Пайвандҳои дастрасӣ

Оҷонси мубориза бо фасоди молӣ дар Суғд алайҳи ду корманди масъули раёсати маорифи вилоят бо иттиҳоми гирифтани "пора" парванда боз кардааст.

Ҳусейн Оқилов, раҳбари ин ниҳод, агарчӣ аз ифшои ному насаби ду нафари гумонбар дар "ришваситонӣ" худдорӣ намуд, вале гуфт, "онҳоро кормандони Оҷонсӣ ҳангоми гирифтани 2 ҳазор доллар аз як сокини Хуҷанд бо ваъдаи шомил кардани фарзандаш ба донишгоҳи Русия боздошт карданд."

Дар ҳоли ҳозир нисбати ин ду масъули раёсати маорифи Суғд бо иттиҳоми "гирифтани ришва" парванда боз шуда, гумонбарон дар озодӣ ба сар мебаранд. Вале дар раёсати маорифи вилоят аз боздошти корманди масъули худ изҳори бехабарӣ карда ва гуфтанд, ки дар ин бора
чизе намедонанд. Ҷавоби Тамара Насимова, раҳбари раёсати робитаҳои байналмилалӣ дар вазорати маорифи Тоҷикистон низ ҳамин гуна буд.

Русия ҳар сол барои шомил шудани теъдоде аз донишомӯзони тоҷик ба донишгоҳҳои ин кишвар "квота" ҷудо мекунад. Имсол барои довталабон аз вилояти Суғд аз ҷониби Русия 50 ҷой дар донишгоҳҳои ин кишвар ихтисос дода шудааст. Маъракаи интихоби довталабон барои иштирок дар санҷишу имтиҳонҳои дохилшавӣ ба донишгоҳҳои Русияро дар Хуҷанд шӯъбаҳои макотиби олӣ ва маориф дар ҳукумати вилояти Суғд дар ҳамдастӣ бо вазорати маорифи кишвар барпо мекунад.

Тилав Расулзода

Тилав Расулзода

Аммо ба гуфтаи коршиносони маҳаллӣ тақсими “квота”-и донишгоҳҳои Русия миёни довталабони зиёди тоҷик аз рӯи донишу истеъдоди онҳо ва одилона сурат намегирад ва бо роҳҳои “тағову ҷӯрабозӣ” ва ришвадиҳӣ ҳал мешавад. Тилав Расулзода гуфт, ба чунин “шева” аксаран аз Хуҷанд ба донишгоҳҳои Русия донишҷӯ мефиристанд ва мактабхонҳои манотиқ ҳатто аз имконияти таҳсил дар Русия бехабар мемонанд.

Ин коршинос афзуд, мақоми болои дипломи мактаби олии Русия, ки ҳаққи дар ин кишвар ҷойи корӣ пайдо кардану дарёфти шаҳрвандии Русияро медиҳад, онҳоро ба таҳсил дар Русия таҳрик медиҳад.

Боздошти ду масъули маориф дар Хуҷанд ба дунболи ҷаримабандӣ шудани як гурӯҳи 8-нафарӣ, аз ҷумла ду муаллими донишгоҳҳои Суғд дар қаллобӣ ва таҳияву фурӯши дипломҳои сохта аз ҷониби додгоҳ сурат мегирад. Ҳамчунин, моҳи майи соли равон алайҳи се устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба гумони содири ҷиноятҳои марбут ба ришвахорӣ парванда боз шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG