Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ва Ромнӣ: баҳси чашмбачашми сиёсати дохилӣ


Обама аз Ромнӣ интиқод кард, ки мехоҳад масрафоти низомиро зиёд карда, ин ҳамаро ба дӯши синфи миёна бор кунад.

Раисиҷумҳури демократи Амрико Барак Обама ва рақибаш аз ҳизби ҷумҳурихоҳ Митт Ромнӣ нахустин баҳси рӯбарӯ дар пешорӯи интихоботи рӯзи 6 ноябрро шаби чоршанбе дар донишгоҳи Денвери аёлати Колорадои Амрико доир карданд. Ду муддаии курсии раёсати Амрико тӯли 90 дақиқа рӯи масоили сиёсати дохилӣ, аз ҷумла иқтисод, афзоиши ҷойҳои кор ва касри будҷа, баҳс карданд.

Обама гуфт, нигоҳи ӯ аз дидгоҳи рақибаш Ромнӣ ба масоил фарқ мекунад: "Имшаб суол аз ин нест, ки мо дар куҷо қарор дорем, балки ин аст, ки мо куҷо меравем. Губернатор Ромнӣ дидгоҳе дорад, ки мегӯяд, агар мо андозҳоро кам кунем, тарафи сарватмандонро бигирем ва танзимро баргардонем, рӯзи мо беҳтар хоҳад шуд. Ман назари дигар дорам."

Барак Обама ҳамчунин ба аҳамияти сармоягузорӣ ба таълиму тарбия ва ба рушди манбаъҳои нави энержӣ таъкид кард ва гуфт, онҳо қонуни андозро барои он тағйир доданд, ки тоҷирони хурд ва ширкатҳо ба иқтисоди Амрико сармоягузорӣ кунанд ва тавлидоти худро ба хориҷ накӯчонанд. Барак Обама гуфт, ӯ кам кардани андози синфи миёнаро ваъда дода буд ва ин корро кард, чунки рушди синфи миёна асоси пешрафти Амрикост. Обама аз Ромнӣ интиқод кард, ки мехоҳад масрафоти низомиро зиёд кунад ва бори ин ҳамаро на ба дӯши сарватмандон, балки ба синфи миёна бор кунад.

Ромнӣ инро рад кард ва гуфт, дар аҳди Обама даромади миёнаи хонаводаҳо баръакс рӯ ба харобӣ овард. Дар посух ба иддаои рақибаш, ки гуфт, Ромнӣ нақшаҳояшро аз мардум пинҳон нигоҳ медорад ва барномаашро эълон намекунад, Ромнӣ гуфт, ӯ чунин барнома дорад ки иборат аз 5 банд аст ва он, "тавре ки Обама ба қалам дод, коҳиши молиёт барои мардуми бой нест. " Ромнӣ ҳамчунин гуфт: "Президент дидгоҳе хеле монанд ба замонеро дорад, ки 4 соли пеш ба ин мақом мерафт. Яъне давлати бузургтар, масрафоти бештар, молиёти бештар, танзими бештар, ё агар шумо бихоҳед, давлати вобаста ба имтиёзи қишри доро кор хоҳад кард. Ин посухи дурусте барои Амрико нест."

Ромнӣ гуфт, Обама мехоҳад 90 миллиард долларро барои рушди "иқтисоди сабз" харҷ кунад, дар ҳоле ки бо ин пул метавон 2 миллион омӯзгорро ба кор таъмин кард. Ӯ аз сармоягузорӣ ба маориф ҳимоят кард ва ҳамчунин гуфт, хароҷоти низомиро кам намекунад, чунки Амрико бояд давлати қавӣ ва пешрафта боқӣ бимонад.

Ромнӣ гуфт, дар аҳди Обама нархи маводи сӯхту хӯрока ва хадамоти тиббӣ ба маротиб боло рафт ва касри будҷа чунон афзуд, ки як масъалаи ба таъбири ӯ, «ахлоқӣ» шудааст: "Ба назари ман, ин танҳо масъалаи иқтисодӣ нест. Фикр мекунам, ин як масъалаи ахлоқист. Ба фикрам, ахлоқи насли мо набояд чунин бошад, ки мо хароҷоти бештар аз ончиро ки ба дастамон меояд, ҳифз кунем. Дар ҳоле ки медонем, ки ин бори гарон ба дӯши насли оянда хоҳад уфтод."

Обама аммо гуфт, 4 сол пеш, вақте ӯ ба Кохи Сафед омад, Амрико алакай бо касри бузурги будҷа рӯбарӯ буд ва буҳрони иқтисодӣ корро боз ҳам печидатар кард: "Вақте ман ба Кохи Сафед омадам, беш аз 1 миллиард доллар каср ба сӯи ман даст меафшонд. Ду ҷанге, ки харҷаш аз ҳисоби қарз буд, ду навбат коҳиши андозҳо, ки касе ҳазинаашро напардохт, ва як даста барномаҳое, ки пулашро касе надодааст. Ва ба болои ин ҳама, буҳрони фарогири иқтисодӣ."

Ромнӣ ҳамчунин аз ислоҳоти бимаи тиббӣ - нуқтаи меҳварии сиёсати Барак Обама ва мояи ифтихори ӯ интиқод кард ва гуфт, ин ба истилоҳ "Обамакейр" назар ба бимаи оддӣ 2500 доллар гаронтар тамом мешавад. Вале Обама бо ҳимоят аз ин ислоҳот гуфт, ки он ба нафъи миллионҳо нафар хидмат мекунад. Ӯ ба навбаи худ аз Ромнӣ интиқод кард, ки бештар аз манфиати қишри сарватманд ҳимоят мекунад.

Ин баҳси аввал аз се баҳсест, ки Ромнӣ ва Обама доир хоҳанд кард. Баҳси дувуми онҳо рӯзи 16 октябр дар Ню-Йорк рӯи масоили ҳам сиёсати дохилӣ ва ҳам хориҷӣ тамаркуз хоҳад кард ва дар баҳси севум ва ниҳоӣ, ки 22 октябр дар Флорида доир мешавад, Обама Ромнӣ асосан ба баҳси масоили сиёсати хориҷӣ хоҳанд пардохт.
Дар ин миён рӯзи 11 октябр ноиби раисиҷумҳур Ҷо Байден ва номзад ба ноибӣ дар тими Ромнӣ – Пол Раян – низ як баҳси алоҳидаи рӯбарӯ хоҳанд дошт. Баҳси ду ноиб дар шаҳри Денвилли аёлати Кентаккӣ баргузор хоҳад шуд.

Интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико рӯзи 6 ноябр доир мешавад. Тибқи назарсанҷиҳо, Обама феълан нисбат ба рақибаш Ромнӣ каме бартарӣ дорад.
XS
SM
MD
LG