Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷоми даъвати АФК: рақибони Тоҷикистон киҳо хоҳанд буд?


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Рақибони дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии Ҷоми даъвати АФК 25-уми октябр маълум хоҳанд шуд.

Рӯзи 25-уми октябри соли ҷорӣ дар қароргоҳи АФК (Конфедератсияи футболи Осиё) дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия қуръакашии мусобиқаи интихобӣ баргузор мешавад.

Дар мусобиқаи интихобии Ҷоми даъвати АФК-2014 20 даста, аз он ҷумла, тими миллии Тоҷикистон, ширкат мекунад. Дастаи мунтахаби ҷазоири Мариани Шимолӣ барои аввалин бор дар ин мусобиқа иштирок хоҳад кард.

Дар мусобиқаи интихобии Ҷоми даъвати АФК дар соли 2013-ум, инчунин, дастаҳои мунтахаби Афғонистон, Бруней, Камбоҷа, Тайван, Гуам, Ҳиндустон, Қирғизистон, Лаос, Макао, Молдив, Муғулистон, Мянмар, Непал, Покистон, Фаластин, Филиппин, Шри-Ланка ва Туркманистон ширкат меварзанд.

Вале мунтахаби Кореяи Шимолӣ, ки барандаи феълии Ҷоми даъвати АФК мебошад ва ба Ҷоми Осиё-2015 дар Австралия роҳхат гирифтааст, дар мусобиқаи нав иштирок намекунад.

Ғолиби Ҷоми даъвати АФК-2014 соҳиби роҳхат ба мусобиқаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2015 мешавад.

Ёдовар мешавем, мунтахаби Тоҷикистон аввалин барандаи Ҷоми даъвати АФК, ки соли 2006-ум дар Бангладеш баргузор шуда буд, ба шумор меравад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG