Пайвандҳои дастрасӣ

Ба Мавзуна Чориева, муштзани маъруфи тоҷик, шаҳрдории Душанбе манзили сеутоқа тақдим кард.

Калиди манзилро Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, дар як маросими ботантана ба ифтихори пирӯзии муштзани 19-солаи тоҷик дар Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ дар Лондон, ки шоми 16-уми август дар “Боғи Пойтахт” баргузор шуд, супурд. Ин манзил дар бинои бисёрошёна воқеъ дар хиёбони Ҳофизи Шерозии шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст.

Раиси шаҳр шоиронро даъват намуд, ки ба Фирдавсии бузург пайравӣ намуда, дар бораи Гурдофариди нави тоҷикон Мавзуна Чориева достон эҷод намоянд. Ҷаноби Убайдуллоев ваъда кардааст, ки муаллифи беҳтарин достон дар бораи Мавзуна бо ҷоиза сарфароз хоҳад шуд.

Дар ин маросим, ки бо ширкати аъзои дастаи мунтахаби олимпии кишвар ва ҳунармандони тоҷик доир шуд, шаҳрдори Душанбе ба варзишгароне, ки парчами Тоҷикистонро дар мусобиқоти байналмилалӣ баланд мебардоранд, изҳори сипос намуд.

Шаҳрдории Кӯлоб низ барои зодаи ин шаҳр Мавзуна Чориева як манзили панҷҳуҷрагӣ ваъда кардааст, ки калиди он ба Мавзуна дар маросими ботантана рӯзҳои наздик супурда хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Мавзуна Чориева барои медали биринҷӣ 200 000 сомонӣ, “Ориёнбонк” – мошини “Лексус” ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистн як манзили дуҳуҷрагӣ ваъда кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG