Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пажӯҳиши тозаи созмони "Рушд" маълум кардааст, ки қисме аз занҳои дувум дар Тоҷикистон соҳиби маълумоти олиянд.

49 дарсади ҷамъи занони дуюм дар Тоҷикистон соҳиби маълумоти олӣ буда, зоҳиран, ҳар яке аз онҳо бо хоҳиши худ издивоҷ кардаанд. Ин аст хулосаи таҳқиқоте, ки созмони ғайриҳукуматии "Рушд" дар Хатлон ба анҷом расонидааст.

Юсуф Маҳмадов, раиси созмони мазкур, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, муҳаққиқон дар чаҳорчӯби лоиҳа чигунагии издивоҷ ва рӯзгори 500 нафар (дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Душанбе, Хуҷанд ва навоҳии Рашту Шаҳритус), аз ҷумла 250 зани дувум ва 250 мардеро, ки ҳамсари дувум гирифтаанд, мавриди таҳқиқ қарор додаанд.

Таҳқиқот мегӯяд, оилаҳои дуюм низ қавию устувор буда, ҳамзистӣ бо занони дуюм ба ҳисоби миёна 8 сол давом мекунад. Ҳамчунин маълум шудааст, ки 30 дарсад аз ҷамъи бонувоне, ки зани дуюми ҳамсарашон мебошанд, бори аввал издивоҷ кардаанд, яъне ба истилоҳ, "духтари хона" будаанд.

Юсуф Маҳмадов

Юсуф Маҳмадов

Юсуф Маҳмадов афзуд, "аз респондентҳо ҳамчунин дар бораи сабаби зани дуюм шуданашон пурсидем. Аз ҳама рақами зиёд, яъне 24 фоизи занҳо посух доданд, ки «аз таънаю маломат ва гапу калочаи мардум халос шудан хостам ё аз бероҳагардӣ канор рафтан хостам». 20 фоизи пурсидашудаҳо гуфтанд, ки синнусолашон хеле боло рафта буд ва биноан, ба зани дуюм шудан розӣ шуданд. 15 фоизашон гуфтанд, ки ошиқ шудаанд. 15,2 фоизи дигар ба сабаби он ки аз ҷиҳати иқтисодӣ танқисӣ мекашиданд, зани дуюм шудаанд. 11,6% гуфтанд, ки сарпаноҳ ё ҷойи истиқомати доимӣ надоштанд. 6%-и занҳои дуюм дар шаҳри сабани издивоҷашон гуфтанд, ки ҳадафашон фарзанддор шудан буд, имкони зани якум шудан набуд, бинобар ин зани дуюм шудаанд. Вале ҳамагӣ 2,8%-и пурсидашудаҳо иқрор карданд, ки зери таъсири волидон ё ақрабояшон зани дуюми марде шудаанд."

Раиси созмони "Рушд" афзуд, ҷомеа болои занҳое, ки шавҳар надоранд, башиддат фишор меорад, бинобар ин, занон талош мекунанд, ки ҳадди ақал ҳамсари дуюми марде шаванд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иддаои Баҳриннисо Алимова, коршиноси масоили гендерӣ аз созмони ҷамъиятии "Дилафрӯз", аксари занони дуюм ғайри хоҳиши худ дубора издивоҷ мекунанд. Ӯ мегӯяд, чаҳор сабаби аслӣ дар миён ҳаст, ки бонувонро барои зани дуюми марде шудан водор мекунад. Ин ҳам вазъи бади иҷтимоӣ, серфарзандӣ дар оилаҳо, боло рафтани синнусоли духтар (ё тарс аз "пирдухтарӣ") ва камшумории ҷавонони синни никоҳӣ ба сабаби дар муҳоҷирати корӣ дар хориҷ аз кишвар қарор доштани онҳост.

Баҳриннисо Алимова

Баҳриннисо Алимова

Хонум Сокина, ки 25 сол дорад, аз ҷумлаи ҳамин гуна занҳои мӯҳтоҷ аст, ки тангдастию нодориаш ӯро барои зани дуюми марди дорое шудан маҷбур кардааст. Ҳамсӯҳати мо гуфт, "аз ҳамсари якумам фарзанде доштам, аммо нахостам, ки вай бепадар ба воя расад. Марди соҳибкоре бароям пешниҳоди издивоҷ кард, ба шарте розӣ шудам, ки ба писарам меҳри падарӣ диҳад, дар тарбияаш ширкат кунад. Ҳоло шавҳарам ҳам мо ва ҳам оилаи якумашро хуб таъмин мекунад. Биноан, аз зани дуюм буданам розиям."

Қобили зикр аст, ки тибқи хулосаҳои аввалияи таҳқиқоти созмони "Рушд", 38 фоизи занони дуюм аслан хонашин ва ё муваққатан бекор будаанд. Яъне зиндагии онҳоро асосан шавҳаронашон таъмин мекардаанд. Ҳамчунин 13 фоизи занҳои дуюм машғули соҳибкорӣ буда, 5,5 дарсадашон дар ҳукуматҳои маҳаллӣ фаъолият мекардаанд. 9,2 дарсади занони дувум ходимони муассисаҳои тиббӣ, 11 фоизашон кормандони бонкҳо ва дигар мақомоти давлатӣ ва 1,6 фоизашон кормандони расонаҳои хабарӣ будаанд.

Аммо таҳқиқоти созмони ҷамъиятии "Рушд" ҳанӯз пурра натиҷагирӣ нашудааст. Мизони сарватмандии мардоне, ки занони дуюму сеюм мегиранд; шумораи фарзандоне, ки аз занони дуюм ба дунё меоянд ва вазъи иҷтимоию маишии онҳо; устувории оилаҳои дуюму сеюм ва масоили дигари доғи марбут ба бисёрникоҳӣ дар Тоҷикистонро низ таҳқиқоти мазкур ба риштаи таҳлил кашида, қарор аст, то поёни моҳи октябр нусхаи комили он рӯйи чоп ояд.

Анҷом додани таҳқиқоте марбут ба тамоюли дузанагӣ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки Қонуни асосии кишвар бисёрникоҳиро манъ карда, Кодекси ҷиноӣ барои дузанагӣ муҷозот, аз ҷумла маҳрумият аз озодиро пешбинӣ кардааст. Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон хабар дод, ки танҳо дар нимаи аввали имсол аз ҷониби шаҳрвандон дар бораи 27 мавриди дузанагӣ шикоятҳо дарёфта, алайҳи чанде аз онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ боз намудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG