Пайвандҳои дастрасӣ

Сокинони Ҷиргатол ба Қирғизистон рӯ овардаанд


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Дар чанд соли охир зиёда аз 17 ҳазор сокини ноҳияи Ҷиргатоли Тоҷикистон ба Қирғизистон кӯчида, шаҳрванди ин ҳамсоякишвар шудаанд.

Ин раванд, ки дар солҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон сар шудааст, акнун ба вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ бастагӣ дошта, бештари онҳое, ки ба Қирғизистон кӯч бастаанд, қирғизтабор будаанд.

Ба ақидаи Сотиболдӣ Боқиров, раиси бахши ноҳиявии Оҷонси омор дар Ҷиргатол, ҳиҷрати сокинони ноҳия ба Қирғизистон ба саршумори аҳолӣ таъсири манфӣ расонидааст. Бино бар пешбиниҳо, аҳолии ноҳия дар бист соли охир мебоист ба 85 ҳазор нафар мерасид, аммо ҳоло шумораи сокинон дар Ҷиргатол ҳамагӣ 62 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Мирзоҳалим Каримов, журналист ва нависандаи тоҷиктабор, ки қариб сӣ сол боз муқими Қирғизистон аст, кӯч бастани теъдоде аз сокинони Ҷиргатол ба Қирғизистонро бозгашти онҳо ба ватани таърихиашон медонад. Ӯ гуфт, "қирғизҳое, ки дар Ҷиргатол зиндагӣ мекарданд, ҳоло дар вилояти Чуйи Қирғизистон ҷой гирифта, хона харидаанд. Ин на фақат муҳоҷират ва пул ёфтан аст. Таърихан ватани онҳо ҳамин Қирғизистон аст. Вазъи сиёсӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон сабаб шуду оҳиста-оҳиста баргашта истодаанд."

То фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ марзҳои давлатӣ ва мансубияти маъмурии ноҳия барои касе муҳим набуд. Дертар рўйдодҳои Тоҷикистон дар солҳои 90-уми асри гузашта, ба ақидаи Каримов, ангезандаи муҳоҷират шуданд. Раиси бахши шуғли аҳолӣ дар Ҷиргатол, Маҳмадшо Раҳматуллоев, бар ин аст, ки ниёзҳои иҷтимоӣ ва ҷӯстуҷӯи роҳҳои беҳтари зиндагӣ онҳоро водор ба муҳоҷират кардааст. Кӯчидани тадриҷии қирғизҳо дар ҳоле рӯй медиҳад, ки аҳолии бумии Тоҷикистон бо онҳо робитаи хуб дорад.

Низом Абдуҷалилов, шоир ва журналист, ки решаҳои дӯстии мардуми тоҷику қирғизро таҳлил мекунад, ин нуктаро зикр кард, ки муҳоҷирати қирғизтаборон ба Қирғизистон аз ин пеш ҳам вуҷуд дошт. Ӯ сабаби аслии афозиши муҳоҷирати сокинони Ҷиргатол ба Қирғизистонро ба вазъи иҷтимоӣ вобаста донист: "Сабаби муҳоҷират ягон фишороварии миллӣ ё маҳдудсозии миллӣ нест. Нафақат аҳолии қирғиззабон мекӯчанд, балки тоҷикон хам кӯчида истодаанд. Чунки шароит дар Қирғизистон, махсусан дар бахши чорводорӣ ва кишоварзӣ беҳтар аст."

Бино ба гуфтаи худи онҳое, ки Қирғизистонро ихтиёр кардаанд, сатҳи зиндагиашон дар ҷои нав хеле хуб аст. Онҳо аз имкониятҳои фаровоне бархӯрдор будаанд, ки метавонад ба беҳшавии шароити зисташон таъсири мусбат дошта бошад. Як ҳамсӯҳбати мо аз Қирғизистон мегӯяд, 17 сол пеш аз Ҷиргатол рафта, дар Қирғизистон зиндагӣ дорад ва шароити зисташ ҳам хеле хуб аст. Ҳамдулло Латипов гуфт, "17 сол боз дар ҳамин ҷо зиндагӣ дорем. Лаблабу мешинонем, хонаву дар кардем, зиндагиамон сад дар сад аст. Онҳое, ки аз Тоҷикистон ба ин ҷо омадаанд, баъд аз ҷанги дохилӣ омадаанд. Дар Тоҷикистон андози як гектар замин даҳ ҳазор сом (баробар ба ҳазор сомонӣ) бошад, дар ин ҷо 400 сом (40 сомонӣ) аст. Порсол бошад, хона гирифтам, ба 8 ҳазор доллар, ки он дар Душанбе 100 ҳазор меистад."

Аҳолие, ки шаҳрвандии Қирғизистонро пазируфтанд, асосан дар вилоятҳои Ӯш, Ҷалолобод, Талас ва шаҳри Бишкек ҷойгузин шудаанд. Дар бисёре аз минтақаҳо онҳо гурӯҳ-гурӯҳ зиндагӣ мекунанд ва онҳоро Қирғизистон "тоҷикистониҳо" ном мебаранд. Мардуми маҳаллӣ аз Ҷиргатол мегӯянд, Қирғизистон баъд аз Русия дувумин давлат барои муҳоҷирати корист ва манбаи даромади молии онҳост.

Ҷиргатол дар қисмати шарқии Тоҷикистон воқеъ буда, аҳолии онро тоҷикону қирғизҳо ташкил медиҳанд. Ноҳия дар ҳамсоягӣ бо Қирғизистон қарор дорад ва дар рафтуомади мардум ба давлати ҳамҷавор ягон мушкилӣ нест.

Фирдавси Низом, донишҷӯи соли чоруми факултаи журналистикаи ДМТ

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG