Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бар асари инфиҷори "снаряд"-е дар наздикии размоишгоҳи "Мумирак"-и Кӯлоб як навраси даҳсолаи тоҷик ҷон бохтааст.

Дар деҳаи Хоҷағалтони ноҳияи Шӯрообод бар асари инфиҷори маводи тарканда Дилшоди даҳсола ҷони худро аз даст додааст. Ин дар ҳолест, ки сарбозону афсарони двизияи 201-и Русия дар размоишгоҳи "Мумирак", ки дар поёни ин деҳа воқеъ аст, тамрини низомӣ мегузаронанд.

Аммо дафтари матбуоти пойгоҳи низомии Русия ба хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтааст, онҳо ҳангоми баргузории машқҳои худ аз эҳтиёт кор мегиранд ва тире, ки аз он як наврас ба ҳалокат расидааст, ба онҳо тааллуқ надорад.

Неъмат Наимов, сардори шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Шӯрообод, мегӯяд, ҳангоми сӯҳбат бо шоҳидон маълум кардаанд, ки тири дарёфтшуда зангхӯрда асту эҳтимол аз солҳои пеш дар ин ҷо боқӣ монда бошад. Аммо ӯ илова кард, ки дар ин мавзеъ ба ҷуз русҳо касе машқи низомӣ анҷом намедиҳад.

Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, "кӯдак (Дилшод) бо ҳамроҳи волидайнаш барои гандумдаравӣ меравад ва тири снарядро, ки нотаркида будааст, пайдо намуда ва онро бо доси гандумдаравӣ мекӯбад. Пас аз таркиш кӯдак ба беморхона оварда мешавад, ки дар ҳамон ҷо ҷон медиҳад." Шӯъбаи умури дохилии Шӯрообод дар ин бора мавод тартиб дода, ба додситонии ноҳия ирсол кардааст.

Бо ин ҳол, машқҳои навбатии низомиёни рус дар мавзеи "Мумирак" ва кушта шудани як навраси маҳаллӣ аз тири "тасодуфии нотаркида" тарсу нигаронии сокинонро аз нав бедор кардааст. Талабшоҳ Сайфов, сокини деҳаи Хоҷағалтон мегӯяд, ҳар сол аз чунин тирҳои тасодуфӣ чанд нафар кушта ва ё маҷрӯҳ мешаванд: "Мумирак" дар поён ҷойгир аст ва деҳаи Дараи Об, Кафтар, Доғистон ва Хоҷағалтон дар болои пойгоҳ ҳастанд, яъне қариб дар ҷои тиррас ҷойгир шудаанд. Соли гузашта болопӯши хонаи ҳамсояи мо аз тири низомиёни рус сӯхта нобуд шуд. Бисёр вақт гандумзорҳо оташ мегиранд ва чорпоёне, ки дар саҳро мечаранд, аз ин тирҳо ба ҳалокат мерасанд. Борҳо шикоят кардем, аммо бе натиҷа. Ба ҷуз эҳтиёт кардан дигар коре надорем."

Аҳмади Иброҳим, рӯзноманигори маҳаллӣ, ки борҳо дар мавриди пойгоҳи низомии русҳо мақолаҳои интиқодӣ нашр кардааст, ҳоло зери фишор қарор гирифтааст. Ӯ мегӯяд, ахиран низомиёни рус аз болои ӯ, ба вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ва додситонии кул шикоят бурдаанд. Ба гуфтаи ӯ, пойгоҳи низомии Русия ҳамеша боис ба ташвиши сокинони оддист ва то навиштани мақолаҳои интиқодӣ онҳо ба ҳукумати маҳаллӣ маблағи истифодаи барқу газ ва дигар хидматрасониҳоро пардохт накарда, роҳҳои маҳаллиро бо зиреҳпӯшҳои худ хароб месохтанд.

Тамрингоҳи низомии пойгоҳи Русия дар 7-километрии беруни шаҳри Кӯлоб ҷойгир аст. Масъулони созмони Ҳилоли Аҳмар дар минтақаи Кӯлоб мегӯянд, машқгоҳи пойгоҳи низомиёни рус дар Кӯлоб солҳост дар ҳудуди навоҳии Мӯъминободу Шӯрообод амал мекунад, вале ҳудудаш то кунун аломатгузорӣ нашудааст. Зайниддин Олимов, котиби иҷроияи Ҳилоли Аҳмар дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, ин мавзӯъро ҳангоми сӯҳбат бо масъулини пойгоҳи Русия баррасӣ кардааст. Ҷаноби Олимов мегӯяд, "бинобар мушаххас набудани ҳудуди ин машқгоҳ сокинонро фаҳмондан мушкил аст. Ду сол пеш аз деҳаи Мумирак се нафар аз як хонавода аз снаряд тарикда ҳалок гашта буданд. Чанд нафари дигар маъюб шудаанд. Созмони мо як созмони хайриявист ва ба масъалаҳои буду бош кор надорад ва мо танҳо хоҳиш кардем, ки барои ҳам осонии кори худ ва ҳам осони кори мову сокинон чунин кунанд. Ин хоҳиш аст ва барои хоҳиши моро иҷро кардан низомиён маҷбур ҳам нестанд."

Пойгоҳи низомии Русия дар Кӯлоб солҳои сиюми асри гузашта, замоне ки Тоҷикистон як узви Иттиҳоди Шӯравӣ буд, сохта шудааст.
Тибқи иттилои сокинони маҳаллӣ аз инфиҷори тирҳои нотаркидаи тамрингоҳи ин пойгоҳ дар Мумирак дар даҳ соли ахир 15 нафар ҷон бохта, беш аз 20 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Низомиёни рус низ бо далели ин ки "ин тирҳо ба онҳо тааллуқ надоранд", ба хонаводаҳои зарардида ҷуброне пардохт накардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG