Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти Эрон теъдоди қурбониёну осебдидагон бар асари заминларзаҳои рӯзи шанберо мушаххас карданд.

Ба иттилои расмӣ, дар ин офати табиӣ дар шимолу ғарби кишвар 227 нафар ҷон бохта, 1380 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд. Аз ин пештар хабар дода мешуд, ки заминларзаҳо ба риштаи умри 250 нафар миқроз (қайчӣ) зада ва теъдоди осебдидаҳо тақрибан 1800 нафар аст.

Мақомоти Эрон мегӯянд, миёни ду заминларза ҳамагӣ 11 дақиқа фосила буд. Аввал заминларзаи нерӯяш 6,4 дараҷаи Рихтер шаҳри Оҳарро такон дод. Сипас дар шаҳри Варзеған заминларзаи нерӯяш 6,3 дараҷаи Рихтер ба амал омад. Ҳарду ин шаҳрҳо дар 60 километрии Табрез, маркази Озарбойҷони шарқӣ, ҷойгир шудаанд.

Мустафо Муҳаммад Наҷар, вазири умури кишвари Эрон, ба хабарнигорон гуфт, амалиёти ҷустуҷӯву наҷотбахшӣ поён ёфт ва акнун ҳукумат дар пайи таъмини афроди зиндамонда бо сарпаноҳ ва маводи озуқа аст. Ба гуфтаи ӯ, аз 600 рустои минтақаи офат тақрибан нисфашон хароб шудаанд. Айни ҳол 16 ҳазор нафар ба сарпаноҳи муваққат ниёз доранд.

Як тан аз наҷотбахшони эронӣ дар сӯҳбат бо телевизиони давлатии Эрон гуфт, билофосила баъд аз ҳодиса барои пайдо кардани афроди зери оворҳо монда ва рафъи паёмадҳои офати табиӣ нерӯи бузург сафарбар шуд. Ба гуфтаи ӯ, наҷотбахшон "беш аз ҳазор маҷрӯҳонро ба бемористонҳо мунтақил карданд, 11 тими ҷустуҷӯӣ, сагҳову таҷҳизоти зиндаёб ба манотиқи мухталиф эъзом шуд, ҳудуди 400 худрави имдодии “ёрии таъҷилӣ”, таҷҳизоти имдоду наҷот ва ҳамчунин болопӯшу маводи озуқа ирсол гардид."



Намояндагони ҳукумати маҳаллӣ аз мардум хостанд, ки шабро дар кӯчаҳо рӯз кунанд, зеро хатари такрори заминларза мавҷуд буд. Бар асари заминҷунбӣ робитаи телефонӣ бо бисёр рустоҳои воқеъ дар минтақаи офат қатъ шуд. Дар бораи хароб шудани роҳу купрукҳо низ хабар мерасад.

Созмони Ҳилоли Аҳмар хабар дод, ки ба хотири мадад ба осебдидагон дар минтақаи заминларза бемористонҳои сайёрро ташкил мекунад. Вазири умури хориҷии Олмон Гвидо Вестервелле баъд аз пахши хабари офати табиӣ ба ҳамтои эронияш Алӣ Акбар Солеҳӣ изҳори ҳамдардӣ кард ва гуфт, кишвараш омода аст дар рафъи паёмадҳои заминларза ба Эрон кӯмак кунад. Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Аҳмад Довудоғлу, вазири умури хориҷии Туркия, дар тамоси телефонӣ бо ҳамтои эронии худ Алӣ Акбар Солеҳӣ зимни таслият ба бозмондагони ин заминларза омодагии кишварашро барои ирсоли ҳама гуна кӯмак ба осебдидадгон эълон кардааст.

Бино ба ин гузориш, масъулони Имороти Муттаҳидаи Арабӣ низ бо ибрози таассуф ва эълони ҳамдардӣ бо хонаводаҳои осебдида, омодагии худро барои кӯмак ба зилзидадагон баён доштаанд. Инчунин, вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида ҳамдардии Вошингтон ба осебдидагони зилзила дар Эронро изҳор кардааст.

Зилзилаи ахир пурқурбонитарин баъд аз заминларзаи тақрибан 8 соли пеш дар шаҳри бостонии Бам, воқеъ дар ҷанубу шарқи Эрон, маҳсуб мешавад. Он вақт офати табиӣ боиси ҳалокати 25 ҳазор нафар шуда буд. Заминларза ҳазорон сокинони шаҳри Ереван, пойтахти Арманистонро, низ аз манзилҳояшон берун кард ва аммо ба иттилои расмӣ, нерӯи зилзила заиф буд ва ба касе ё биное осеб нарасидааст. Заминларзаро дар қаламрави Озарбойҷон ҳам эҳсос карданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG