Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э.Раҳмон: "Ислоҳи маориф танҳо бунёди мактаб нест..."


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз афзоиши ҷинояткорӣ миёни ҷавонон нигаронӣ намуда, онро ҳамчун мушкили ҷомеа арзёбӣ намудаст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки дар баҳрабардорӣ аз Мактаби байналмилалии президентӣ дар Душанбе сӯҳбат мекард, бо ишора ба ҳодисаҳои номатлуби солҳои охир миёни наврасон, бар таъмин намудани таносуби дониш ва ахлоқ дар низоми маорифи миллии кишвар таъкид кард.

Ба таъкиди раисиҷумҳур, “ислоҳоти низоми маориф фақат бунёди мактабу синфхонаҳои нав, таъмиру таъминоти онҳо бо техника ва технологияҳои замонавӣ ё ороиши синфхонаҳо набуда, бояд он, пеш аз ҳама, ба тақвияти дониш ва одобу ахлоқ равона карда шавад.”

Ба таври бесобиқа боло рафтани сатҳи ҷинояткории наврасону ҷавонон ва дар ҷиноятҳои вазнин, аз қабили расонидани зарари сахти ҷисмонӣ, таҷовуз ба номус, роҳзаниву ғоратгарӣ мақомоти тоҷикро ба ташвиш овардааст.

Ба ин манзур дар авоили моҳи майи соли ҷорӣ бо ибтикори вазорати умури дохилӣ, кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва кор бо занони Тоҷикистон дар бинои Донишгоҳи миллӣ бо ҷавонон мулоқот баргузор шуда буд.

Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон дар ин нишаст гуфта буд, танҳо дар чанд моҳи соли ҷорӣ аз сӯи ҷавонон беш аз 1 ҳазору 200 ҷиноят содир шудааст, ки аз ин ҳисоб 12 ҳодисаашро куштор ташкил медиҳад. Ба гуфтаи вазир, афзоиши ҷиноят тавассути насли наврас ва ҷавонони донишҷӯ мояи нигаронии амиқи мақомоти Тоҷикистон шудааст. Зеро ба таъкиди вай, танҳо аз оғози сол то имрӯз 230 нафар аз ҷавонон пушти панҷара рафтаанд ва 6 нафари онҳо донишҷӯ буданд.

Раисиҷумҳур дар идома сӯҳбаташ бори дигар ба масъалаи таҳсили наврасону ҷавонони тоҷик дар хориҷ аз кишвар ишора кард ва гуфт, ки бархе аз волидон ба сарнавишти фарзандони худ бетаваҷҷӯҳӣ мекунанд.

Ӯ афзуд, "аз ҷумла баъзеи онҳо бе дарки оқибатҳои вазнини тақдири фарзанд бачаҳои ноболиғро бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба хориҷи кишвар барои таълими динӣ ба муассисаҳои таълимии равияи экстремистӣ мефиристанд. Аксари онҳое, ки имрӯз ба ватан баргардондем, ба забони тоҷикӣ навишта ва хонда наметавонанд.”

Дар ду соли қабл Эмомалӣ Раҳмон ба падару модарон муроҷиат карда буд, ки фарзандони худро аз мадориси динии хориҷӣ баргардонанд, зеро онҳо барои илм рафтаву аз хориҷа ҳамчун тундраву террорист бармегарданд.

ОҒОЗИ СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ ДАР ТОҶИКИСТОН

Рӯзи 1-уми сентябр дар Тоҷикистон соли нави хониш оғоз ёфт ва мактабҳои миёна ва донишгоҳҳо дарҳои худро ба рӯи донишомӯзон боз карданд.

Нахустин рӯзи соли нави таҳсил дар шаҳри Душанбе бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Мактаби байналмилалии президентӣ оғоз шуд. Ин маросим бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва бо баргузории «Дарси сулҳ», сурат гирифт.

Тибқи иттилои вазорати маорифи Тоҷикистон имсол бештар аз 170 ҳазор кӯдак қадам ба синфи якуми мактаб мегузоранд. .

Бар пояи гузориши вазорати маорифи Тоҷикистон, соли ҷорӣ барои мактабҳои миёнаи умумӣ бештар аз 7000 мутахассис роҳхат гирифтаанд, ки аз ин шумора то 15-уми август танҳо ҳудуди 2200 нафари онҳо ба ҷойи кор ҳозир шудаанд.

Дар робита ба Абдусамад Муллоев, сардори раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии вазорати маориф гуфт, ки дар сурати ҳозиршавии 70 дарсади боқимонда омӯзгорони ҷавон, норасоии кадр дар муассисаҳои таълимӣ ҳалли худро пайдо хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои вазорати маорифи Тоҷикистон дар кишвар охири соли ҷорӣ 248 адад мактаби нав мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Аммо бо ин ҳам бархе аз ин мактабҳо дар рӯзи аввали оғози соли нави хониш дарҳояшонро ба рӯйи хонандагон боз хоҳанд кард.


Ҳафтсола нестӣ? Ба мактаб наой!
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:23 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG