Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

4 голи беҷавоби наврасони тоҷик ба дарвозаи Узбакистон


Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) ба дарвозаи ҳарифони худ аз Узбакистон чаҳор голи беҷавоб заданд.

Футболбозони навраси тоҷик дар сабқати Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон -- Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба дарвозаи ҳарифони узбаки худ чаҳор голи беҷавоб заданд. Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) гуфт, ин чаҳор голро Комрон Турсунов, Зокир Иброҳимов, Ҷаҳонгир Алиев ва Акрам Қурбонов ба ҳадаф расондаанд.

Ин дар ҳолест, ки ба таъкиди масъулони ФФТ, доварони бозӣ боз ду голи, ба қавли онҳо, задаи футболбозони навраси тоҷикро ҳисоб накардаанд. Вагарна, ба гуфтаи онҳо, ин бозӣ бо ҳисоби бузурги 6:0 ба фоидаи футболбозони навраси тоҷик анҷом меёфт.

Бозии миёни дастаҳои наврасони Тоҷикистону Узбакистон рӯзи якшанбеи 23-юми сентябр дар Ашқобод сурат гирифтааст. Ҳамакнун дастаи наврасони футболи Тоҷикистон рӯзи 25-уми сентябр бо дастаи Беларус вориди сабқат хоҳанд шуд.

Пеш аз ин, дастаи наврасони футболи Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Украина дидор карда, бозиро бо ҳисоби 3:0 бохта буд.

Дар мусобиқоти Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон ҳамагӣ нӯҳ даста миёни ҳам қувваозмоӣ доранд. Ин бозӣ, ки рӯзи 20-уми сентябр оғоз ёфтааст, то 29-уми ҳамин моҳ идома хоҳад дошт.

Ин мусобиқаи анъанавӣ ҳарсол моҳи феврал бахшида ба Рӯзи Парчами миллии Туркманистон доир мешуд. Бо пешниҳоди Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон, ин мусобиқа ба моҳи сентябр гузаронида шуд ва он дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ шудани Консепсияи раёсати Туркманистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2012-ум барпо мегардад.

Маблағи ҷавоизи мусобиқа 35 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб Ҷоми раисиҷумҳур ва 20 ҳазор доллар супурда хоҳад шуд. Дастае, ки ҷойи дувумро мегирад, бо 10 ҳазор доллар ва дастае, ки ҷойи севумро касб мекунад, бо 5 ҳазор доллар мукофотонида мешаванд.

Дар мусобиқоти пешин дастаҳои бузургсолон аз Арманистон, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Литва, Молдова, Русия, Украина, Узбакистон, Тоҷикистон, Эстония, Баҳрайн, Эрон, Туркия, Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Тайланд ва Туркманистон ширкат карда буданд.

Вале имсол бо тасмими ташкилкунандагони мусобиқа дастаҳои мунтахаби наврасон (U-17) барои Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон талош доранд.
XS
SM
MD
LG