Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Мавзуна -- қаҳрамони гӯшаи тоҷикии Фейсбук


Мавзуна Чориева, муштзани тоҷик, ки дар Бозиҳои олимпии Лондон, нишони биринҷӣ ба даст овард, то кунун қаҳрамони Фейсбуки тоҷикист.

Теъдоде аз мардуми Фейсбук нимашаби панҷшанбе ба пешвози ӯ ба фурудгоҳи шаҳри Душанбе рафтанд, то ба ӯ аҳсану офарин гӯянд. Мавзуна аз рақиби деринааш Кетӣ Тейлори ирландии аз худаш 7 сол бузург шикаст хӯрд, вале медали биринҷиро аз они худ кард ва ягона нафаре аз тими 16 нафарии варзишгарони тоҷик шуд, аз Лондон дасти холӣ барнагашт. Баъди ба даст овардани ҷоиза, даҳҳо нафар дар саҳифаи Фейсбуки Радиои Озодӣ ба Мавзуна аҳсану офарин гуфтанд ва ҳанӯз ҳам мегӯянд. Аз ҷумла Орзу Раҳимов дар бораи Мавзуна навиштааст:

“Офарин!!! Исбот кардӣ Мавзуна, ки дар ҳақиқат метавонӣ. Ҳатто шореҳи варзиши рус, чӣ қадар таърифи туро мекард. Баъди эълони мағлубиятат низ ҳатто шореҳ мегуфт: “Ҳеҷ гап не. Ба ҳар ҳол Мавзуна, Кетӣ Тейлорро, ки чемпиони чаҳоркаратаи ҷаҳон аст, тавонист ба фирор аз мубориза водор созад.” Ин шикасти ту муқаддимаи пирӯзиҳои ояндаат аст. Ба ин синну сол тавонистӣ, ки номи миллатро бардорӣ! Мо мухлисонро хурсанд карда, Точикистонро соҳиби медал кардӣ! Бори дигар ташаккур ба ту, Мавзуна!”

Корбарони Фейсбук ба Мавзуна ба чандин забон офарин гуфтаанд, ҳам ба русӣ ва ҳам ба англисӣ ва ҳам ба забонҳои дигар. Яке аз онҳо Марзия Назарова навиштааст, тамоми Душанбе бояд ба истиқболи Мавзуна барояд: “Какая молодец. Весь Душанбе должен на улицу выйти, чтобы встретить ее после Олимпиады!» Рӯҳуллоҳ Абдуҷабборов, эҳсоси худро бо забони англисӣ баён карда ва гуфтааст, бо ин қаҳрамондухтари тоҷик мефахрад: “We are proud of you, bravo!!! Tajik hero girl.”

Таҳсину таърифҳо дар васфи Мавзуна Чориева на танҳо бо забонҳои гуногун, балки бо хатҳои гуногун аст, ҳам бо сириллик ҳам бо лотинӣ ва ҳам форсӣ, ки чизи нодир дар гӯшаи тоҷикии Фейсбук ба ҳисоб меравад. Рустам Аҷамӣ яке дигар аз корбарони ин шабакаи иҷтимоӣ, дар дастоварди Мавзуна Чориева, мантиқи бузурге дидааст.

Ӯ менависад: “Мавзунаҷон хоҳари 19-солаи ман, ту барои мо ҳамеша як қаҳрамони муҳим нестӣ, ки мақоми саввумро ба даст овардӣ. Ҳаминки дастҳои ту оғози торихе аст, барои духтарони тоҷик, ки на барои хонанишинӣ офарида шудаанд. Муҳим дастҳои туст ва торихи тоза барои пок кардани зеҳнҳои кӯҳна. Аз тамоми вуҷудам, бароят табрик мегӯям ва дар оянда ҳамеша бароят қаҳрамониҳоро орзу дорам. Зинда бошед ва зинда бод Тоҷикистон.”

Аксари онҳое, ки дар Фейсбук ба Мавзуна Чориева боракаллову таҳсину офарин гуфтаанд, мардҳо ҳастанд ва яке аз онҳо Юсуф Маҷидов аст, ки навиштаи ӯро мехонем: “Қаҳрамон духтар - мардҳо аз ҷоятон хезед ва пешвоз гиред!!! “

Воқеан агар шумо ҳам мехоҳед, паёме ба Мавзуна Чориева бинависед, ин корро метавонед ҳоло ё ҳар вақти дигар анҷом диҳед. Кофист саре бизанед ба саҳифаи Ozodi дар Фейсбук ва дар зери акси ӯ паёми худро бигузоред. Бешак паёми шумо ӯро рӯҳбаланду дилгарм ва азмашро барои пирӯзӣ дар оянда қавитар хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG