "Зан ва замин" Муҳаббат Маҳмадалиева - ҷоизадори Созмони Милал - "Экватор-2012".

Ҳарчанд ҷоиза ба шахси ӯ тақдим шудааст, аммо ӯ мегӯяд, бо 25 ҳазор доллари ҷоиза барномаҳои иҷтимоиро барои оилаҳои камбизоат дар панҷ ноҳияи кишвар роҳандозӣ хоҳад кард.

Муҳаббат Маҳмадалиева мегӯяд, аз ин маблағ барои худ ҳатто як курта ҳам намехарад, зеро ин ҷоизаро моли мардуми худ медонад: "Пули мардум ба мардум баргардад. Ман ҳатто як курта ҳам барои худ намехарам. Шукр, куртаҳоям зиёд аст. Ман донишҷӯ будам, як курта доштам, на шоҳиву атлас. Панҷ сол бо як курта, бо баҳои панҷ хондам. Ҳоло маошам хуб аст, ба ҳамин шукр. Мо дар панҷ ноҳия кор мекунем, мехоҳам ки ин маблағ ба ҳамаи онҳо баробар сарф шавад."

Созмони иҷтимоии «Зан ва замин» 13 сол пеш таъсис ёфта, наздик ба 30 корманд дорад ва бо масъалаҳои таъмини амнияти озуқавӣ, коҳиши мизони камбизоатӣ, ҳифзи рангорангии биологӣ ва вокуниш ба тағйири ҷаҳонии иқлим машғул аст. Аз миёни даҳҳо лоиҳаҳои муҳим ба назари Муҳаббат Маҳмадалиева барномаи «Дастрасии занон ба замин»-и онҳо дар зиндагии мардуми вилояти Хатлон тақдирсоз буд. Ин барнома, ки бо мусоидати созмони "Акт - Осиёи Миёна" барои ду сол ва бо маблағи 60 000 доллар роҳандозӣ шуда буд, боиси таъсиси беш аз 60 ширкати деҳқонии бонувони тоҷик гардид, 1200 занро дар вилояти Хатлон бо кор таъмин кард: "Мо дар паҳлуи занҳо истодем. Тавре ки мактаббачаро аз дасташ мегиреду ба мактаб мебаред, мо занҳоро ҳамингуна аз дасташон гирифта ба сӯйи замин бурдем. Хуб, заминро гирифтанд, аммо ин ҳалли масъала набуд. Акнун бояд коре мекардем, ки замин самар орад. Барои ин маблағ зарур буд."

ҶОИЗА БОЛОИ ҶОИЗА

Ӯ мегӯяд, аз конфронси СММ оид ба рушди устувории Рио+20 бо як ҷаҳон таассуроти нек, донишу таҷрибаҳои нав, андешаҳои тоза ва чанд қуттӣ ширинӣ барои аҳли хонаводаву ҳамкоронаш баргаштааст.

Муҳаббат Маҳмадалиева

Муҳаббат Маҳмадалиева

Муҳаббат Маҳмадалиева ҳеҷ интизор надошт, ки созмони «Зан ва замин»-и ӯ якбора соҳиби ду ҷоиза мешавад, зеро дар ҷаҳон созмонҳои нерӯманд зиёданд.

«Зан ва замин» аз миёни 135 кишвар ва беш аз 800 созмони ҷамъиятии зистмуҳитӣ яке аз 25 созмони сазовор ба ҷоизаи «Экватор- 2012» ҳисобида шуд.

"Барнома хеле ҷолиб, ҳарчанд ҳам ба забони англисӣ буд ва сатҳи забондонии ман чандон баланд нест, вале ман кӯшиш мекардам, ки ҳама чиро фаҳмам. Ҳушу гӯшам ба суханрониҳои ҳамроҳонам буд. Дар онҷо 25 созмони ғолиб таҷрибаи кори худро муаррифӣ карданд, аз он ҷумла мо низ. Ман ҳамаи он таҷрибаҳоро писандидам ва ба хулосае омадам, ки мо низ тавони дар Тоҷикистон амалӣ намудани чунин барномаҳои навро дорем, - гуфт вай дар як сӯҳбаташ бо Озодӣ баъди бозгашт аз Бразилия.

Хонум Муҳаббат гуфт, дар маросими супоридани ҷоиза ва мулоқоти дигар дар чаҳорчӯби ин чорабинӣ коршиносони СММ, созмонҳои кишварҳои мухталиф ва раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳузур доштааст. Зимни суханронии худ дар ҷаласаи Рӯзи Ваҳдат дар Душанбе ҳам 26 июн раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз мулоқоташ ба қаҳрамони мо, Муҳаббат Маҳмадалиева ёдовар шуд ва аз муваффақиятҳои ӯ изҳори ифтихор кард.

ЭЪТИРОФИ РАҚИБОН

Дар Тоҷикистон созмонҳои ҷамъиятии ҳифзи муҳити зист кам нестанд ва барномаҳои муҳими мутобиқшавии хоҷагиҳои деҳқонӣ ба тағйирёбии иқлимро бо ёрии созмонҳои байналмилалӣ амалӣ мекунанд. Ҳар яке аз ин созмонҳо иддао доранд, ки кору барномаҳои онҳо беҳтар аз дигар ва арзанда ба ҷоизаҳои байнулмиллист. Аммо бисёре аз онҳо заҳматҳои «Зан ва замин»-ро эътироф мекунанд ва аз муваффақияти онҳо изҳори хурсандӣ намуданд.

Акмал Мирзоев, корманди Оҷонсии дастгирии равишҳои инкишофёбии «Нов»-и вилояти Суғд дар ин замина гуфт, маъмулан кори созмонҳои ҷамъиятии минтақаҳои дур аз марказ ба назар гирифта намешавад, аммо “Зан ва замин” ба ҷоизаи «Экватор – 2012» сад дар сад муносиб буд: "Дар бораи «Зан ва замин» баҳои мусбат медиҳам. Чунки сарвари ин созмон апаи Муҳаббат одами кордон ва мутахссис ҳастанд. Соли 2004 мо бо ҳамкории созмони Акт Осиёи Миёна, лоиҳаи муштарак доштем, натиҷаи корашонро дидам. Дар сафарбаркунии фермерҳоро ва истифодаи захоири инсонӣ барои рушди кишоварзӣ дар вилояти Хатлон онҳо фаъолтаранд. Ба ин гапам ман кафолат медиҳам."

ДӮСТОН ДАР ҲОЛЛИВУД

Дар номаи худ ба Радиои Озодӣ Муҳаббат Маҳмадалиева аз Бразилия бо камоли хушҳолӣ навишта буд, ки ҳунарманди дӯстдоштаи худ Эдвард Нортонро аз наздик дида бо ӯ сӯҳбат кардааст. Дар сӯҳбат ӯ иқрор шуд, ки мухлиси ашадии филмҳои Ҳолливуд аст ва хастагию афсурдагии худро танҳо бо тамошои филмҳои классикӣ, таърихиву романтикӣ бароварда месозад:

"Дар Бразилия дидам, ки Эдвард Нортон ҳам барои тамошои маросими ҷоизасупорӣ омада буд. Гуфтам, Эдварт Нортон омадааст. Одамон зуд ӯро ҳалқа карданд. Ман анча дур будам, вале ӯро дивадаму ба калонсолиам нигоҳ накарда ҳамаро як талаф тела дода ба ӯ наздик шудам. Гуфтам, салом ман аз Тоҷикистон ва созмони «Зан ва замин». Ӯ дар бораи корҳои мо пурсид ман нақл кардам. Хеле ба ҳайрат омад. Аммо ман бештар ба ӯ хостам гӯям, ки ман мухлиси ҳунари ӯям. Ӯ низ хурсанд шуд, ки ман ба ҳунараш баҳои баланд додам."

АКНУН БОЗ КОРУ КОР...

Муҳаббат Маҳмадалиева мегӯяд,дар пайи тарҳҳои навест, ки идомаи барномаҳои қаблӣ буда ҳамдигарро такмил мекунанд, то занҳое, ки соҳиби замин шуданд, дар фаъолияти худ рушд кунанд ва шахсиятҳои мустақил табдил ёбанд. Ҳоло «Зан ва замин» бо бонувоне ҳамкорӣ мекунад, ки ба иллати камбизоатӣ дар бунбасти зиндагӣ қарор доранд ва ягона ноновари хона ҳастанд.

Як барномаи баъдӣ, ки созмони «Зан ва замин» мехоҳад, барои занҳои кишоварзи минтақаи Хатлон амалӣ кунад, ҷалби бонувон ба тиҷорати байналмилалӣ аст. Ин созмон кӯшиш дорад дар ҳамдасти бо созмони "Акт - Осиёи Миёна" ҳамкории тиҷоратии кишоварзони Афғонистон ва Тоҷикистонро ба роҳ монанд.

ХОНАВОДА ВА ҲАМКОРОН

Муҳаббат Маҳмадалиева соли 1957 дар ноҳияи Ҳамадонӣ ба дунё омада, бахши биологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Баъд аз хатми донишгоҳ муддате дар донишгоҳи Кӯлоб ба ҳайси омӯзгор фаъолият кард ва баъдан барои ҳимояи номзадӣ ба Маскав рафт. Баъд аз се соли таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ аз Маскав бо унвони номзади илми биология ба зодгоҳаш баргашт.

Дӯстону наздикон мегӯянд, Муҳаббат дар зиндагӣ зани мубориз дурандеш ва пурсабр аст, ҳеҷ гоҳ садо баланд намекунад ва аз худ бадар намешавад. "Ҳамин сабуриҳо бароям мушкиланд, - мегӯяд вай. - Зеро ман ҳеҷ гоҳ саросема қароре қабул намекунам ва ҳама қадамҳои ман пурра санҷида мешаванд. Лекин баъзан дар бунбаст меафтам," - мегӯяд Муҳаббат. - Ҳатто ҳамин андешамандии ман ба зарари ман анҷом мешавад. Намехоҳам, ки ягон нафарро ранҷонам. Аз як назар хуб аст, аммо аз дигар тараф шахсро оҷиз мекунад. Не, гуфта наметавонам ва бисёр вақт бидуни хоҳиши худ кореро анҷом медиҳам, албата ба манфиати ҷомеа, чун ки иҷрояшро ваъда медиҳам."

Мафтуна, духтари хонум Муҳаббат

Мафтуна, духтари хонум Муҳаббат

Муҳаббат мегӯяд, баъзан аз он афсӯс мехӯрад, ки тамоми ҳаёташро ба кор бахшид ва ба оилаааш камтар таваҷҷӯҳ дод. Дар бораи зиндагии шахсиаш сухан гуфтан нахост, аммо гуфт як духтар дорад, ки дар ҳама кор ёвару мададгораш аст.

Ва Мафтуна ҳам мегӯяд, модарашро кам дар хона мебинад ва ҳамеша интизори фурсатест, ки лаҳзае бо ҳам рози дил кунанд. Мафтуна мегӯяд бо модараш мисли дугонаанд.

"МУҲАББАТ ОМАДУ ОЛАМ ДИГАР ШУД..."

Хонум Муҳаббат муваффақияти кори созмонро дар садоқати кормандон ба сарсупурдагии онҳо дар роҳи кӯмак ба мардум мебинад. Ӯ мегӯяд, дар вақти интихоби коргар бештар ба хусусиятҳои инсонии ӯ бартарӣ медиҳад Зеро ба гуфтаи хонуми Муҳаббат, корро дар ҷараёни фаъолият омӯхтан мумкин аст, аммо хислатҳои наҷиби инсонӣ ирсӣ ҳастанд, ки новобаста ба шароит дигар намешаванд.

Коршиносоне, ки фаъолияти созмони "Зан ва Замин"-ро таҳлил кардаанд, гуфтаанд ки дар колективи кории ин созмон «рӯҳи зинда» эҳсос мешавад. "Командаи кории ман ҳама гулчинанд", бо ифтихор мегӯяд Муҳаббат Маҳмадалиева.

Нигина Қаюмова

Нигина Қаюмова

Нигина Қаюмова 13 сол аст, ки дар ин созмон фаъолият мекунад. Ӯ мегӯяд, Муҳаббат Маҳмадалиева ҳамчун раҳбар хеле меҳрубон ва аммо ба кор сахтгир аст:

- Дар ниҳоди апаи Муҳаббат тамоми хислатҳои наҷиби инсониро мебинам. Он кас ҳам меҳрубону ғамхор ва ҳам саховатманд ҳастанд. Ташнаи меҳнат ва илм. Пайваста дар ҷустуҷӯи илму дониш ва ҳунар ҳастанд. Фикр мекунам, шоире ин мисраро воқеъан барои ӯ гуфтааст. «Муҳаббат омаду олам дигар шуд…»

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG