Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Қатар бозии дӯстона анҷом хоҳанд дод.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон бар асоси тавофуқ бо Созмони футболи Қатар баргузории ин бозӣ 6-уми сентябр дар Мюнхени Олмон ба нақша гирифта шудааст.

Мунтахаби Тоҷикистонро ба ин бозии байналмилалии дӯстона мутахассиси сербиягӣ Никола Кавазович, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва ҳамзамон сармураббии тими “Истиқлол”-и Душанбе, омода месозад.

Азизбек Раҷабов, муовини раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, мегӯяд, “тавофуқ барои баргузории бозии дӯстона дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба миёни федератсияҳои футболи Тоҷикистон ва Қатар ҳосил шуд. Мунтахаби Қатар яке аз дастаҳои зӯртарини Осиё маҳсуб мешавад. Қатариҳо мақсад доранд, ки ба сабқати ниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон-2014 дар Бразилия роҳхат бигиранд. Мунтахаби мо дар ин бозӣ таҷрибаи хуб касб хоҳад кард. Танҳо дар бозӣ бо рақибони пурқувват мо метавонем, ки пешрафт кунем. Ба ғайр аз ин мо бо Федератсияи футболи Эрон дар бораи баргузории бозии дӯстона миёни тимҳои миллии ҳарду кишвар аввали моҳи ноябр дар Теҳрон ба мувофиқа омадем. Фикр мекунам, ки ин бозиҳо барои дастаи мунтахаби мо давраи хуби омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми даъвати АФК, ки соли оянда баргузор мешавад, мегардад.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG