Пайвандҳои дастрасӣ

Манбаъҳои хушунат ва ноамнии Осиёи Марказӣ бештар аз дохили худи ин кишварҳо бармехезад, то аз хориҷ.

Сомонаи EurasiaNet дар матлабе таҳти унвони “Осиёи Марказӣ: Нигоҳе ба манбаъҳои хушунату ноамнӣ” менависад, дар аксарияти кулли ҷангу хушунатҳои даргирифта дар ин қаламрав омили асосӣ Афғонистон набуд. Таҳлилгарони минтақавӣ низ ба сурати умум бо чунин ақида мувофиқанд, вале мегӯянд, баъди соли 2014 омили Афғонистон дар масоили амнияти Осиёи Марказӣ, ба хусус Тоҷикистон нақши бештари, мутаассифона, манфӣ касб хоҳад кард.

Ҷустуҷӯи душмани хориҷӣ

Як гумони ғолиб ин аст, ки таҳдиди асосӣ ба суботи Осиёи Марказӣ аз Афғонистони манбаъи қочоқи маводи мухаддир ва тундгароӣ меояд, вале дар асл чолишҳои асосии амниятӣ аз дохили худи ин минтақа мерӯянд, то аз берун. Чунин Досим Сатбаев, таҳлилгари қазоқ

Досим Сатбаев, таҳлилгари қазоқ

аст як хулосаи EurasiaNet, ки мегӯяд, қудратҳои асосии бозигар дар майдони Осиёи Марказӣ то ҳол рӯи омили Афғонистон фикр мекунанд ва ба ин таҳдид ҳам асосан бо кумакҳои низомӣ ва таҳкими марзҳои минтақа, ё дар мисоли Русия, бо талоши тамдиди замони ҳузури пойгоҳи 201-уми иборат аз қариб 6000 сарбозаш дар Тоҷикистон, расидагӣ доранд.

Корнелиус Грабнер, муаллифи матлаби EurasiaNet мегӯяд, ин расидагӣ фақат ба зоҳири масъала аст, на ҳалли решаии мушкил. Ӯ мегӯяд, дар хушунатҳои асосии 20 соли охири Осиёи Марказӣ – ошӯби соли 1990 дар Ӯзгену Ӯш, ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон, исёни Андиҷон дар соли 2005, ду инқилоби солҳои 2005 ва 2010 дар Қирғизистон, даргириҳои қавмии ду соли пеш дар Ӯш, нооромиҳои ахир дар Рашту Бадахшон ва ҳам ошӯби поёни соли гузашта дар ғарби Қазоқистон –омили асосӣ, ба ҳар сурат, Афғонистон набуд, балки ин ҳама бештар аз дохили ин кишварҳо об мехӯрд.


​Таҳлилгари қазоқ Досим Сатбаев ҳам мегӯяд, ҳокимони маҳаллӣ одатан бо бор кардани тамоми мушкилоти минтақа ба Афғонистон мехоҳанд иштибоҳу кӯтоҳиҳо дар сиёсати худро пинҳон кунанд: “Теъдоди зиёди таҳдидҳо дар худи Осиёи Марказӣ нуҳуфтааст, бахусус дар он кишварҳояш, ки бо бастаи бузурги мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ дастбагиребонанд. Беадолатии иҷтимоӣ, афзоиши ифротгароӣ, муҳоҷират, масоили муҳити зист, фасод, низомҳои худкома - ин ҳама мушкилоти дохилии мост ва рабте ба Афғонистон надорад. Ҷустуҷӯи душмани хориҷӣ, як одати нухбагони маҳаллист, ки бо ин роҳ мехоҳанд таваҷҷӯҳи ҷомиаро аз мушкилоти дохилии ин кишварҳо ҳаддалимкон дур бикашанд.”

Боз як баҳонаи таъқиби мухолифин

Лилит Геворгян, коршиноси Пажӯҳишгоҳи Ҷейн дар Лондон аммо мегӯяд, дараҷаи таҳдиди омили Афғонистон вобаста ба кишварҳои Осиёи Марказӣ фарқ мекунад ва агар барои Тоҷикистон, ки бо Афғонистон зери 1400 километр марзи мустақим дорад, омили он сӯи Омӯ хеле маҳсус бошад, барои Қазоқистон, ки дуртар аст, ин омил баръакс чандон муассир нест. Ба сурати умум, мегӯяд ӯ, аз ноҳияи Афғонистон бештар Тоҷикистону Узбакистон ва Қирғизистон эҳсоси хатар мекунанд, то ду кишвари дигари минтақа - Қазоқистону Туркманистон

Хонум Геворгян афзуд: “Вале дар айни замон, дар Тоҷикистону Қирғизистон ва бавижа дар Қирғизистон омилҳои дохилӣ низ нақши муҳим доранд. Бахусус дар мавриди суботи сиёсӣ ва амният. Қирғизистон ду дафъа шуд ҳукуматҳояшро аз тариқи инқилоб сарнагун мекунад ва дар таҳаввулоташ, фикр мекунам, нақши Лилит Геворгян

Лилит Геворгян

омилҳои дохилӣ бештар аст, то унсурҳои беруна. Аммо таъсири омили Афғонистон ба талотуми ҳодисот дар Тоҷикистон, бахусус баъди хуруҷи нирӯҳои эътилоф дар соли 2014, ба эҳтимоли ғолиб хеле бештар хоҳад шуд. Ин омил шояд баҳонаи дигарбораи даст ба таъқиби мухолифини сиёсиаш задани мақомоти Душанбе шавад, ки низ ба навбаи худ метавонад вокуниши тундтари ҷониби муқобилро ба бор биорад.”

Талоши ба Ал-Қоида бастани пои Аёмбеков

EurasiaNet дар матлаби “Осиёи Марказӣ: Нигоҳе ба манбаъҳои хушунату ноамнӣ” нақши омили он сӯи Омӯро ҳатто дар буҳрони ахири Хоруғ андак хонда, мегӯяд, талоши мақомот барои бастани ин ҳаводис ба пои ҷангиҳои афғону Толибону Ал-Қоида ё ба Ҳаракати исломии Узбакистон чандон боварибахш наомад. Аммо Лилит
Геворгян мегӯяд, набояд аз ёд бурд, ки ҷангсолорони тоҷик пешинаи тӯлонии равобит бо ҷангиҳои афғонро доранд.

Раҳматуллоҳ Абдуллоев, раҳбари маркази низоъшиносӣ дар Душанбе ҳам мӯътақид аст, ки Тоҷикистон дар муқобили таҳдидҳои бархоста аз Афғонистон осебпазиртарин кишвар дар минтақа боқӣ мемонад: “Омили муҳиме, ки дар минтақа ҳузур дорад ва таъсираш ҳамарӯза эҳсос мешавад, вазъи Афғонистон ва таъсираш ба давлатҳои минтақаи мост. Албатта, омилҳои дохилӣ низ ҳаст, ин омилҳо низ таъсир мерасонанд, вале ман фикр мекунам, ки Тоҷикистон аз омилҳои беруна ва бахусус аз ноҳияи Афғонистон бештар аз ҳама осебпазир мебошад. Дар ҳамин даргириҳои ахир низ нақши Афғонистон дида мешуд. Гурӯҳҳои фаъол дар Хоруғ бо гурӯҳҳои мусаллаҳ дар он сӯи марз робита доштанд. Аз ҷумла дар масъалаи қочоқи маводи мухаддир ё қочоқи силоҳ.”

Таҳлилгарон аз як сӯ синну соли ба ҷое расидаи аксари ҳокимони кунунии Осиёи Марказӣ ва ногузир шудани таҳвили қудрат дар дастикам Узбакистону Қазоқистон ва аз сӯи дигар, эҳтимоли бурузи низоъҳои қавмии монанд ба хунрезии ду соли пеши байни қирғизҳову узбакҳо дар Ӯшу Ҷалолободро аз манобеъи дигари беамнӣ дар ин минтақаи пурмушкил арзёбӣ мекунанд. Лилит Геворгян мегӯяд, таҳдиди чирикиҳои исломӣ дар Осиёи Марказӣ ҳанӯз чандон бузурге нест, ки тасвир мешавад, вале агар ин гурӯҳҳо бо пайравӣ ба “Баҳори Араб” ба ҷои сохтани хилофати мавҳуми исломӣ дунболи шиорҳои ба мардум наздиктаре, чун мубориза бо низомҳои фосид шаванд, шояд ба нуфузи ҷиддитаре даст биёбанд.

Дар ҳар сурат, ба назари таҳлилгарон, як таҳдиди умда ба суботи режимҳои худкомаи ҳоким дар Осиёи Марказӣ мушкилоти иҷтимоиву иқтисодист, ки агар ҳамзамон бо таҳвили қудрат дар ин ё он кишвар иттифоқ биуфтад, метавонад вусъату домана ва паёмадҳои ғайричашмдоште ба бор биорад. Ҳатто бидуни ширкати омили Афғонистон.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG