Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳарчанд дар Тоҷикистон ғайр аз пайравони ислом намояндагони динҳои дигар низ ба сар мебаранд, аммо баҳсҳо бештар миёни "дунявӣ"-ҳо ва "исломгаро"-ҳо сар мезанад, ки ҳар ду худро пайрави Ислом медонанд.

Ҳар ду гурӯҳ якдигарро омили таҳмил кардани ақида бар сари мардум ва ҳатто омили аз рушд боз мондани кишвар медонанд. Замира, як ҷавондухтари 25-солаи тоҷик, мегӯяд, дар оилаи мусулмон ба воя расидааст, вале таҳмил шудани андешаи дигарон оид ба тарзи либоспӯшӣ ва зиндагиро қабул надорад.

Ӯ аз воқеи ду рӯз қабл ба ӯ иттифоқ афтода чунин ёдоварӣ кард: "Чанд рӯз пеш аз бозори Султони кабир мехостам "люстра" харам барои хонаамон. Аз фурӯшанда, ки як ҷавони ришдор буд, чанд бор пурсидам, ки "люстра" чанд пул аст, ҷавоб надод ва бо ҷӯраҳояш сӯҳбат кардан гирифт. Баъд дидам, ки ба фурӯшгоҳи вай як-ду зани дигар даромад. Вай бо онҳо хуб муомила карда савдо намуд. Ҳатто ба ин занҳо борҳояшро арзонтар карда фурӯхт. Баъд бо як лаҳни тунд ба онҳо ишора карда гуфт, бин, чи хел бояд либос пӯшад духтари мусалмон. Агар ту ҳамин хел либос пӯшӣ, баъд ба ту борамро мефурӯшам."

Аммо ҳодисае, ки бо Замира рӯй дод, мисолҳои баръакс низ дорад. Занон ва духтарҳое, ки худро бе рӯйсарӣ ва ҳиҷоб тасаввур карда наметавонанд, ҳангоми дарёфти кор умдатан дар мақомоти давлатӣ ба мушкил рӯбарӯ мешаванд.

Зарафо Раҳмонӣ, яке аз масъулони ҲНИТ, мегӯяд, нафарони зиёде ба онҳо шикоят мекунанд, ки маҳз бо "ҷурм"-и пӯшиши ҳиҷоб, онҳо наметавонанд дар ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон кор кунанд: "Аввалин суоле, ки аз духтарони ҳиҷобпӯш ҳангоми пазируфтан ба кор дода мешавад, ин аст, ки оё онҳо бо ҳамин либосашон ба кор меоянд ё не. Ҳол он ки ин духтарон мутахассисони хуб буданд. Чанд нафарашон, ки ба мо шикоят карданд, ба ҳайси коргар дар дафтари марказии ҳизбамон ба кор гирифтем."

Хонум Зарафо гуфт, духтарон на танҳо ҳангоми пайдо кардани кор дар мақомоти давлатӣ, балки дар бозорҳои манотиқи кишвар ҳам бинобар пӯшидани ҳиҷоб мавриди табъйиз қарор гирифтаанд. Намояндаи мақомот омада ба онҳо таҳдид кардааст, ки агар руйсариашонро нагиранд, аз ҳаққи савдо кардан дар бозор маҳрум хоҳанд шуд.

Дар гузориши охири худ оид ба Озодиҳои мазҳабӣ дар кишварҳои ҷаҳон, департаменти давлатии Амрико низ зикр кард, ки дар Тоҷикистон занони ҳиҷобпӯш ҳангоми ҷустуҷӯи ҷои кор ба табъйиз рӯ ба рӯ мешаванд. Мардон низ, ки риши дароз доранд, аз ҷониби мақомот боздошт мешаванд, ҳарчанд, ки қонунгузории кишвар дар мавриди доштани риш ягон маҳдудият ҷорӣ накардааст.

Таҳлилгари умури сиёсии Тоҷикистон Рустам Ҳайдаров мегӯяд, интиқоди кишварҳои ғарбӣ ва Амрико дар мавриди озодиҳои динӣ дар дунё чандон мунсифона нест ва дар ин кишварҳо низ озодиҳои динии мардум то ҷое нақз мешаванд. Ҷаноби Ҳайдаров дар посух ба ин пурсиш, ки оё ҳодисаҳои таҳаммулнопазирӣ байни ду қишри "дунявиҳо" ва "мазҳабиён" алоҳидаанд ва ё ба як раванд табдил меёбад, гуфт: "Дар Тоҷикистон дар мавриди таҳаммулпазирӣ гап задан то ҷое бемантиқ аст. Чунки дар Тоҷикистон аксарият мусулмонанд, чи гуна пайравони як дин ба ҳамдигар таҳаммулпазир буда наметавонанд. Аммо баъзе ҳолатҳои муносибати хашин аз ҷониби гурӯҳу ҳаракатҳои навпайдо, назири салафия мушоҳида мешавад, ки пеши роҳи онро бояд гирифт."

Ба ақидаи намояндагони насли миёнсоли Тоҷикистон, таҳамулпазирӣ дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ба як асли ҳаёти иҷтимоӣ табдил ёфта буд. Аммо коршиносон мегӯянд, ин раванд дар замони Шӯравӣ хосияти сирф зоҳирӣ дошта, дар асл ҳуқуқи пайравони ислом ба шиддат поймол мешуд.

Ҳамзамон аҳли назар бар инанд, ки аз он давра то ҳол, яъне дар 20 соли истиқлолият, танаввӯъ ва рангорангии ҷомеа ва таҳаммул кардани одамони дорои ақида ё сарулибоси дигар ҳарчӣ камтару камтар мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG