Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи сипоси раиси АФК ба унвони раиси ФФТ


Тзян Тзилон
Тзян Тзилон

Иҷрокунандаи вазифаи президент Конфедератсияи футболи Осиё ба раҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон изҳори сипос кардааст.

Тзян Тзилон, иҷрокунандаи вазифаи раиси АФК, дар номаи худ ба унвони Федератсияи футболи Тоҷикистон ба мизбонон барои дар сатҳи баланд баргузор кардани мусобиқаи ниҳоии Ҷоми раиси АФК-2012 изҳори сипос кардааст.

Ёдовар мешавем, марҳилаи ниҳоии Ҷоми раиси АФК-2012 аз 24-ум то 30-юми сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд.

Дар номаи расмии худ Тзян Тзилон, иҷрокунандаи вазифаи раиси Конфедератсияи футболи Осиё, ба унвони Рустами Эмомалӣ, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, аввалан бошгоҳи футболи
«Истиқлол»-и Душанберо бо пирӯзиаш дар Ҷоми раиси АФК-2012 табрик кардааст.

Ҷаноби Тзилон барои пазироии гарму ҷӯшони дастаҳои ширкаткунандаи марҳилаи ниҳоии Ҷоми раиси АФК-2012 ва ҳайати вакилони АФК сипосгузорӣ намуда, гуфтааст, ки минбаъд ҳамкориро бо ФФТ барои рушди футболи тоҷик вусъат медиҳад ва барои баргузории мусобиқоти АФК дар Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард.

Раҳбари Конфедератсияи футболи Осиё, инчунин, навиштааст, ки тибқи ваъдаи қаблиаш дар як сӯҳбати телефонӣ бо Рустами Эмомалӣ рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон меояд.
XS
SM
MD
LG