Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи раҳбари мактаби президентӣ ба иддаои волидон


Матлуба Муинова, раҳбари мактаби президентии шаҳри Чкалов, боло бурдани ҳаққи таҳсил барои ҳамаи хонандагонро рад кард.

Ҳафтаи гузашта бархе аз волидон бо Радиои Озодӣ дар тамос шуда, гуфтанд, ки қимати таҳсил дар мактаби президентии шаҳри Чкалов аз 80 сомонӣ ба 300 сомонӣ боло рафтааст. Хабарнигори Радиои Озодӣ дар як сӯҳбат аз Матлуба Муинова, раҳбари ин мактаб, иллати чунин боло бурдани қимати таҳсилро пурсид.

Матлуба Муинова: "Аввалан, мактаби мо давлатист ва таҳсил дар се соли аввали фаъолияти мо, аз соли 2009-ум то кунун бар асоси банди 47-и Қонуни маорифи Тоҷикистон бепул буд. Аммо имсол аз вазорати маориф ба мо иҷозат доданд, ки бо тағйири оиннома 40 фоизи талабагони ҳар синфро ба гурӯҳи “тиҷоратӣ” шомил кунем.
Аммо шикояти падару модарон, ки гӯиё онҳо аз ин огоҳ нестанду мо барои зиёд ҷамъ овардани маблағ аз онҳо ин корро ба роҳ мондем, дуруст нест. Бовар кунед, бисёр мутаассифам, ки онҳо бо оинномаи мактаби президентӣ, ки фарзандашон дар он таҳсил мекунанд, то ҳол шинос нестанд. Аслан “ҳаққи таҳсил 300 сомонӣ шуд” гуфтани онҳо ҳам нодуруст аст, чунки он хонандагоне, ки дар гурӯҳҳои буҷавӣ мехонанд, барои таҳсил ба мактаб маблағ намедиҳанд, онҳо танҳо маблағи дарсҳои иловагии пас аз барномаи таълимиро медиҳанд."

Озодӣ: Хонандагон аз рӯи кадом меъёр ба гурӯҳҳои “тиҷоратӣ” ва “буҷавӣ” ҷудо мешаванд?

Матлуба Муинова: "Фарзандон аз хонаводаҳои камбизоат, ки тавони пардохти маблағро надоранд, ба гурӯҳи “буҷавӣ” ва талабаҳо аз хонаводаҳои шароиташон беҳтар ба гурӯҳи “тиҷоратӣ” шомил карда мешаванд. Дар мо шумораи талабаҳое, ки бепул таҳсил мекунанду танҳо маблағи дарсҳои иловагиро медиҳанд, зиёдтар аст. Ба ҷуз ин, 170 талабаи мактаби мо аз оилаҳои камбизоат аз пардохти ҳама гуна маблағ озоданд."

Озодӣ: Волидони хонандагон аз он шикоят доранд, ки маъмурияти мактаб аз онҳо якбора пардохт кардани маблағи солонаи таҳсилро талаб дорад...

Матлуба Муинова: "Ин гапҳо асос надоранд. Барои он ки дар ҳақиқат ба бахши “тиҷоратӣ” он падару модароне розӣ шуданд ва ба шартнома имзо гузоштанд, ки шароит ва тавони пардохти маблағи муайяншударо доранд. Ягон кас онҳоро ба якбора супурдани ҳаққи яксолаи таҳсил маҷбур накардааст. Онҳо метавонанд давоми 10 рӯз, масалан аз 1 то 10-уми сентябр ҳаққи якмоҳаро диҳанд. Таҷрибаи сесолаи фаъолияти мо нишон дод, ки бисёр падару модарон ҳатто то охири соли таҳсил маблағи дарсҳои иловагии фарзандонашонро пардохт накарданд. Лекин муаллимон донишу малакаи худро барои дарси иловагии он талабаҳо дареғ надоштанду намедоранд. Бархе волидайн саривақт маблағро ба суратҳисоби мактаб пардохт мекунанд. Ҳама маблағҳои воридгашта мақсаднок истифода мешавад."

Озодӣ: Падари яке аз муҳассили мактаби президентии Чкалов, ки вазифаи мудирии онро бар дӯш доред, мегӯяд, дар хобгоҳи мактаб ҳудуди 70 талаба зиндагӣ мекунанд, аммо ба онҳо беш аз 50 ходими маошхӯр таъйин шудаанд...

Матлуба Муинова: "Аввалан, шумораи хонандагони хобгоҳ беш аз 70 нафар не, 41 нафар аст, ки онҳо аз минтақаҳои гуногун барои хондан ба мактаби президентӣ омадаанд. Дуюм, саробониии онҳоро ходимон не, балки то тасдиқи воҳидҳои корӣ ва моаши онҳо аз тарафи давлат муаллимони мактаб ба тариқи навбатдорӣ ва тавре дар урфият мегӯянд, холисона бар зимма доранд. Онҳо шабона дар хобгоҳ хоб мекунанд, чорабиниҳо мегузаронанд, субҳ онҳоро бедор карда, дар омодашавии талабаҳои синфҳои ибтидоӣ ба мактаб ёрӣ мерасонанд."

Озодӣ: Теъдоди муаллимони мактаб чӣ қадар аст?

Матлуба Муинова: "47 нафар ва бо кормандони дигар коллективи мактаб беш аз 100 нафаранд. Маблағгузорӣ ба мактаб аз ҷониби давлат сурат мегирад."

Озодӣ: Бисёриҳо гумон мекунанд, муаллимони мактаби Шумо, ки “президентӣ” ном дорад, аз ҷониби давлат дастгирии зиёдтари молӣ мебинад ва маоши омӯзгорони он ҳам назар ба мактабҳои дигар болотар аст...

Матлуба Муинова: "Ин тавр нест, муаллимони мо чун омӯзгорони дигар мактабҳои типи нав аз рӯи қонун 15 дарсад аз мактабҳои оддӣ болотар маош мегиранд. Тавре мебинед, он аз мактабҳои оддӣ фарқи куллӣ надорад. Мо беҳтарин муаллимони дорои дараҷаи олӣ ва унвонҳои “Аълочии маориф”-ро ба тариқи озмун ба кор ҷалб кардем, чунки ҳамин тавр дар мактаби президентӣ шогирдони беҳтарин низ аз минтақаҳои мухталиф ҷамъ омадаанд. Ростӣ, барои нигаҳдории кадрҳо ва шароити мактаби худ мо тарзи шартномавии таҳсил ҷорӣ кардем. Ба фикрам, дар замони мо ин як роҳи муносиб аст, ки фақат ба умеди давлат нашавему мисли дигар мактабҳои хусусиву хориҷӣ ба ҳамин тарз маблағе ҷамъ овардаву шароити кору таҳсил барои муаллимону талабагонамонро боз беҳтар намоем."
XS
SM
MD
LG