Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо судури як фатво додани ришва барои зиёрати Ҳаҷро "ҳаром" донист.

Атовулло Қосимов, як масъули ин ниҳод гуфт, раёсати фатвои Шӯрои уламо ахиран дар пайи муроҷиатҳои чандинкаратаи мардум фатво содир кард, ки додани ришва, чӣ дар корҳои дунявӣ ва чӣ динӣ хилофи дини Ислом аст.

Ӯ афзуд, мардум бештар дар бораи ин суол кардаанд, ки оё додани ришват ҳангоми омодагӣ ба Ҳаҷ дуруст аст ва рёсати фатво ҳам посух гуфтааст, ки додани ришват дар ҳама ҳолат дуруст нест, ҳаром аст.

Фатвои Шӯрои уламо дар ҳолест, ки Тоҷикистон аз кишварҳои фасодзадатарини ҷаҳон ба шумор меояд ва мубориза бо ришват аз дастурҳои кори ҳукумати ин кишвар аст. Илова бар ин, дар чанд соли ахир мавзӯи додани ришва барои рафтан ба Ҳаҷ низ дар Тоҷикистон матраҳ аст.

Соли гузашта Истадмурод Акрамов -- намояндаи собиқи Омбудсмени тоҷик дар Хуҷанд бо нашри матлабе дар расонаҳо аз фасоду ришва дар масъалаи гусели зоирони тоҷик ба Ҳаҷ хабар дод. Пас аз он дар моҳи феврали соли ҷорӣ додситонии вилояти Суғд ба тафтиши вуҷуди фасоду ришвахорӣ миёни масъулони сафарбарӣ ба маросими Ҳаҷ-2011 оғоз кард.

Дар оғози солҳои 2000-ум, замоне ки теъдоди ба ҳаҷравандагон дар Тоҷикистон афзоиш ёфт, мақомоти Кумитаи дин талош кард, ки танзими сафари Ҳаҷро ба ихтиёри ин ниҳоди динӣ бигирад ва соҳиби бозори гарме шавад, ки ширкатҳои сайёҳӣ аз гуселу пешвози зоирон ба вуҷуд оварда буданд.

Дар маросими имсолаи Ҳаҷ аз Тоҷикистон 6 ҳазор нафар ба зиёрати маконҳои муқаддаси мусалмонон мушарраф хоҳанд шуд. Дар ҳоле ки қаблан дар як сол 5 ҳазору 500 шаҳрванди Тоҷикистон ҳаққи зиёрати "хонаи Худо"-ро доштанд. Мақомоти Кумитаи дин мегӯянд, ҳанӯз нархи сафари зоирони тоҷик ба Ҳаҷ муайян нашудааст. Аммо дар соли гузашта нархи сафари Ҳаҷ барои як нафар 3 ҳазору 448 долларро ташкил медод.

Довталабони зиёрати "хонаи Худо" аз Тоҷикистон сол то сол бештар мешавад ва ба ин далел мақомоти ин кишвар барои ҷилавгирӣ аз эҷоди мушкил феҳристи афроди хоҳишмандро тартиб дода ва барои онҳо навбат муқаррар кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG