Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон бо "ҷанг"-и молии ғарбиҳо меҷангад


Маҷлиси Эрон.
Маҷлиси Эрон.

Мақомоти Эрон дар ҷустуҷӯи роҳҳои муносиби ислоҳоти иқтисодианд, то онро барои муқобила бо таҳримҳо истифода кунанд.

Аммо то куҷо чунин стратегия метавонад заминаҳои рушди “иқтисоди дар ҳоли муқовимат”-и Эронро фароҳам орад?

Иқтисоди Эрон ҳоло мавриди ҳамла қарор гирифтааст ва барои муқовимат бо ин “ҷанг”-и молӣ, ки аз хориҷ таҳмил мешавад, мақомот дар фикри эҷоди роҳҳои нав ё “аслиҳаи нав” мебошанд.

Иқтисоди дар ҳоли муқовимат мехоҳад кишварро аз пойбандӣ ба даромадҳои нафтӣ раҳо кунад. Барои ин кор Эрон мехоҳад камарашро сахттар бибандад, то тавлидоти саноатиро афзоиш диҳад. Заминаҳои рушди илмҳои дақиқро фароҳам орад ва бад-ин тариқ таҷҳизоти навро вориди тавлидот кунад.

Ин ташаббусҳои Эрон посухе ба таҳримҳои байналмиллалист, ки барои барномаҳои ҳастаиаш аз ҷониби маҳофили байналмиллалӣ ҷорӣ шудааст. Таҳрими харидории нафти Эрон акнун қобилияти тиҷоратии ин кишварро дар арсаи байналмиллалӣ заъиф кардааст.

Оятулло Алӣ Хоманаӣ-раҳбари рӯҳонии Эрон ҳангоме, ки дар бораи нукоти стратегии кишвараш сӯҳбат мекард, бар пойбандии Эрон ба даромадҳои нафтӣ таъкид кард ва гуфт, ки он кишварро ба муътоде табдил додааст, ки пайёмадҳои харобиовар хоҳад дошт ва Эрон аз он бояд раҳо шавад.

Хоманаӣ рӯзи 29-уми июли соли ҷорӣ зимни суханони худ ба муҳаққиқону ихтироъкорони кишвараш гуфта буд, “Мо бояд дарк кунем, ки кишвар рӯзе ба
Саид Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон
Саид Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон
марҳилае мерасад, ки беҳтар хоҳад буд чоҳҳои нафтии худро бибандад, то замоне, ки ба онҳо дубора ниёз пайдо кунад”.

Агар ин нукта дар назар гирифта шавад, ки даромади нафт, 80 дарсади даромади хориҷии Эронро ташкил медиҳад, коршиносон мегӯянд, ки дар он сурат то расидан ба ин марҳила аз 5 то 10 сол хоҳад гузашт. Танҳо дар ҳамон вақт он гуна, ки Хоманаӣ ишора кардааст, ба бастани чоҳҳои нафт зарурат пеш меояд.

Меҳрдод Имодӣ, таҳлилгари умури иқтисодии Эрон дар Лондон мегӯяд, ба назар намерасад, ки Эрон ба он марҳила бирасад: “Дар марҳилаи кунунӣ Эрон ба камбуди пули нақд барои тарҳҳои саноатиаш дучор шудааст. Ин тарҳҳо дақиқан тарҳҳое мебошанд, ки барои афзоиши тавлидоти фаровардаҳои санъатӣ кӯмак мекунанд. Муҳимтар аз ҳама ҳоло Эрон дар чорроҳие қарор дорад, ки бештар аз 75 дарсади маводи ғизоӣ ба суратҳисобҳои махсус вобаста аст. Инҳо маводи ғизоиест, ки аз хориҷ бо пули содироти нафт ворид мешавад. Барои ҳамин Эрон захираи пули хориҷӣ надорад ва тавони содирот дар арсаҳои дигар ҳам намондааст”.

Зоҳиран Эрон дар вазъияти хубе нест, то “гаштҳо”-и молӣ ё пулӣ дар ихтиёр дошта бошад. Таҳримҳое, ки Амрико ва кишварҳои Аврупо бар зидди Эрон ҷорӣ карданд, бонкҳои Эронро аз истифодаи шабакаҳои молии ҷаҳон маҳрум сохт. Барои Эрон дар анҷоми амалиёти бонкӣ монеа пеш омад. Баъзе кишварҳо маҷбур шудаанд, ки воридоти нафти Эронро қатъ кунанд. Чунин вазъ бисёре аз ширкатҳои байналмиллалиро водор сохт, ки фиристодани маҳсулоти санъатии худро ба Эрон мутаваққиф созанд.

Меҳдӣ Ғазанфарӣ, вазири саноат ва тиҷорати Эрон.
Меҳдӣ Ғазанфарӣ, вазири саноат ва тиҷорати Эрон.
Меҳдӣ Ғазанфарӣ, вазири саноату маодан ва тиҷорати Эрон 7-уми август ба хабаргузории давлатии ИРНА гуфтааст, “ҳар қадами иқтисодӣ, ки мо мебардорем, ҳар ҳисоби қарзие, ки мо боз мекунем, рӯзи дагар аз он тараф мо ба мушкил дучор мешавем. Онҳо қарзаҳоро бастаанд, онҳо аз интиқоли пул ҷилавгирӣ мекунанд. Тадобири онҳо ҳар дақиқа бар зидди мо эҳсос мешавад”.

Эрон мехоҳад аз роҳи тавлиди бештари маҳсулот суботи молиро дар дохили кишвар таъмин кунад ва онро яке аз роҳҳои дигари бурунрафт аз вазъи кунунӣ медонад. Вале дар ин замина низ душвориҳо зиёд аст. Саноати мошинсозии Эрон, ки баъд аз нафту газ аз лиҳози даромад дар мақоми дуввум қарор дорад, бахши чандон боварибахш ба назар намерасад.

Ширкати аслии мошинсозии Эрон бо номи “Эрон Худрав” ё Iran-Khodro моҳи ҷорӣ эълон кард, ки содироти худро ба Русияву кишварҳои Ховари Миёна ва Амрикои Лотину Африқо 45 дарсад боло мебарад. Дар ин маврид Эрон мошини навъи “Рунна” ё “Runna”-ро дар назар дорад, ки дар дохили Эрон сохта мешавад ва гӯё харидораш зиёд аст. Ширкати мошинҳои сабукрави “Саманд” низ чунин тадобирро дар назар гирифтааст. Ин ширкат дар Беларус корхонаи тавлидотӣ сохтааст ва аз он ҷо метавонад мошинҳояшро дар Русия ба фурӯш гузорад. Дар Ироқ низъ корхонаи тавлиди ин мошинҳо вуҷуд дорад.

Вале моҳи июл вазири саноату маодан ва тиҷорати Эрон эълон кард, ки тавлиди ин мошинҳо аз 21 март то 20 июл, яъне дар давоми се моҳи аввали солшумории Эрон 36 дарсад поин рафтааст ва сабаби он набуди пули нақд дониста мешавад.
Сабаби он мустақиман ба тасмими ширкати фаронсавии Peugeot Citroen иртибот дорад, ки бо ширкати Iran-Khodro ҳамкорӣ мекунад ва ин ҳамкориҳо 40 дарсади тавлидоти ширкати Эрониро ташкил медиҳад. Акнун ширкати фаронсавӣ фиристодани қисмҳои эҳтиётии мошинҳоро ба Эрон қатъ кардааст. Чунин кор натиҷаи таҳримҳо бар зидди Эрон арзёбӣ мешавад.

Меҳрдод Имодӣ мегӯяд, ахиран Iran-Khodro-бузургтарин ширкати мошинсозӣ эълон кард, ки тавлиди мошинҳояшро аз моҳи сентябр ба сабаби ҷорӣ шудани таҳримҳо камтар мекунад. Ширкат сабаби дақиқи ин тасмимро эълон накард, вале сабаб ин аст, ки ширкат барои харидории қисмҳои мошин ва таҷҳизоти он пул надорад. Ширкати мошинсозии Saipa низ ба ҳамин мушкил гирифтор аст.

Сайид Муайид Ҳусейнифар-узви Маҷлиси Эрон 27-уми июл дар мусоҳибае бо Бошгоҳи рӯзноманигорони ҷавон гуфт, аз се ду ҳиссаи корхонаҳои санъатӣ дар Эрон ё баста шудаанд ва ё бо ними тавоноии худ фаъолият мекунанд. Бекорӣ низ 17-18 дарсадро ташкил мекунад.
XS
SM
MD
LG