Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мактабҳои вилояти Суғд волидонро аз иштироки фарзандон дар дарсҳо тавассути "СМС" огоҳ мекунанд.

Сар аз моҳи феврал маъмурияти мактабҳо аз иштироки муҳассилин дар дарсҳо ва ҷараёни таҳсили онҳо ба волидонашон аз тариқи почтаи электронӣ ё "СМС" паём мефиристанд.

Робитаи доимӣ

Ин кор то кунун дар се мактаби вилоят, аз ҷумла мактаби президентӣ, “Амид” ва “Файз” таҷриба шудааст.

Матлуба Муинова, раҳбари мактаби президентӣ дар Чкалов мегӯяд, ин барномаро бо ҳадафи барқарор кардани робитаи доимӣ бо волидони муҳассилин рӯйи даст гирифтаанд.

“Бо истифода аз ин усул ҳар раҳбари синф ё муаллими ягон фанн метавонад волидони толибилми худро огоҳ кунад, ки ин ё он талаба дар таҳсил ба пешрафте ноил шудааст ё на. Ҳамчунин онҳоро огоҳ кунад, ки он рӯз фарзанди онҳо ба дарс омад ё наомад”,-афзуд ӯ.

Коре саҳлу сода

Масъулони идораи маорифи Суғд мегӯянд, бо истифода аз фанновариҳои ҷадид аз таҳсил берун мондани бархе аз наврасон ва афзоиши мизони ҷинояткорӣ дар миёни онҳоро ҷилавгирӣ хоҳанд кард.

Ба гуфтаи онҳо, дастрасии тақрибан ҳама хонаводаҳои тоҷик ба телефонҳои ҳамроҳ ё мобил иҷрои ин корро барояшон сода хоҳад кард.

Ин дар ҳолест, ки ба иттилои идораи корҳои дохилии вилояти Суғд, дар соли гузаштаи 2010 бештар аз 140 наврас дар ин вилоят даст ба ҷиноят ва он ҳам аксаран дуздиву ғорат задаанд. Мақомот мегӯянд, ҷиноятҳо умдатан аз ҷониби наврасони аз таълиму тадриси мактаб ва назорати волидон дурафтода сурат гирифтааст.

Духтарон аз таҳсил канор мемонанд

Ҳамчунин ба гуфтаи идораи маориф, дар соли хониши ҷорӣ беш аз 100 мактабхон, аз ҷумла 64 нафар духтарон аз таҳсил дур монда, то анҷоми нимсола танҳо беш аз ними онҳо ба мактаб ҷалб карда шудаанд.

Як сокини Хуҷанд, ки худро Мӯъминҷон Раҳматов муаррифӣ кард, дар суҳбат ба “Озодӣ” гуфт, барномаи “СМС–рӯзнома”-ро дар мактабҳо барои беҳбуди таълиму тарбияи фарзандонаш муассир медонад.

Ин сокини шаҳри Хуҷанд гуфт, “ду фарзанди мактабхонам аз соати 8–и субҳ то нисфирӯзӣ дар мактабанд. Ману ҳамсарам ба кор меравем. Намедонем, фарзандон дар мактабанд ё ҷойи дигар. Агар “СМС” фиристанд, падару модаронро хотирҷамъ мекунад ва ҳам дар тарбияи фарзанд кӯмак менамояд.”

Василаи нави пулҷамъкунӣ?

Аммо барномаи “СМС–рӯзнома”-и мактабҳои миёнаро ҳама волидон яксон қабул накардаанд.

Бархе аз падару модарон мегӯянд, ин барномаро дар ҳоле қабул доранд, ки агар онро раҳбарони мактабҳо ба як василаи нави ҷамъоварии маблағ, аз волидайни мактабхонҳо, масалан, барои харидани телефонҳои мобилӣ ва пардохтҳои ҳармоҳаи он табдил надиҳанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG