Пайвандҳои дастрасӣ

Ромнӣ: Амрико бояд сиёсаташ дар Ховари Миёнаро тағйир диҳад


Митт Ромнӣ зимни суханронӣ дар Институти низомии аёлати Вирҷиния, воқеъ дар шаҳри Лексингтон,8-уми октябри соли 2012.

Митт Ромнӣ зимни суханронӣ дар Институти низомии аёлати Вирҷиния, воқеъ дар шаҳри Лексингтон,8-уми октябри соли 2012.

Номзади курсии президенти ИМА Митт Ромнӣ мегӯяд, дар давраи раҳбарии Обама хатари ҷанг дар Ховари Миёна бештар шудааст.

Рӯзи душанбе ҳангоми суханронӣ дар Институти низомии аёлати Вирҷиния , воқеъ дар шаҳри Лексингтон, довталаби курсии президенти ИМА Митт Ромнӣ изҳор намуд, ки Вашингтон бояд сиёсаташ дар Ховари Миёнаро тағйир диҳад.

Ромнии ҷумҳурихоҳ ваъда дод, ки дар сурати пирӯзӣ коҳиши хароҷоти низомиро, ки аз тарафи президент Обама амалӣ мешавад, мавриди бознигарӣ қарор хоҳад дод: “Ман ҳамкориҳои ҷиддӣ бо коршариконамон дар минтақаи Халиҷро амиқтар мекунам ва сиёсати президент Обама дар масъалаи коҳиши амиқу бемаънии низоми мудофиаи миллиамонро бознигарӣ мекунам, зеро он низомиёни моро тороҷ мекунад.”

Ромнӣ изҳор намуд, ки агар ӯ президенти ИМА интихоб шавад, таҳрими Эронро тавсеа бахшида, имкон нахоҳад дод, ки ҷумҳурии исломӣ ба силоҳи ҳастаӣ дастрасӣ пайдо кунад. Ҳамчунон довталаби ҷумҳурихоҳи курсии президенти ИМА даъват кард, ки Вашингтон дар муқобили Сурия мавқеи қотеъ қабул намуда, ошӯбгаронеро, ки арзишҳои ИМА-ро қадрдонӣ мекунанд, бо силоҳ таъмин намояд.
Дар масъалаи Афғонистон Ромнӣ иброз дошт, ки ӯ саъй мекунад, то давраи гузариш бо муваффақият амалӣ шуда, нерӯҳои амниятии афғон дар соли 2014-ум масъулиятҳои амниятиро бар дӯш гиранд.

Ромнӣ ваъда дод, ки мардуми афғонро дар муқобили фишори ифротгароҳо танҳо нахоҳад гузошт: “Президент Обама, оё шумо бовар доред, ки ҳар каси мухолиф бо қарори шумо дар мавриди Афғонистон тарафдори ҷанги беохир аст? Вале роҳи тавсеаи ҷанг ва ҳамлаҳо дар ин ҷо-дар хонаамон, ин беруншавии аз нуқтаи назари сиёсӣ тарҳрезӣ шуда аст, ки мардуми афғонро дар муқобили экстремистҳое танҳо мегузорад, ки Афғонистонро тахриб намуда, онро ҳамчун пойгоҳи ҳамлаҳои моҳи сентябри соли 2001-ум истифода бурда буданд”.

Дар робита бо ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин, ки маъмурияти Обама ба таври муфассал бар зидди ҷангҷӯёну террористҳо кор мегирад, Ромнӣ гуфт, стратегияи амнияти миллӣ дар Ховари Миёнаро чизи дигаре татбиқ карда наметавонад.

Довталаби ҷумҳурихоҳи курсии президенти ИМА ҳамчунон таъкид кард, ки ҳангоми музокирот бо Русия дар масъалаи бунёди сипари зиддимушакӣ нармиш нишон нахоҳад дод. Соли равон баъди як мулоқот президентҳои ИМА ва Русия Обама ва Медведев фаромӯш карда буданд, ки микрофонҳои онҳо рӯшан аст. Сӯҳбати ғайрирасмии онҳоро хабарнигорон шунида буданд ва он ҷо Обама гуфта буд, ки баъди пирӯзӣ дар интихоботи моҳи ноябр ӯ хоҳад тавонист дар масъалаи сипари зиддимушакӣ нармиши бештар нишон диҳад.

Ромнӣ дар ибтидои маъракаи интихоботиаш ба чанд иштибоҳ дар сиёсати хориҷӣ роҳ дод. Аз ҷумла ҳангоми зиёрат аз бозиҳоли олимпии Лондон ӯ гуфт, ки Британия ба ин мусобиқа хуб омода набудааст. Дар Исроил бошад, Ромнӣ гуфт, фаластиниҳо аз нуқтаи назари фарҳангӣ ба исроилиҳо вобастаанд, зеро онҳо камбиозат мебошанд. Аммо Ромнӣ ёдовар нашуд, ки Исроил аз чанде ба ин тараф бар зидди манотиқи таҳти назорати фаластиниҳо таҳрим ҷорӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG