Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интихоби раҳбари ояндаи Тоҷикистон дигар дар дасти Маскав нест, вале ин ҳаққ ҳанӯз ба дасти мардум ҳам нарасидааст.

Манбаъи ҳокимият дар кишварҳои демократӣ мардум аст ва дар Сарқонуни Тоҷикистон низ халқ “сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ” номбар шудааст.

Вале давлатдороне, ки ба ин манбаъи “ватанӣ”-и машрӯъияти қудрат камтар аҳамият медиҳанд, хусусан дар мавридҳои машкуки тамдиди раёсаташон ногузир мешаванд, то барои таъйиди номзадии худ ва таъмини машрӯъияти бештар ба чанд пойтахти муҳими хориҷӣ ҳам сар бизананд.

Путин – бозигари рақами 1?

Бо онки то интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз 15 моҳи дигар боқӣ мондааст, баҳси маҳофил бештар аз нақшу нуфуз ва таъсири омилҳои хориҷӣ дар ин корзори муҳими сиёсист, то рӯи онҳое, ки дар интихоботи моҳи ноябри соли 2013 битавонанд бо раисиҷумҳури кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон даступанҷа нарм бикунанд.

Маҷаллаи “Элита” дар матлабе таҳти унвони “Интихобот-2013: 10 чеҳраи таъсиргузор” Владимир Путин, раисиҷумҳури Русияро “бозигари рақами 1” дар интихоботи Тоҷикистон номида, ба дунбол Ислом Каримов, Барак Обама ва Ҳу Зинтаоро пайи ҳам чидааст ва танҳо дар поён аз чанд таъсиргузори дохилӣ ёд мекунад. “Элита” мегӯяд, Каримов, “аз сарсахттарин манфиатхоҳон” дар ин маърака, шояд нақшае барои соли 2013 дорад, вале “Узбакистон ба ҳар ҳол Русия нест, ило агар ӯ тавонад дар ин росто мавқеъи Кремлро ба худ моил созад.”

Далери Ғуфрон, сардабири “Элита” ва муаллифи ин матлаб ба Радиои Озодӣ гуфт, бавижа дар шароити Тоҷикистон қонуни нонавиштае ҳанӯз боқист, ки ба ҷуз аз таъйиди мардум машрӯъияти хориҷӣ, яъне ризоияти ин ё он кишвар низ бояд ба даст оварда шавад. Ба ақидаи ӯ, бештар давлатҳое чунин вобастаи фишангҳои беруна мешаванд, ки ба машрӯъияти дохилӣ аҳамияти чандоне қоил нестанд ва пояи қудраташон дар дохил зиёд устувор нест.

Боз ҳам қартаи Маҳмуду муҳоҷирон

Вақте сӯҳбат аз таъсири хориҷӣ дар таҳаввулоти сиёсии Тоҷикистон меравад, албатта, пеш аз ҳама, Русияву Узбакистон ба ёд меояд ва он аҳруму фишангҳои фишор, ки ин ду кишвар метавонанд дар муқобили Душанбе ба кор баранд.Солҳост, ки баҳси пойгоҳи низомии 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон ва ҳам артиши якмиллионнафарии муҳоҷирони беҳуқуқи тоҷик аз ҷумлаи умдатарин абзорҳои таъсири Маскав ба ҳаводиси Тоҷикистон зикр мешавад. Дар дасти Узбакистон як қартаи асосӣ одатан Маҳмуд Худойбердиевро ном мегиранд ва якеи дигар – мухолифати сарсахтонаи Тошканд ба сохтани ҳар навъ нирӯгоҳу обанбори азим дар ҳамсоякишвараш.

Эмомалӣ Раҳмон дар поёни соли 1992 бо кwмаки Русияву Узбакистон ба қудрат расид ва ҳарчанд баъдан аз Тошканд рӯ тофт, вале то хеле соли дигар ҳукумати ӯ асосан ин таърифро дошт, ки “дар рӯи найзаҳои русӣ истодааст.” Аммо ба назари таҳлилгарон, дар ин ду даҳсола давлатҳои пасошӯравӣ ва аз ҷумла давлати оқои Раҳмон аз меҳвари Русия хеле дуртар шудаанд ва дигар солҳои 90 нест, ки исми раҳбари Тоҷикистон бояд қабл аз ҳама дар Маскав “ок” мешуд.

Статус-кво

Сергей Маркедонов, таҳлилгари рус

Сергей Маркедонов, таҳлилгари рус

Коршиноси рус Сергей Маркедонов мегӯяд, худи Маскав ҳам дар сиёсаташ дар қиболи кишварҳои пасошӯравӣ моил ба кадом “ҳаракатҳои шадид” нест ва ба ҳифзи статус-кво бартарӣ медиҳад: “Русия, албатта, рӯирост дахолат намекунад, яъне ба шумориши оро, пешбарии номзадҳо ва дигар умури интихоботӣ. Вале Русия ҳамчун кишваре, ки дар минтақа ва дар Тоҷикистон манфиатҳои худро дорад, номзади мақбулашро хоҳад дошт. Сиёсати берунаи Русия дар 20 соли охир як мантиқ дошт: статус–кво. Яъне дар ҳар куҷое ки имкони худдорӣ аз тағйири авзоъ вуҷуд дошт, Русия ҳифзи статус-кворо бартарӣ медод. Танҳо истисно аз ин мантиқ ҷанги соли 2008-аш бо Гурҷистон буд. Дар Тоҷикистон Русия боз ҳам аз ҳизби ҳоким ва агар Эмомалӣ Раҳмон худ ба интихобот биравад, аз ӯ ҳимоят хоҳад кард, чунки ҳамин гурӯҳи ҳокимро мақбултар ва ҳомии статус-кво дар Тоҷикистон мешуморад.”

Раисиҷумҳури кунунии Русия Владимир Путин бо инки имсол ба пайравӣ аз ҳамтоёнаш дар Осиёи Марказӣ ба давраи севуми раёсат рафт, худро аз ҳаққи маломат ба ишқи беҳади онҳо ба қудрат маҳрум сохт. Аз сӯи дигар, Русия дар поёни соли 2011 бо вуҷуди бо ҷанг аз Гурҷистон зада гирифтани Осетияи ҷанубӣ ва 20 сол собиқаи султаи низомиҳояш бар Приднестровйе - як вилояти ҷудоихоҳи Молдова- боз ҳам натавонист номзадҳояшро дар интихоботи ин ду вилоят баранда кунад. Кор дар Осетияи ҷанубӣ ба интихоботи нав кашид ва танҳо бо ҷабран аз корзор берун кардани довталаби асосӣ ба Маскав муяссар шуд, одами худро бо азобе “гузаронад”. Дар Приднестровйе Русия ҳатто маҷбур шуд, пирӯзии Евгений Шевчук бар номзади Кремлро “фурӯ” барад.

Таҳлилгарон мегӯянд, ин ду нокомӣ то чӣ андоза дар ин 20 сол кӯтоҳ шудани дасти Кремл дар саҳнаҳои сиёсии пасошӯравиро ба намоиш мегузорад ва дигар баъид аст, ки агар фаразан дар Маскав азми Эмомалӣ Раҳмон барои рафтан ба интихоботи чорумашро напазиранд, ӯву тарафдоронаш ба ин тасмим бечунучаро ва ба осонӣ гардан диҳад.

Сергей Маркедонов мегӯяд: “Як бовари хом дар ҳамаҷо мечархад, ки агар Русия дар ҷое манфиате дошта бошад, вазъро комилан назорат хоҳад кард. Ин имкон надорад, чунки ЦК КПСС дар Маскав дигар нест. Фишангҳое ҳанӯз дар ихтиёри Русия боқӣ мондааст, вале ин имконот ҳатто дар қиболи режимҳои “ҳамроҳак”-аш, чун Осетияи ҷанубӣ хеле маҳдудтар шудааст. Маскав ҳамоно то ҷое таъсир расонда метавонад, албатта, вале на дар ҳадди 100 дарсад. Дар мавриди Тоҷикистон низ ҳол ҳамин аст.”

Ба назари коршиносон, таъсири Кремл дар интихоботи Тоҷикистон чандон густарда нахоҳад буд ва ғолибан бо ваъдаи ҷалби бештари паймонҳои иқтисодии пасошӯравӣ, назири ЕврАзЭС, ба ҳалли мушкилоти Тоҷикистон ва ироаи имтиёзҳое дар тиҷорат бо Русия ваё барои муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар хулоса хоҳад шуд. Аммо гумон аст, ки Маскав ҳатто ба хотири таъмини пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон ба гузашти бузурге дар масъалаи пойгоҳ ва ё ба таъмини молии тарҳи барои Душанбе ҳаётан муҳими нирӯгоҳи Роғун розӣ шавад.

Маскав такя ба Раҳмон хоҳад зад

Иззат Амон, сиёсатмадори тоҷики муқими Маскав мегӯяд, дар марҳалаи кунунӣ баъид аст, ки Маскав номзади дигареро бар Эмомалӣ Раҳмони санҷидашуда ва барояш боз ҳам содиқтар аз дигарон бартарӣ диҳад: “Новобаста аз сардии муносибот дар чанд соли охир, оқои Раҳмон ҳамоно ягона шарики стротегии русҳо дар Осиёи Марказӣ дар умум ва дар Тоҷикистон хосатан боқӣ мемонад. Бино бар ин, гумон накунам, ки Маскав самти сиёсаташро дар замони интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон иваз намояд. Маскав ҳеҷ гурӯҳи Иззат Амон, коршиноси тоҷик муқими Маскав

Иззат Амон, коршиноси тоҷик муқими Маскав

дигареро ба ғайр аз гурӯҳи ҳоким ҳамчун шарики стротегӣ дар Тоҷикистон муносиб ва арзишманд намебинад. Аз ин рӯ, ночор аст, ки ҳамкориаш бо ҳамин гурӯҳи ҳокимро давом диҳад ва аз онҳо дар интихобот дастгирӣ кунад. Ҳарчанд ки сардиҳое миёни Маскаву Душанбе ҷо дорад.”

Ин дар ҳолест, ки сардиҳои уфтода байни ду шарики стротегӣ мояи ҳадсу гумонҳое шудааст, ки Русия шояд дар соли 2013 чатри ҳимояташ аз болои сари Эмомалӣ Раҳмонро бардорад ва ангушти интихобашро рӯи ягон исми дигар гузорад ва бархе машвараҳо бо бархе шахсиятҳои матраҳ дар дохил гӯё ба ин манзур сурат ҳам гирифтааст.

Аммо Иззати Амон назари дигар дора: “Барои Маскав кор кардан бо як нафари озмудашуда беҳтар аст. Аммо тарафи дигари масъала ин аст, ки дар Тоҷикистони имрӯз гурӯҳи дигаре нест, ки Маскав рӯяш ҳамчун шарики оянда такя кунад ва сармоягузориаш кунад, то агар гурӯҳи ҳоким барои кадом коре муносиб науфтод ё нафорид ба Маскав, бигӯяд, ки ман дигар бо Эшмат кор намекунам, бо Тошмат кор хоҳам кард. Ҳамин Тошмат дар Тоҷикистон ҳанӯз вуҷуд надорад.”

“Фалстарт”-и ҳизби ҳоким

Ин ҳама баҳси омили хориҷӣ дар интихоботи соли 2013 дар ҳолест, ки дар худи Тоҷикистон то имрӯз танҳо ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ аз азмаш барои пешбарии Эмомалӣ Раҳмон ба давраи нави раёсат дарак додааст. Мунтақидон мегӯянд, ҳадаф аз ин “фалстарт” ҳушдор ба боқии муддаиҳост, ки курсии раҳбарӣ барои 7 соли оянда “машғул” аст ва бо зӯри беҳуда миён нашикананд. Аз сӯи дигар, фазои ҳоким бар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон ҳам чунон аст, ки ба ягон ҳизби мухолиф маҷоли як сол пеш аз интихобот эълон кардани исми номзадашро намедиҳад.

Иззати Амон мегӯяд, чунин таассуроте ҳосил мешавад, ки аҳзоб аз пеш ба боз як шикасти дигар аз оқои Раҳмон тан додаанд: “Гарчанде вақти каме то интихобот мондааст, ҳизбу ҳаракатҳо гӯё дар хобанд. Касе парвои он маъракаро надорад. Мисли ин ки ҳама тан додаанд, ки ин интихобот ҳам интихоботи Эмомалӣ Раҳмон хоҳад шуд.”

Ҷустуҷӯи номзади ягона

То кунун танҳо иқдоми интихоботии аҳзоб шояд ибтикори ҳизби демократи Масъуд Собиров буд, ки ҳанӯз 3 моҳ пеш эълон кард, ки барои пешбарии номзади ягонаи мухолифин дар интихоботи соли 2013 талош хоҳад варзид. Оқои Собиров гуфт, бархе маслиҳатҳо алакай сурат гирифта ва ӯ умедвор аст, ки дар моҳҳои наздик ба як хулосае хоҳанд расид, вале агар ин музокирот натиҷае надод, ҳизби ӯ бо номзади худаш ҳатман ба интихобот хоҳад рафт.

Масъуд Собиров, раиси ХДТ

Масъуд Собиров, раиси ХДТ

Масъуд Собиров мегӯяд, тағйири қудрат шояд доғтарин масъала дар шароити имрӯзи Тоҷикистон бошад, ки дар 20 соли охир таҷрубаи табдили раҳбарро надошт: “Намешавад як идеологияро 20 сол роҳандозӣ кард, стротегияҳои нави иқтисодиву геополитикӣ лозиманд вобаста ба вазъи кунунии иқтисодиву сиёсии Тоҷикистон. Бояд маҷроро дигар кард, чунки кишвар дар ин маҷро муваффақ нашуд. Ва ин тағйири сиёсати иқтисодиву давлатиро қувваҳои нав метавоннад бикунанд, идеологияи нав ва барномаҳои нав метавонанд анҷом диҳанд.”

Аммо Азизи Нақибзод, сардабири ҳафтаномаи “Озодагон” мегӯяд, бо он шеваи интихоботҳое, ки Тоҷикистон дорад, дар ғайри сурати кадом таҳаввули фавқулоддаи сиёсӣ, интихоботи соли оянда низ ба фоидаи Эмомалӣ Раҳмон анҷом хоҳад шуд. Вале, мегӯяд ӯ, бо вуҷуди инки мардум дар таъмини ин пирӯзӣ нақши фаротар аз як “массовка”-ро надорад, худи Раҳмон бояд дар пеши мардумаш эҳсоси бештари масъулият карда, бахусус иштиҳои афзояндаи хешовандони сершуморашро, ки як мояи аслии коҳиши эътибори ӯ дар ҷомиа шудааст, “лаҷом” занад:

“Аз замони сари қудрат омадани ҳукумати кунунӣ дар Тоҷикистон интихоботе доир нашудааст, ки ба нафъи ин ҳукумат ҳалл нашуда бошад. Натиҷаи интихоботи оянда ҳам аз ҳоло маълум аст, вале ҷаноби Раҳмон бояд дар назди халқи худаш як навъ масъулият эҳсос кунад. Ин мардум ҳам, метавон гуфт ки , дар пеши Раҳмон ҳаққҳое дорад. Раҳмон ҳам, ба хотири онки 7 соли дигар осуда ҳукм биронад ва номаш дар таърих ба некӣ бимонад, бояд дар ғами халқи худаш ҳам бошад.”

Такрори соли 2006

Дар интихоботи соли 2006 дар баробари Эмомалӣ Раҳмон ба 4 номзади дигар, ки мунтақидон, “номзадҳои кисагӣ” номашон доданд, низ иҷозаи ширкат доданд, вале нозирони хориҷӣ он интихоботро чун тамоми интихоботҳои дигари 20 соли охири Тоҷикистон орӣ аз рақобат ва ғайридемократӣ баҳо доданд. Азизи Нақибзод мегӯяд, интихоботи соли 2013 тақрибан такрори ҳамон соли 2006 хоҳад шуд: “Ҳукумат ҳизбҳои дувумдараҷаеро, ки худ ташкил додааст, аз ҳоло дастгирӣ мекунад ва ғолибан дар интихоботи оянда дар канори оқои Раҳмон чанд номзад аз ҳамин ҳизбҳои худиро сабт мекунад ва ба номзадҳои аслии мухолифин ин бор ҳам роҳ нахоҳад дод.”

Бархе эҳтимоли ба интихоботи соли 2013 роҳ ёфтани Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ ва ба ин тариқ роҳ ёфтани як андоза рақобат ба ин корзорро баъид намедонанд, вале ағлаб дар шароити кунунӣ ба чунин рақобат бо раисиҷумҳур ҷуръат кардани раҳбари як ҳизби мухолиф ва он ҳам ҳизби мазҳабиро зиёд воқеъӣ намебинанд. Кабирӣ аз ширкат дар интихоботи соли 2006 худдорӣ карда буд ва ғолибан ин бор низ бо нақши тамошобини ин маърака иктифо хоҳад кард. Албатта, агар то ноябри соли 2013 кадом иттифоқи дигари фавқулоддае пеш наояд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG