Пайвандҳои дастрасӣ

Осебдидагони Тавилдара ба Қумсангир мекӯчанд


Раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми боздид аз манотиқи осебрасида аз заминларзаи субҳи 13-уми май дар ноҳияи Тавилдара. 16-уми май

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми боздид аз манотиқи осебрасида аз заминларзаи субҳи 13-уми май дар ноҳияи Тавилдара. 16-уми май

Бархе аз хонаводаҳои деҳоти Хандараи ноҳияи Тавлидара ба ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон кӯчонда мешаванд.

Азиз Қодиров, як масъули ҳукумати ноҳияи Тавилдара, рӯзи 17-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, сокинони деҳаи Хандара ариза пешниҳод кардаанд, ки ба ҷои амнтар кӯчонда шаванд.

Бар асари заминларзаи субҳи шанбеи 13-уми май манзили зисти мардуми деҳаи Хандара аз ҳар ҷои дигари ин минтақа бештар зарар дида, ба қавли сокинон, зиндагӣ дар онҷо имконнопазир шудааст.

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 16-уми май аз манотиқи осебрасида аз заминларзаи субҳи 13-уми май дар ноҳияи Тавилдара дидан кард. Вай зимни боздид аз манотиқи осебдидаи Тавилдара дастур додааст, ки дар муҳлати 5 рӯзи оянда ҳаҷми зарари расида ва шумораи хонаводаҳои бесарпаноҳмондаро дақиқ намуда, феҳристи оилаҳое, ки хоҳиши ба ноҳияи Қумсангир кӯчидан доранд, тартиб дода шавад.

Ба қавли Азиз Қодиров, аз ҷумла деҳоти Руботнол ва Ғарибон дур аз ободӣ қарор дошта, манзили аксари онҳо дар роҳи селгузар ва ё мавзеъҳои фуруд омадани ярчу тарма ҷойгир шуда, имкони зист надоранд. "Сокинони ин рустоҳо хоҳиш доранд, ки ба ҷойҳои бехавф, аз ҷумла ба ноҳияҳои вилояти Хатлон кӯчонда шаванд",-гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Тибқи маълумоте, ки ба раисиҷумҳур пешниҳод шудааст, дар заминларзаи рӯзи 13-уми май дар ноҳияи Тавилдара 150 манзил комилан тахриб шуда, 155 манзил қисман зарар дидааст. Заминларза дар ноҳияи Рашт 8 манзилро комилан ва 16 манзилро қисман хароб кардааст. Дар заминларзаи ахир дар водии Рашт як сокини ноҳияи Нуробод зери девори ҳаммом монда ва ҳалок гашт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG