Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Тоҷикистон истифода аз роҳи оҳан коҳиш ёфта, вазни асосии интиқоли бор рӯи роҳҳои мошингард афтодааст.

Яке аз раҳбарони идораи "Роҳи оҳани Тоҷикистон" мегӯяд, бо вуҷуди арзонияш истифода аз роҳи оҳан дар кишвар рӯ ба коҳиш дошта, дар се соли охир қариб ду баробар кам шудааст. Усмон Қаландаров, муовини аввали раиси ин ширкат мегӯяд, қатъи ҳаракати қаторҳо аз гузаргоҳи Амузанги Узбакистон ба вилояти Хатлони Тоҷикистон сабаби асосии ин коҳиш аст ва ҳоло идораи "Роҳи оҳани Тоҷикистон" мехоҳад, бо бунёди як масири нав интиқоли бору коло ба ин қисмати кишварро роҳандозӣ кунад: «Ҳоло сохтмони роҳи нав аз тарафи ноҳияи Ваҳдат ба самти Ёвон ва аз тарафи Ёвон ба самти Ваҳдат давом дорад. Ҳоло аз навсозӣ ба тарафи ноҳияи Ваҳдат аз тарафи Роҳатӣ беш аз 11 километр ба анҷом расидааст".

Ҷаноби Қаландаров меафзояд, ба ин тартиб Тоҷикистон дигар мунтазири боз шудани роҳи «Амузанг»-и Узбакистон нахоҳад нишаст.

Ин тарҳи Тоҷикистон бо сармоягузории Чин амалӣ мешавад. Вале агар бо баҳонаҳое, ки Тошканд роҳи оҳани Амузангро ба тарафи вилояти Хатлон баст, роҳи Сариосиё ба Душанберо бубандад, Тоҷикистон чӣ хоҳад кард? Ҷаноби Қаландаров дар посух ба ин суоли мо дастонашро боло кард ва гуфт, ки он гоҳ ҳеҷ коре аз дасташон барнахоҳад омад.

Аммо иқтисодшинос Ҳаким Давронов мегӯяд, ки дар ҳоле, ки Тоҷикистон дар талоши пайдо намудани роҳҳои алтернативӣ мегардад, ҳанӯз рӯшан нест, тарҳҳои нав то кадом андоза воқеӣ хоҳанд буд. Аз ҷумла, тарҳе имрӯз сари забонҳост, ки роҳи оҳани Чин -- Қирғизистон -- Тоҷикистон -- Афғонистон -- Эрон сохта хоҳад шуд. Ин аст, ки се сол пеш Тоҷикистон сохтмони роҳи оҳани Ваҳдат -- Қӯрғонтеппа оғоз кард, ки гуфта мешавад, шояд бахше аз ин тарҳи байнулмилалӣ шавад. Ба гуфтаи ҷаноби Давронов Тошканд талош дорад, ин роҳ аз қаламрави Узбакистон гузарад ва ба воситаи роҳи Тирмиз --Хайратон вориди Афғонистон шуда, аз он ба самти Эрон равад. Сафири Эрон дар Қирғизистон ва ҳам вазири нақлиёти Қирғизистон гуфтаанд, роҳ аз Узбакистон хоҳад гузашт, вале Тоҷикистон талош дорад, масири байнулмилалӣ аз қаламраваш убур кунад. Дар ҳар сурат мегӯяд Давронов, ин як нақшаест, ки ҳанӯз такмил нашудааст. Дар ин байн, меафзояд ҷаноби Давронов "барои Тоҷикистон муҳимтар аст, ки роҳҳои мошингардро тақвият диҳад ва шароити ҳаракат дар ин ҷодаҳоро беҳтар кунад.»

Ин дар ҳолест, ки ба иллати маҳдудиятҳо дар роҳи оҳан бахши зиёди бору коло ба Тоҷикистон ва аз Тоҷикистон тавассути роҳҳои мошингард интиқол меёбад. Бино бар маълумоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, дар ҳоли истисно кардани интиқоли мол ба воситаи шоҳроҳи Душанбе -- Қулмаи Чин, 70 дар сади маводи мавриди ниёзи мардум аз хориҷа ба воситаи Узбакистон дохил мешавад. Барои намуна ҳар шабонарӯз тавассути гузаргоҳи Фотеҳободи вилояти Суғд зиёда аз 300 мошини пурбор ворид мешудааст.

Аммо сар аз 1-уми август дар роҳҳои мошингарди Узбакистон қоидаҳои наве ҷорӣ хоҳад шуд, ки мумкин аст, интиқоли коло ба Тоҷикистонро аз ин тариқ низ коҳиш диҳад. Мақомоти Узбакистон барои нақлиёти боркаши хориҷие, ки аз тариқи ин кишвар мегузаранд, гирифтани иҷозаи пешакии транзитро ҳатмӣ кард.

Неъмат Раҳматов, муовини раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, ки ин амали Узбакистон ба мизони тиҷорат дар Тоҷикистон ва минтақа зарба хоҳад зад: «Албатта, ин шароити махсус нисбати ин ё он кишвар нест. Дар маҷмӯъ, ҳамин тартиби гирифтани иҷозат барои интиқоли молу коло тавассути қаламрави Узбакистон ҷорӣ карда мешавад. Ин на танҳо ба тиҷорати Тоҷикистон, балки ба тиҷорати минтақа ҳам латма мезанад. Лекин тибқи созишномаҳое, ки миёни Эрону Узбакистон ва Туркияву Узбакистон ҷой дорад, интиқоли транзити коло бидуни ҳеҷ иҷозатнома сурат хоҳад гирифт».

Коршиносон бар инанд, ки муқаррароти нави Узбакистон муҳосираи иқтисодии Тоҷикистонро тангтар хоҳад кард ва эҳтимол меравад, вазни асосӣ рӯйи роҳи мошингарди Дӯстӣ -- Панҷи Поён ба Афғонистон ва роҳи Ӯш ба Қирғизистон фурӯ ояд. Аммо онҳо меафзоянд, роҳҳои мошингард ва он ҳам ғолибан дар шароити кӯҳсор, дар ҳоли гаронии маводи сӯхт холигоҳеро, ки аз рукуди роҳи оҳан ба миён омадааст, пур карда наметавонанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG