Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомот ба бозшумории ҳаҷми хисороте пардохтаанд, дар пайи бастани қитъаи роҳи оҳани Амузанг-Ғалаба расидааст.

Бар пояи натиҷагириҳои пешакӣ дар нимаи аввали соли 2012-ум танҳо аз ҳисоби имконоти гумрукӣ ба иқтисоди вилояти Хатлон 45,7 миллион доллар зиёни молиявӣ ворид шудааст. Файзалӣ Фозилов, раҳбари намояндагии хадамоти гумруки Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, гуфт, ин ҳисобҳо, ки асосан тавассути ҳукумати вилояти Хатлон арзёбӣ мешаванд, пешакиянд ва имкон дорад, зарар аз ин роҳбандӣ дар дигар соҳаҳо низ ба маротиб бештар бошад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иттилои ҷаноби Фозилов, мизони мубодилаи молу коло миёни вилояти Хатлон ва кишварҳои хориҷӣ наздики 30 дарсад (фоиз) коҳиш ёфтааст: "Агар дақиқтар гӯем, 27,4 фоиз нисбати соли гузашта ба сабаби баста будани роҳи оҳан гардиши молӣ кам шудааст. Агар пардохтҳои гумрукиро гирем, дар нимаи аввали имсол 32 миллион сомонӣ нисбати соли гузашта маблағи камтар ба буҷа ворид кардаем. Ин ҳама бинобар сабаби роҳбандиҳои Узбакистон аст."

Ғайбулло Афзалов

Ғайбулло Афзалов

Дар ҳамин ҳол, вилояти Хатлон аз ҳисоби содироти пахта ба хориҷи кишвар 5,9 миллион доллари амрикоӣ зиён дидааст. Ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ низ 5940,4 тонна кам шуда, бахши кишоварзӣ аз ин ҳисоб якуним миллион доллари амрикоӣ зарар бардоштааст. Ба гуфтаи Ғайбулло Афзалов, раиси вилояти Хатлон, ин хисорот низ мустақиман ба роҳбандии Узбакистон рабт дошта, рӯз аз рӯз зиёни он ба иқтисоди минтақаи ҷанубии Тоҷикистон афзоиш меёбад.

Сангалӣ Раҳимов, устоди риштаи иқтисод дар донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа, бар ин назар аст, ки бо оғози мавсими чиниши пахта ва фарорасии фасли сармо вазъи иқтисодию иҷтимоии вилояти Хатлон муташанниҷ хоҳад шуд ва он ҳам ба сабаби баста будани роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Амузанг, ки қисмати ҷанубии Тоҷикистонро бо хориҷа пайванд медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, содироти пахта ба хориҷи кишвар ва воридоти масолеҳи сохтмонӣ ва муҳимтар аз он, маводи ғизоӣ, ба қаламрави вилояти Хатлон тавассути ин қитъаи роҳи оҳан ғайримумкин буда, истифода аз роҳҳои дигари ҳамлу нақл даҳҳо ҳазор доллар хароҷоти изофиро талаб мекунад.

Ҷаноби Раҳимов гуфт, "агар молу колое, ки мансуб ба вилояти Хатлон аст, дар истгоҳи роҳи оҳани Душанбе оварда шавад, барои ба шаҳру навоҳии ҷанубии кишвар интиқол додани он соҳибмулкон сарфу харҷи бисёр калон мекунанд. Арзиши молашон то 25-30 фоиз баландтар хоҳад шуд. Ин ҳол ҳам ба иқтисоди минтақа садҳо миллион сомонӣ зиён меорад, ҳам ба кисаи мардум. Зеро нарху наво дар бозорҳо боло меравад, тавоноии харидорӣ кам."

Чунин ба назар мерасад, ки мақомоти Тоҷикистон дигар ба азсаргирии ҳаракати қаторҳо тавассути қитъаи роҳи оҳани Хатлон-Амузанг умед надоранд. Ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" ҳоло мехоҳад, ки истгоҳҳои роҳи оҳани воқеъ дар қаламрави вилояти Хатлонро баста, кормандонашро ихтисор кунад. Аммо Ғайбулло Афзалов, раиси ин вилоят, ахиран дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ҳукумати вилояти Хатлон ба ин тасмими ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" мухолифат нишон додааст.

"Мактуб омада буд аз мақомоти ин ширкат дар бораи бастани истгоҳҳо, аммо мо қатъиян зидди ин амал баромадем. Зеро дар ин истгоҳҳои роҳи оҳан беш аз 1700 нафар кор мекунанд, ҳамаи онҳо оила доранд, фарзанд доранд, агар истгоҳҳоро баста, онҳоро аз кор хориҷ кунем, куҷо мераванд? Аз куҷо кори муносиб пайдо мекунанд? Барои ҳамин, мо розигӣ надодем",-илова кард ӯ.

Ин ҳам дар ҳолест, ки раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалов дар мусоҳиба бо нашрияи маҳаллие гуфтааст, ҳарчанд басташавии роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Амузанг ба муомилоти тиҷоратии вилоят таъсири манфӣ расонид, гардиши савдои хориҷӣ дар панҷ моҳи авали соли ҷорӣ ба беш аз 100 милион доллари амрикоӣ расидааст, ки ба таъкиди ӯ, «нишондиҳандаи бад нест».

Қамариддин Афзалӣ

Қамариддин Афзалӣ

Аммо ба иддаои созмони хатлонии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, роҳбандии Узбакистон ба иқтисоди минтақаи ҷанубии Тоҷикистон хисороти қобили мулоҳиза расонида, ба вазъи иҷтимоии хонаводаҳо низ бетаъсир набудааст. Қамариддин Афзалӣ, раиси созмони хатлонии ҲНИТ, гуфт, ҳоло водии Вахш аз роҳи ҳавоӣ ва роҳи оҳан маҳрум шуда, иртиботи мустақими тиҷоратӣ бо кишварҳои хориҷӣ надорад. Вай афзуд, ба хотири пӯшиш додани хисороте, ки бахши соҳибкорӣ аз ин роҳбандиҳо мебардоранд, мақомоти давлатро мебояд имтиёзҳои вижае пешниҳод намояд.

Қитъаи роҳи оҳани Тирмиз-Амузанг, ки қисматҳои ҷанубии Тоҷикистону Узбакистонро мепайваст ва роҳи транзитӣ барои вилояти Хатлон маҳсуб мешуд, моҳи ноябри соли гузашта аз ҷониби мақомоти Узбакистон баста шуд. Тошканд гуфт, ки ин қисмати роҳ гӯё дар пайи як амали террористӣ тахриб гардидааст, аммо то ҳанӯз ҳаракат тавассути ин ҷода аз сар гирифта нашудааст. Шоҳидони ҳол мегӯянд, мақомоти узбак бар хилофи ваъдаи бозсозии ин қитъаи роҳи оҳан, тамоми релсҳоро то марзи Тоҷикистон барчидаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG