Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷамъияти "Ватан" дар Иёлоти Муттаҳида 200 ҳазор шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказиро гирди ҳам овардааст.

Дар Ню-Йорк бештар аз даҳ сол боз ҷамъияте бо номи “Ватан” амал мекунад, ки бузургтарин ҷамъияти шаҳрвандони Осиёи Марказӣ дар Амрико ба ҳисоб меравад. Гулчеҳра Олимова, раиси ин ҷамъият, мегӯяд, ҳоло “Ватан” 200 ҳазор узв дорад ва сол то сол шумораи аъзои он бештар мешавад. Ба қавли ӯ, аксари ахзои "Ватан"-ро тоҷикони Тоҷикистону Узбакистон ташкил медиҳанд.

Ҳар сол ҳукумати Амрико барои дарёфти санади ҳаққи иқомат ё Грин-кард ба шаҳрвандони Узбакистон 6 ҳазор ва барои шаҳрвандони Тоҷикистон 750 квота медиҳад. Дар миёни онҳое, ки аз Узбакистон соҳиби Green Сard мешаванд, тоҷикон низ хеле зиёданд. Худи Гулчеҳра бо шавҳараш соли 1999-ум ба Амрико омада, дар ин ҷо дар бозии лоторея ширкат карданд ва шавҳараш дар ин бозӣ барандаи Green Сard шудааст. Бо гузашти муддате онҳо дар фикри ташкили ҷамъият шудаанд ва бо кӯмаки яҳудиёни бухорӣ ҷамъияти худро ташкил карданд. Гулчеҳра Олимова мегӯяд, аз ҳамон оғоз ҳадафи созмон кӯмак ба якдигар ва шинохти якдигар буд: “Ҷамъиятамон соли 2000-ум ташкил шуд. Central Asia “Vatan” ном дорад. Шаҳрвандони Туркманистону Қирғизистон ҳам ҳастанд. Ҳоло аз Осиёи Миёна дар ин ҷо аз 500 ҳазор нафар ҳам одам зиёд аст.”

Гулчеҳра Олимова (аз тарафи рост)

Гулчеҳра Олимова (аз тарафи рост)

Аъзои “Ватан” дар иёлоти дигари Амрико низ зиндагӣ мекунанд. Ҳатто аз Фаронса, Олмон, Шветсия, Бритониё, Исроил ва Канада ҳам ба узвияти ин ҷамъият даромадаанд. “Ватан” ба онҳое, ки тоза ба Амрико омадаанд, барои пайдо кардани кори муносиб, ҷои зист ва дарёфти бима (страховка)-и тиббӣ кӯмак мекунад ё машваратҳои заруриро дар ихтиёри онҳо мегузорад. Гулчеҳра Олимова мегӯяд, мушкили тоҷикон ё мардуми Осиёи Марказӣ надонистани забони англисист. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, вақте онҳо забонро меомӯзанд ва шаҳрвандӣ мегиранд, зуд соҳиби пулу мол мешаванд.

Масалан, Мӯъмин Маҳмудов дар оғоз бо корҳои мухталиф машғул будааст. Вале ҳоло дар Ню-Йорк ба яке аз соҳибкорони муваффақ табдил ёфтааст. Ӯ мегӯяд, одами кордон дар Амрико ризқи худро пайдо мекунад. Бо вуҷуди ин ки вай пазанда аст, корро бо шустушӯи зарф дар тарабхонаҳо оғоз кардааст. Бо гузашти вақт ҳунари дасти вай муштариёни зиёдро ба тарабхонаҳо ҷалб кардааст.

Вай дар бораи худаш чунин нақл кард: “Зодаи Самарқанд ҳастам. Лекин умрам асосан дар Тоҷикистон гузашт. Соли 2000-ум иҷозат гирифта омадам ва ду сол дар дасти яҳудиёни бухорӣ кор кардам. Касбам пазанда. Баъд аз ду сол як ресторанро қабул кардам. Қонуну қоидаи ин ҷо барои одам бисёр хуб. Агар ҳалол меҳнат кунед, марҳамат, кор мекунед. Ҳеҷ кас пеши роҳатро намебандад. На пулис мебиёяд, на касе мепурсад, ки ту чӣ кор мекунӣ ё чаро дар кӯча гаштаӣ. Дар роҳат рост гард, касе чизе намегӯяд.”

Ҳоло Мӯъмин Маҳмудов силисилаи тарабхонаҳоро дар Ню-Йорк ба иҷора гирифтааст. Ду писару духтараш ва хоҳарашро ҳам ба наздаш даъват кардааст. Фарзандонаш ҳам ба кори падар ёрӣ мерасонанд ва ҳам таҳсил мекунанд. Зиёда аз 20 нафар пазандаҳо зери назари вай кор мекунанд. Ҳоло Мӯмин Маҳмудов шаҳрвандии Амрикоро гирифтааст ва хона ҳам харидааст: “Албатта, дар давоми 12 сол пул ҷамъ кардам, хона гирифтам. Ба фарзандонам кумак мекунам. Дар Тоҷикистону Самарқанд ба хешу таборам ёрӣ мерасонам.”




Тоҷикон дар Ню-Йорк асосан ронандаи автобус, мошинҳои борбар ва ронандаи таксӣ мебошанд. Баъзеи онҳо дар сохтмонҳо ва фурӯшгоҳҳои бузург ё супермаркетҳо низ кор мекунанд. Мирзо Улуғбек, яке аз аъзои ҷамъияти “Ватан”, ки дар Русия донишгоҳи исломиро хатм кардааст, мегӯяд, чун шумораи муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Ню-Йорк зиёд шудааст, онҳо бо кумаки Гулчеҳра Олимова -- раиси ҷамъият як соли пеш манзилеро барои масҷид кироя гирифтаанд. Мирзо Улуғбекро ҳоло чун имоми ин масҷид мешиносанд. Баъд аз чанд муддати фаъолият мӯҳлати иҷораи ин масҷид ба поён расидааст ва ҳоло онҳо дар ҷустуҷӯи манзили дигаре мегарданд.

Худи Улуғбек бо аҳли хонаводаашон ба нигоҳубини беморон ва солмандон машғуланд ва аз ин роҳ зиндагии худро пеш мебаранд. Ба қавли Улуғбек, масҷид баъзе ҷавононро “аз роҳи бад” бармегардонад: “Ман худам аз Бухоро. Соли 2007-ум ба ин ҷо омадам. Падару модарам дар ин ҷо кор мекарданд. Грин-кард гирифтам ва дар ҳамин ҷо мондам. Оилаамро овардам. Як сол пеш Гулчеҳра-апа ёрдам карданд, дар як хона масҷид кушодем. Рӯзҳои ҷумъа дар он ҷо ҷамъ мешудем. Пули иҷораро он кас медоданд.”

Ҳоло шумораи тоҷикон ба андозае зиёд шудааст, ки тӯю сурҳои хатна ё арӯсӣ низ ташкил мекунанд. Ҳатто дар миёни онҳо ҳунармандон низ ҳастанд ва базмҳо комилан бо рақсу таронаҳои миллӣ барпо мешавад...

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG