Пайвандҳои дастрасӣ

Эштон: "Мавҷудияти Исроил набояд зери суол равад"


Кетрин Эштон, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо

Кетрин Эштон, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо аз мақомҳои Эрон хостааст, ба коҳиши танишҳо дар минтақа кӯмак кунанд.

Пас аз эътирози Амрико, Созмони Милал ва Фаронса нисбат ба ҳамлаҳои лафзии Эрон алайҳи мавҷудияти Исроил, Кетрин Эштон, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ин изҳоротро "зананда" ва нафратбор" номида, онро шадидан маҳкум кард.

Маҳмуди Аҳадинажод, раисиҷумҳури Эрон, рӯзи ҷумъа дар суханронии худ ба муносибати рӯзи Қудс муқобила ба мавудияти Исроилро "боз кардани роҳ барои наҷоти ҳама башарият" донист.

Ин ҳафта ҳамчунин суханони Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари ҷумҳурии исломӣ, дар робита ба мавзӯи "нобудии Исроил ва ташкили як Ховари Миёнаи нави исломӣ" дар вебсайти раҳбари Эрон бори дигар чоп шуд. Ин дар ҳолест, ки масъули равобити хориҷии Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, ҳаққи мавҷудияти Исроил набояд зери суол бурда шавад.

Хонум Эштон дар баёнияи худ аз Ҷумҳурии исломӣ хостааст, то нақши созанда дар минтақа ифо кунад. Ӯ гуфтааст, аз раҳбарони Эрон интизор дорад, то ба коҳиши танишҳо кӯмак кунанд ва на ин ки даст ба афзоиши таниш бизананд. Кетрин Эштон раёсати гурӯҳи музокиракунандагони ҳастаӣ иборат аз шаш қудрати ҷаҳонӣ бо Эронро бар ӯҳда дорад ва шиддати лаҳни ин баёнияи ӯ алайҳи Эрон то кунун камсобиқа будааст.

Рӯзи ҷумъа, 17-уми август, Бан Кӣ Мун, дабири кулли Созмони Милал, низ "изҳороти зидди исроилӣ"-и раҳбарони Ҷумҳурии исломиро дар рӯзи Қудс маҳкум карда, ин ҳарфҳоро "нигаронанкунанда, тавҳиномез ва таҳрикдиҳанда" номид. Вай афзуд, “тамоми раҳбарон дар минтақа бояд аз суханони худ барои коҳиш додани танишҳо истифода кунанд, на барои афзудан бар танишҳо.”

Ҳамлаҳои лафзии мақомҳои Эрон бар зидди Исроил дар ҳоле идома дорад, ки дар рӯзҳои охир гузоришҳои марбут ба эҳтимоли ҳамлаи Исроил ба таъсисоти ҳастаии Эрон бештар шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG