Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Shelter" барои занон: Паноҳгоҳ ё гурезгоҳ?


Гуруҳе аз занони тоҷик (акс аз бойгонӣ)
Гуруҳе аз занони тоҷик (акс аз бойгонӣ)

Кумитаи кор бо занон ва созмонҳои хориҷӣ барои занони тоҷик паноҳгоҳҳои муваққатӣ созмон додаанд.

Ин паноҳгоҳҳо марказҳои омӯзишӣ набуда ба маънои воқеии худ паноҳгоҳ мебошанд.

Ба қавли намояндаи Кумитаи кор бо занони Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонова, дар сурати бигӯ магу ва ё хархаша миёни зану шавҳар, дар сурати латтукуб шудан ва ё мавриди таҳқиру азият қарор гирифтан, зан ба паноҳгоҳ оварда мешавад ва то замони аз қаҳр фурӯкаш шудани шавҳар, дар ҳамин паноҳгоҳ мемонад.

ПАНОҲГОҲ Ё ГУРЕЗГОҲ?

Гуруҳе аз занони тоҷик (акс аз бойгонӣ)
Гуруҳе аз занони тоҷик (акс аз бойгонӣ)
Ҳилобӣ Қурбонова мегӯяд, ки албатта ин паноҳгоҳ гурезагоҳ нест ва дар муддате, ки зани муҳтоҷ ба ёрмандӣ дар инҷо мемонад, бо вай машварату суҳбатҳо карда мешавад ва кӯмакҳои равонӣ расонида мешавад. То кунун чунин паноҳгоҳҳо дар Тоҷикистон набуд ва занони ниёзманд намедонистанд ба куҷо муроҷиат кунанд: «Медонед ба истилоҳи созмонҳои байналмилалӣ ин паноҳгоҳҳоро «Shelter» меноманд ва ба унвони намуна дар шаҳри Хуҷанд чанд паноҳгоҳ таъсис дода шуда амал мекунад. Вақте, ки занону духтарон дар хонавода мавриди зӯроварӣ, латтукуб қарор мегиранд, як муддат дар инҷо мемонанд ва ба онҳо кӯмакҳои ҳуқуқӣ, психологӣ ва машваратҳои дигар медиҳем. Бо шавҳар ва мардҳои хона ҳам суҳбатҳо мекунему сабабу иллатҳои муноқишаҳоро мушаххас намуда дар оила сулҳу оштӣ барқарор мекунем.»

Кумитаи занони Тоҷикистон тасмим дорад, бо кӯмаки созмонҳои байналмиаллии масоили занон чунин паноҳгоҳҳоро дар минтақаҳои дурдаст низ ташкил кунад. Зеро ба қавли хонум Қурбонова, шикоятҳои занон ва духтарон дар ду соли ахир аслан аз навоҳии дурдаст мерасанд.

ОЁ ЗАРУРАТ БА ҲАМЧУНИН ПАНОҲГОҲҲО АСТ?

Ҳуқуқшиноси тоҷик Қиматгул Розиева бар ин аст, ки таъсиси чунин паноҳгоҳҳо зарурат дорад, вале шумори онҳоро бештар кард: «Мо дар мурофиаҳо мебинем, ки аксари кушторҳо дар заминаи муноқишаи хонаводагӣ сар задаанд. Ва иллати ин ҳама нотинҷ будани хонаводаҳо мебошад. Дар мурофиаҳо мебинем, ки келинро бо фарзандонаш аз хона рондаанд, шавҳар занро бо чор фаразандаш берун кардааст. Ё ин, ки шавҳарро пас аз ҷудо шудан иҷозаи робита бо фарзандон намедиҳанд. Вақте хонаводаҳо нотинҷ ҳастанд ҷомеа ҳам тинҷ буда наметавонад. Аз ин рӯ чунин паноҳгоҳҳо лозим ҳастанд.»

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:25 0:00
Линки мустақим


Ҳоло суоли матраҳ ин аст, ки дар сурати дучори зӯроварӣ ва ё латтукӯб қарор гирифтани зан дар хонавода, кадом ниҳоди ҳуқуқӣ ва ё умури дохила пештар ба доди ҷабрдида мерасад. Як пурсиши созмонҳои маҳаллии масоили занон ба мисли «Анис», «Мададагор»ва ташкилотҳои дигар нишон медиҳад, ки бо вуҷуди муроҷиати занони ниёзманд ҳеҷ ниҳоде зуд дар созмон додани аризаву шикоят иқдом намекунанд. Ва агар иқдоме ҳам кунанд хеле бо сардӣ муносибат мекунанд. Онҳо куштори дар оиларо як ҳодисаи сирф хонаводагӣ дониста ба қайд ҳам намегиранд.

МАРДОНИ ҶАБРДИДА ЧӢ КОР КУНАНД?

Абдуқаюм Юсуфов, ҳуқуқшиноси тоҷик
Абдуқаюм Юсуфов, ҳуқуқшиноси тоҷик
Аз ҷониби дигар вакили мудофеъ Абдуқаюм Юсуфов мегӯяд, ки вуҷуди паноҳгоҳҳо оҳиста-оҳиста ба гурезагоҳи занон табдил шуда бо андак хархаша зан аз хона фирор намудаву дар ин ҷойҳо паноҳ мебарад. Ё духтар бо андак ҳарфи падару модар худро ба паноҳгоҳҳо мезанад.

Ҷаноби Юсуфов бо такя ба ҳолатҳои муноқишаву ҷанҷол дар хонаводаҳо мегӯяд, ки дар баъзе вақтҳо сабаби хархаша занон мегарданд ва шавҳар дар чунин шароит намедонад ба куҷо муроҷиат кунад: «Паноҳгоҳ дар аввали марҳилаи муноқиша дар хонавода имкон медиҳад, ки зан аз дасти шавҳари бадмаст ва ё бадахлоқ паноҳ барад. Лекин дар ҷомеа занҳое ҳастанд, ки дар нисбати шавҳарашон ҷабр мекунад шавҳар куҷо равад. Чаро ин паҳлӯи масъала ба назар гирифта намешавад. Бигзор барои мардҳои ҷабрдида ҳам паноҳгоҳи муваққатӣ дуруст карда шавад, шояд он вақт муноқишаҳои хонаводагӣ камтар гардад. Охир зану мард дар ҷомеаи мо баробаранд, ку.»

Бино ба иттилои Кумитаи занони Тоҷикистон ва созмонҳои маҳаллии масоили занон, дар як соли ахир мизони аз ҳампошии хонаводаҳо дар миёни оилаҳои ҷавон бештар шудааст. Ва теъдоди муроҷиати хонаводаҳо дар мавриди хушунати оилавӣ нисбат ба шаҳрҳо дида дар деҳоти дурдаст ва навоҳӣ бештар ба қайд гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG