Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии "Парвоз" дар сафар ва "Истаравшан" дар хона


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ду бозӣ аз давраи 16-уми миёни тимҳои футболи Лигаи олии Тоҷикистон ба анҷом расиданд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, "Парвоз"-и Бобоҷон Ғафуров дар ҳоле пирӯз шуд, ки дар нимаи аввали бозӣ ба "Ҳосилот"-и Фархор бо ҳисоби 1:0 бозиро бохта буд. Ин голро Саидамир Мирзоев зада буд.

Дар нимаи дувуми бозӣ бозигари ҷавони "Парвоз" - Комрони Мирзохон ҳисобро баробар кард. Голи пирӯзиро дар дақиқаи охирини бозӣ капитани дастаи "Парвоз" Мансур Ҳакимов ба ҳадаф расонд. Ин пирӯзӣ футболбозони «Парвоз» - ро дар ҷадвали мусобиқот бо «Вахш» -и Қӯрғонтеппа баробар кард ва ҳоло ин тим дар мақоми панҷуми ҷадвали мусобиқот қарор дорад.

Бозии дигар дар варзишгоҳи «Чашма» - и ноҳияи Спитамен миёни дастаҳои «Истаравшан» - и Истаравшан ва «Зарафшон» - и Панҷакент баргузор шуд. Дастаи «Истаравшан» ба далели он ки варзишгоҳаш дар таъмир қарор дорад, соҳиби майдон ҳисоб мешуд ва бозиро бо ҳисоби бузург 4:1 ба нафъи худ анҷом дод. Ду голи ин бозиро легионери узбак, собиқ бозигари "Регар-ТадАЗ" Аббос Абдуллоев ба ҳадаф расонд. Абдураҳмон Қурбонов ва Улуғбек Каримов, бозигарони дигари «Истаравшан» яктӯбӣ ба дарвозаи «Зарафшон» ворид карданд. Илҳом Баротов, бозигари Истаравшан ҳанӯз дар ибтидои бозӣ ҷаримаи 11- метраро ба ҳадаф расонида натавонист.

Натиҷаҳои мусобиқоти футболи Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 16-ум:

"ИСТАРАВШАН" - "ЗАРАФШОН" - 4:1
Голҳо: «Истаравшан»: Аббос Абдуллоев (1 гол аз 11 - метра, 1 голи бозӣ), Абдураҳмон Қурбонов, Улуғбек Каримов.

«ҲОСИЛОТ» - «ПАРВОЗ» - 1:2
Голҳо: Саидамир Мирзоев («Ҳосилот») – Комрони Мирзохон, Мансур Ҳакимов (Истаравшан).

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

13

11

2

0

34-9

35

2

«Равшан» (Кӯлоб)

13

11

1

1

21-5

34

3

«Истиқлол» (Душанбе)

13

9

2

2

32-8

29

4

«Хайр» (Ваҳдат)

14

8

3

3

26-18

27

5

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)

14

7

2

5

31-20

23

6

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

14

7

2

5

20-9

23

7

ССКА «Помир» (Душанбе)

14

5

4

5

16-16

19

8

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

14

5

1

8

18-23

16

9

«Истаравшан» (Истаравшан)

15

5

2

8

22-30

17

10

«Энергетик» (Душанбе)

14

3

5

6

18-19

14

11

«Ҳосилот» (Фархор)

14

3

1

19

14-33

10

12

«Зарафшон» (Панҷакент)

14

1

3

10

15-44

6

13

«Гвардия» (Душанбе)

14

1

0

13

8-41

3

XS
SM
MD
LG