Пайвандҳои дастрасӣ

Номзадҳо ба мақоми раёсати ҷумҳури Амрико дар мунозираи охири худ масоили муҳими амрикоиҳоро ба баҳс кашиданд.

Дар баҳси 90-дақиқаӣ, ки шоми душанбе сурат гирифт, Барак Обама дар бораи он сӯҳбат кард, ки чӣ гуна Амрикоро аз чанголи бӯҳрони иқтисодии чаҳор соли пеш, ки миллионҳо нафарро бекор гузошт, раҳо кард ва иқтисоди онро ба маҷрои дурусте андохт.

Барак Обама таъриф кард, ки ҳукуматаш дар тӯли дувуним соли гузашта тақрибан 5 миллион ҷойи корӣ офарида, саноати мошинсозии Амрикоро аз вартаи муфлисӣ наҷот дод. Ӯ нобасомониҳои иқтисодии Амрикоро мероси аҳди Ҷорҷ Буш, раисиҷумҳури пешин донист ва гуфт, дар сурати интихоби Митт Ромнӣ ҳамон сиёсат идома хоҳад кард.

Аммо баръакс Митт Ромнӣ, сиёсатҳои Барак Обамаро номувафақ хонд, ки ба гуфтаи ӯ хонаводаҳои оддӣ дар Амрикоро саргардон кардааст. Митт Ромнӣ афзуд, дар сурати интихоби Барак Обама хароҷоти буҷа, молиёти сокинони Иёлоти Муттаҳида ва расмиёт дар ҳукумат хоҳад афзуд, ки ин гуна сиёсат дармоне барои дардҳои Амрико шуда наметавонад. Дар робита ба сиёсати хориҷии Амрико ду рақиб ба ҳам часпиданд ва Барак Обама даъво кард, ки Митт Ромнӣ дар сиёсати хориҷӣ диди рӯшане надорад, аммо номзади ҷумҳурихоҳон, Барак Обамаро раҳбари заиф ва беасар дар баробари ошуфтагиҳои имрӯзаи ҷаҳонӣ хонд.

Аммо назарҳои ду номзад дар робита ба Эрон ва ҳам Покистону Афғонистон чандон тафовути зиёд надошт. Аз ҷумла, Барак Обама гуфт, то замоне ки ӯ дар қудрат аст, намегузорад, Эрон соҳиби силоҳи атомӣ шавад ва Митт Ромнӣ ҳам хостори тақвияти таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Эрон шуд. Барак Обама гуфт: "Бар зидди Эрон қавитарин эътилоф ташкил ва ҷиддитарин таҳримҳо ҷорӣ кардем ва ҳоло он аз домани иқтисоди Эрон гирифтааст. Арзиши пули миллии онҳо 80 дарсад поин рафт. Истихроҷи нафти онҳо ба сатҳи 20 соли пеш расидааст, ба солҳое, ки Эрон бар зидди Ироқ ҷанг мекард."



Митт Ромнӣ Эронро бузургтарин хатар барои амнияти миллии Амрико хонд. Аммо Стефанӣ Санок, таҳлилгар аз Маркази Таҳқиқоти Масоили Байналмилалӣ ва Стратегӣ дар Вашингтон, мегӯяд, аз посухи ҳарду номзад дар робита ба барномаҳои баҳсбарангези атомии Эрон қаноатманд нашудааст: "Аз посухи ҳарду номзад дар бораи Эрон маъюс шудам. Дар посухи онҳо тафовути бисёр каме буд. Онҳо ба ҳамкориҳои чандҷониба дар ин замина ва таҳримҳои нафасгиркунанда таъкид карданд. Ин посухро нашунидам, ки хатти ниҳоӣ ва ё хатти сурх ё ҳар чизи дигаре, ки меномед, куҷост?"

Ҳарду номзад ҳам гуфтанд, ки дар сурати ҳамла ба Исроил дар канори ин кишвар хоҳанд буд. Бино ба назархоҳиҳо, дар ин баҳси рӯбарӯ, Барак Обама назар ба Митт Ромнӣ қавитар будааст. Аз ҷумла, назархоҳии телевизиони CNN нишон додааст, ки 48 дарсад Барак Обамаро дар ин баҳс пирӯз донистаанд ва 40 дарсад Митт Ромниро. Стефанӣ Санок, пажӯҳишгари амрикоӣ, ҳам ба чанд иштибоҳи Митт Ромнӣ ишора кард: "Умедворам, касе ба губернатор Ромнӣ хоҳад гуфт, ки Малӣ кишваре дар Ховари Миёна нест. Ӯ ду бор ба Малӣ ишора кард, ки дар Африқост, на дар Ховари Миёна. Ӯ ҳамчунин Сурияро роҳе барои дастрасии Эрон ба баҳр номид."

Бар асоси назархоҳиҳо, Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, дар муқоиса бо Митт Ромнӣ андаке шанси бештари пирӯзӣ дар интихоботи моҳи ояндаро дорад.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG