Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Занону духтарони тоҷикро то ҳол ҳамчун хидматгори хона ва дар оянда хидматгори шавҳар тарбия мекунанд.

Ҳаёти Дилоромро кӣ сӯхт?

Дилором, як 30-солаи тоҷик аст, ки баъд аз ҷудоӣ аз шавҳар бо ду фарзанди хурдсол ба хонаи падару модараш баргаштааст. “Ду фарзанд дошт, хуб нигоҳ намекард, хонаву дараш тинҷ набуд ва худаш ҳам аз паси рӯзгор намегашт. Дар охир, вақте ман бисёр гуфтамаш дар ин бора, ба сарам мушт бардошт ва маро аз хона пеш кард. Додгоҳ то 3-солагии фарзандонам 100 сомонӣ ва баъдаш 60 сомонӣ алимент таъйин кард, вале ягон бор алимент ҳам надод.”

Дилором танҳо як намуна аз ҳазорон қурбонии хушунати хонаводагӣ дар Тоҷикистон аст. Афви Байналмилалӣ ҳам дар гузоришаш мегӯяд, зӯроварӣ нисбат занону духтарон як мушкили ҷиддӣ дар ин кишвар боқӣ мемонад.

“Ҳаёти маро хушдоманам сӯхт”, “Шавҳарам ба болои ман зан гирифт”, “Падари фарзандонам ба Русия рафту барнагашт”... Ҳар шумораи нашрияҳои ба истилоҳ “оилавӣ”-и чопи Душанбе моломоли чунин қиссаҳои талхи занонест, ки қурбони зӯроварӣ шудаанд. Хонандаи ин қиссаҳо ҳам ҳазорон зани дигар, ки ҳамин ҳолро доранд ва худро бо мутолиаи чунин қиссаҳо таскин медиҳанд.

Рӯди ман, олам дигар шуд, ту ҳамон астӣ, ҳамон

Гулҷаҳон Бобосодиқова

Гулҷаҳон Бобосодиқова

Ҳомиёни ҳуқуқи зан мегӯянд, бо вуҷуди тағйири сохти иҷтимоӣ, гузаштан ба иқтисоди бозорӣ ва раванди муҳоҷират, ки саросарӣ шудааст, фарҳанги роиҷ дар ҷомеаи Тоҷикистон, ки занро аз хурдӣ ҳамчун хидматгори хона ва дар оянда хидматгори хонаводаи шавҳар тарбия мекунад, тағйири чандоне накардааст.

Гулҷаҳон Бобосодиқова, аз фаъолони ҳуқуқи зан мегӯяд, то ҳол ба зани тоҷик ҳамчун ба як инсони “сорти дувум” нигоҳ мекунанд ва як омили аслии зӯроварӣ алайҳи занон ҳамин бовар аст: “Баъзе урфу одатҳову баъзе қолабҳои кӯҳнаи берун аз талабҳои дини Ислом боқӣ мондааст. Бисёриҳо фикр мекунанд, ки зан бояд фақат модар бошаду хонашин ва “чароғи хона”. Касе инро рад намекунад, вале агар зан соҳиби маълумот ё касб бошад, бояд шароиташ дод, ки берун аз оила дар ҷомеа ҳам фаъолият кунад. Вале ҳуқуқи зан ҳамоно поймол мешавад. Хушунат фақат лату кӯб нест. Мушкилоти иқтисодӣ ҳам ҳаст, мушкилоти рӯҳонӣ ҳам. Манъи таҳсили духтарон ҳам як навъи хушунат дар хонавода аст.”

Зани тоҷик ба куҷо паноҳ барад?

Афви Байналмилалӣ дар гузоришаш изҳори таассуф мекунад,ки шумори паноҳгоҳҳо барои қурбониёни хушунат дар Тоҷикистон хеле кам аст. Аммо Гулҷаҳон Бобосодиқова мегӯяд, бардошти маҳофил аз кори ду паноҳгоҳе, ки то ҳол дар Душанбе ва Хуҷанд амал мекунад, каме зиддунақиз аст: “Дар атрофи паноҳгоҳҳо баҳси зиёд шуд, ки агар зан аз оила берун равад, ягон шаб дар хона набошад, ин аз нигоҳи менталитети мардуми мо вайроншавии оилаҳоро баръакс метезонад. Барои ҳамин, мо хостем, ки паноҳгоҳҳоро ба шароити худамон мувофиқ кунем, ки боиси вайронии оилаҳо нашавад ва фақат ёрии таъҷилии тиббиву равонӣ ва имкониятҳои дигарро ҳамин паноҳгоҳҳо ба зиммаи худ бигиранд.”

Феълан дар Тоҷикистон бо кумаки молии созмонҳои хориҷӣ 11 маркази буҳронии кумак ба занони хушунатдида низ таъсис ёфта, Кумитаи давлатии занон ва оила ҳам як маркази “Боварӣ” ташкил додааст. Наргис Шарипова, масъули “телефони боварӣ”-и ин марказ гуфт: “Муроҷиат мекунанд, чунки ин камбудӣ дар ҷомеа ҳаст. Асосан онҳое муроҷиат мекунанд, ки ба хушунат рӯбарӯ шудаанд. Мо ба онҳо ҳаматарафа кумак мекунем. Тамоми намуди хидматрасониро дорем. Хобгоҳҳое ҳам ҳаст, ки ин занону духтарон ҳам таълим мегиранд ва ҳам зиндагӣ мекунанд. Ҳарчӣ аз дастамон меояд, ёрдам мекунем.”

Муроҷиат кам шудааст, вале на хушунат

Бибииззатой Мирзоева, мудири бахши иттилоотиву таҳлилии Кумитаи занон аммо гуфт, муроҷиат ба ин марказ имсол камтар шудааст, ки ин як аломати коҳиши мизони хушунатҳои хонаводагист: “Сабаби асосии хушунати хонаводагӣ муҳоҷират аст. Шавҳарон мераванд, онҷо зан мегиранду барнамегарданд ва ин ҳамсараш бо хушдоман монда, муросо карда наметавонад. Паноҳгоҳҳои хос неву танҳо маскункунӣ дорем мо. Дар семоҳаи аввали соли гузашта 120 нафар муроҷиат кардаанд ва дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ – 92 нафар, яъне 28 нафар камтар. Соли гузашта 235 нафар барои маслиҳати ҳуқуқӣ муроҷиат карданд ва имсол 171 нафар, яъне пастравӣ дида мешавад”,-афзуд ӯ.

Татяна Бозрикова, раҳбари Сандуқи “Панорама” ва аз муаллифони гузориши алтернативӣ дар бораи вазъи хушунат алайҳи занон дар Тоҷикистон, мегӯяд, соли гузашта ба Маркази Боварӣ ва 11 маркази зиддибуҳроние, ки созмонҳои ғайридавлатӣ сохтаанд, қариб 5500 нафар муроҷиат кардаанд, ки 91 дарсадаш занон будаанд: “48 фоиз ё нисфи ин афрод аз хушунат дар хонавода шикоят кардаанд. Аз ин шумор 47 дарсад қурбони хушунати равонӣ шуда, 24 дарсад ба хушунати ҳам равониву ҳам ҷисмонӣ ва ҳам иқтисодӣ дучор шудаанд. 15 дарсад аз хушунати иқтисодӣ ва 11 дарсад аз хушунати ҷисмонӣ, яъне латукӯб, шикоят кардаанд. Ва 82 дарсади ин занҳо мегӯянд, ки ба таври мукаррар мавриди хушунат қарор гирифтаанд.”

Хонум Бозрикова мегӯяд, дар 78 дарсади мавридҳо болои зан шавҳар ё хешовандонаш, аз ҷумла хушдоман, зӯроварӣ мекунанд ва ин як урфе шудааст, ки бадбахтона, аз насл ба насл “мерос” мемонад.

Қонуни зидди зӯроварӣ кай тасвиб хоҳад шуд?

Маҳмадуллоҳ Асадуллоев

Маҳмадуллоҳ Асадуллоев

Маҳмадуллоҳ Асадуллоев, сухангӯи вазорати дохила гуфт, дар идороти вилоятии ин вазорат нозирони вижае сирф аз ҳисоби афсарони зан ба кор пардохтааанд, ки маҳз мавридҳои хушунат алайҳи занон ва кӯдаконро таҳқиқ хоҳанд кард.

Аммо умеди ҳомиёни ҳуқуқи зан бештар ба тарҳи қонуни ҳимоят аз хушунати хонаводагист, ки баъди 7 соли муҳокима, инак, ним сол боз дар дасти баррасии парлумон қарор дорад. Афви Байналмилалӣ дар гузоришаш аз тӯл кашидани тасвиби ин қонун низ интиқод кардааст.

Гулҷаҳон Бобосодиқова умедвор аст, ки қонуни зидди хушунат то поёни соли ҷорӣ тасвиб хоҳад шуд, аммо ба ақидаи ӯ, қонуни мазкур бояд на ба муҷозот, балки ба пешгирӣ аз зӯроварӣ ва тағйири фикри мардум дар бораи мақом ва ҳуқуқи занон дар хонавода тамаркуз карда, ҳатман заминаи молӣ барои иҷрояш дошта бошад, вагарна чун селаи қонунҳои дигар рӯи қоғаз хоҳад монд.

Хушунат – ғаме ки бештар ба гӯр меравад, то ба додгоҳ

Бино ба омори расмӣ, дар соли 2010 дар Тоҷикистон 703 нафар, аз ҷумла 371 зан ва 122 ноболиғ, қасд ба ҷони худ кардаанд ва дар 212 маврид иллати худкушиҳо низоъҳои оилавӣ будааст. Аммо ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи зан, ин оморҳо танҳо як қабати болоии кӯҳи яхи хушунати хонаводагӣ дар Тоҷикистон аст, ки бахши аъзамаш аз назари ҷомиа пинҳон мемонад.

Ба мазҳари омм кашидани гапи хона дар фарҳанги мардуми тоҷик амали мақбуле нест ва аксари занони тоҷик аз латукӯб ё навъҳои дигари хушунат ба ҷое шикоят намебаранд ва дарду ғами худро ё дар чордевори хонавода нигоҳ медоранд ваё, чун дар он 212 маврид, бо худ ба гӯр мебаранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG