Пайвандҳои дастрасӣ

Доираҳои динӣ ва дунявии кишвар таҳаммулпазириро роҳи наҷоти ҷавонони тоҷик аз ихтилофу ифротгароӣ медонанд.

Таманно, як донишҷӯи Донишгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа, иштирокдори “барномаи фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ миёни ҷавонон” аст.

Ӯ шахси дунявист ва то замони роҳ ёфтанаш ба ин барнома, пиромуни ҷавонони мазҳабӣ назари дигаре дошт. Зоҳиран, андеша ва рафтори онҳоро наметавонист “таҳаммул” бикунад.

Вале Таманно мегӯяд, “барномаи фарҳанги таҳаммулпазирӣ” дидгоҳи ӯ нисбат ба ҷавонони мазҳабӣ ва ҳамин тавр дидгоҳи ҷавонони мазҳабӣ нисбат ба афроди дунявиро тағйир додааст. Вай гуфт, агарчӣ дар оғози барнома ҷавонон мухолифи ҳам сӯҳбат мекарданд, дар анҷоми барнома ҷавонҳо бо ҳам дӯст шуда, таҳаммулпазириро василаи ба ҳам омадан ва ягонаӣ донистаанд.

Ин дар ҳолест, ки соҳибназарони тоҷик ҷалб шудани доираи маҳдуди ҷавонони тоҷик ба ин гуна барномаҳоро барои таҳаммулпазирӣ ва ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ миёни ҷавонон камтаъсир мешуморанд.

Акоша Кабирӣ, аз масъулони ҲНИТ

Акоша Кабирӣ, аз масъулони ҲНИТ

Акоша Кабирӣ, намояндаи Ҳизби наҳзати исломӣ, танҳо ҳизби динӣ дар минтақа, гуфт, бояд аъзои ҷавони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон ҳам ба ин гуна барномаҳо ҷалб шаванд. Ӯ гуфт, ин талошҳо дар ҳоле самар хоҳанд дод, ки баробарҳуқуқӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон риоя бишавад ва ҳарду ҷониб, ҳам дунявиҳо ва ҳам мазҳабиҳо ба ҳарфи ҳамдигар гӯш дода, ба мавқеи якдигар эҳтиром бигузоранд: “Аммо нақзи ҳуқуқи ҷавонон ва қонунҳои шаҳрвандӣ ҳар лаҳза метавонад косаи сабри онҳоро лабрез кунад ва ҷилавгирӣ аз ифротгароиро мушкилтар бикунад.”

Абдуллоҳи Раҳнамо, коршиноси масоили динӣ, бо назардошти вазъи имрӯзаи муҳити динӣ ва дунявии кишвар афзуд, ба ҷавонон омӯхтани ҳамзистии динӣ ва дунявӣ шонси пирӯзии як ҷомеаи орому бидуни осеб аз ифтрогароӣ аст: “Дар ин замина тақвияти барномаҳои омӯзишии ҷавонон дар ростои пешгирӣ аз ифротгароӣ ва ихтилофҳо муҳим аст. Зеро ҷавонон дарк мекунанд, ки маҳз набуди тавон ва мадори таҳаммулпазирӣ дар ҳар давру замон боиси ихтилоф мегардад. Аммо набояд, ки ин барномаҳои омӯзишӣ дар муҳити либералӣ бошад.”

Ҷаноби Раҳнамо пешниҳод кард, ки муҳити омӯзишӣ бояд, ки дар мадди назари ҳарду тараф бошад: “Фазо бояд, ки барои ҷавонҳои ҳарду тараф муҳайё бошад. Таҳлилгари тоҷик Абдуллои Раҳнамо (аз тарафи чап) бо ҳамроҳии Идибек Зиёев, як масъули Кумитаи дини Тоҷикистон

Таҳлилгари тоҷик Абдуллои Раҳнамо (аз тарафи чап) бо ҳамроҳии Идибек Зиёев, як масъули Кумитаи дини Тоҷикистон

Як ҷавони мазҳабӣ ё донишҷӯйи донишгоҳи исломӣ наметавонад, ки дар муҳити “дискотекӣ” бо ҷавони дунявӣ қарор дошта бошад. Онҳо худро нороҳат ҳис мекунанд.”

Ин баҳсҳо дар ҳолест, ки гурӯҳе аз коршиносон дар Тоҷикистон низ тарҳи барномаи ҷилавгирӣ аз тундгароӣ миёни ҷавононро таҳия ва ба Кумитаи умури ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар пешниҳод кардаанд.

Ин тарҳ дар ҳоле таҳия ва пешниҳод шудааст, ки дар чанд соли гузашта мақомот даҳҳо тан аз сокинони то чиҳилсоларо барои ифротгароӣ ва узвияташон дар ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯи динии “Салафия”, “Ҷамоатуттаблиғ”, “Ҳизуттаҳрир” ва “Ҷунбиши исломии Узбакистон” боздошт ва зиндонӣ кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG