Пайвандҳои дастрасӣ

Монеасозиҳои Тошканд сармоягузоронро "гурезондааст"


Форуми иқтисодии байналмилалӣ дар вилояти Хатлон

Форуми иқтисодии байналмилалӣ дар вилояти Хатлон

Мақомоти Хатлон мегӯянд, дар натиҷаи роҳбандиҳои Узбакистон чандин сармоягузори хориҷӣ аз минтақа рӯй гардондаанд.

Бо баста шудани қитъаи роҳи оҳани Амузанг-Термиз, миллионҳо доллар сармояи потенсиалӣ ба минтақаи озоди иқтисодии "Панҷ", воқеъ дар 200-километрии ҷануби шаҳри Душанбе, ворид нашудааст. Ин нукта зимни ҳамоиши байналмилалии иқтисодӣ зери номи "Тавонмандиҳои манотиқи озоди иқтисодӣ дар рушди вилояти Хатлон" баён гардид.

Ҳасан Мамадаминов, муовини раҳбари Минтақаи озоди иқтисодии "Панҷ", гуфт, роҳбандии Узбакистон боис ба фирори ширкатҳо ва сармоягузорони хориҷӣ ва қатъи сохтмони корхонаҳои азим дар ин минтақаи иқтисодӣ шудааст. Ба қавли ӯ, ширкати амрикоии «Pioneer», ки бо маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» тавофуқ дар бораи бунёди корхонаи саноатии истеҳсоли лӯлаҳои плостикӣ барои дару деворҳо тавофуқ баста буду қасд дошт беш аз 4 миллион доллари амрикоӣ сармоя ворид кунад, аз ҳамкорӣ даст кашид.

Ширкатҳои дигаре аз Лаҳистону Ҷопон ва Афғонистон низ баъд аз баста шудани роҳи оҳани Узбакистон аз ироаи сармояи беш аз 10 миллион доллар ба ин минтақаи иқтисодӣ худдорӣ карданд. Аммо ҷаноби Мамадаминов гуфт: "Коршиносони ҷопониро даъват намудем, то ки арзёбиҳои фаннию иқтисоди МОИ «Панҷ»-ро анҷом диҳанд. Хулосаҳои коршиносонаашон нисбат ба дурнамои ин минтақа мусбат буд. Ҳоло бо сарфи 930 ҳазор сомонӣ сохтмони инфрасохтори МОИ-ро шурӯъ кардам, ки умед аст, кори моро ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ осонтар мекунад."

Ғайбулло Афзалов

Ғайбулло Афзалов

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи Ғайбулло Афзалов, раиси вилояти Хатлон, агар табодули молу колои минтақаи ҷанубии Тоҷикистон бо хориҷи кишвар дар соли гузашта 309 миллион доллари амрикоиро ташкил медод, ин рақам дар соли ҷорӣ то 217 миллион доллар коҳиш ёфтааст: "Сабаби коҳиш ёфтани ин нишондиҳанда аз 17-уми ноябри соли 2011-ум қатъ гардидани ҳаракати қатораҳо аз тарафи Узбакистон мебошад. Бо баста гардидани ҳаракати қатораҳо натанҳо гардиши савдои хориҷӣ коҳиш ёфт, балки аз ин ҳисоб ба буҷаи давлатӣ ба ҳисоби миёна 46 милион доллар маблағи пардохтҳои гумрукӣ ворид нагардид. Гузашта аз ин, 1200 корманди ширкати роҳи оҳан дар вилояти Хатлон ба рухсатии бемузди бемуҳлат гусел шуданд."

Раиси вилояти Хатлон дар ҷамъи ҳозирони ҳамоиши байналмилалӣ ҳамчунин аз мақомоти Узбакистон интиқод кард, ки сарфи назар аз муроҷиатҳои батакрори Ҳукумати Тоҷикистону мақомоти вилояти Хатлон, доираҳои соҳибкорӣ ва фаъолони ҷомеаи Тоҷикистон, то ҳанӯз нисбат ба сарнавишти роҳи оҳани басташуда мавқеъи худро рӯшан накарда ва посух надодааст.

Матлуба Улҷабоева

Матлуба Улҷабоева

Матлуба Улҷабоева, раиси Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистон, мегӯяд, басташавии роҳи оҳани Узбакистон ба рушди минтақаҳои озоди иқтисодии вилояти Хатлон таъсири чандон надоштааст. Вай мегӯяд, "тахриби роҳи оҳан албатта, ба вазъи умумии иқтисоди вилояти Хатлон бетаъсир намемонад. Аммо бояд ба инобат гирифт, ки ҳаҷми интиқоли молу коло аз роҳҳои мошингард низ қобили мулоҳиза аст. Вилояти Хатлон бояд роҳҳои алтернативии иртибот бо ҷаҳонро биҷӯяд, масалан, роҳ ба Қирғизистон, Чин ва муҳимтараш Афғонистону Покистон. Мо роҳи кӯтоҳтарини баромад ба баҳрро дорем. Дар Помир қитъае ҳаст, ки агар роҳи мошингард бунёд шавад, то кишвари Покистон ҳамагӣ 10 километр масофа мемонад. Дар он сурат мо роҳи мустақим ба Покистон ва имкони баромад ба баҳрро хоҳем дошт. Набояд пойбанди роҳи оҳани Узбакистон бишинем, ки агар хостанд ба кор меандозанд ва агар на, дасткӯтаҳ монем."

Дар ҳамоиши байналмилалии тавонмандиҳои иқтисодии вилояти Хатлон ҳамчунин зикр шуд, ки аз 54 захира ё потенсиали иқтисодӣ 35 захираи он, ки метавонад садҳо миллион доллар сармояро ба иқтисоди минтақа ворид кунад, дастнохӯрда боқӣ мондаанд.

Аббосалӣ Каромуғли Ҳасанов, сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон, бо такя ба арзёбиҳои коршиносон гуфт, ки ҳаҷми солонаи партоби об аз обанбори нерӯгоҳи Норак ба 60-65 дарсади даромади солонаи Озарбойҷон аз ҳисоби фурӯши нафту газ баробар аст. Аммо Тоҷикистон ҳанӯз аз ин захираи табиии худ пул кор намекунад.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG