Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳаммулпазирӣ ва сулҳи тоҷикон


Имсол барои 14-умин дафъа мардуми Тоҷикистон имзои санади Созиши умумии сулҳ ва оштии миллӣ дар Тоҷикистонро ҷашн мегиранд.

27 -уми июни соли 1997 дар Маскав миёни ҳукумат ва ИНОТ ба имзо расида, роҳро барои эҳёи оштии миллӣ дар кишвар боз намуд.

Имрӯз аксари нерӯҳои сиёсии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олии кишвар ҳузур доранду мушкилоти сиёсиро аз роҳи баҳсу баррасӣ ва ҳаллу фасл мекунанд. Аммо, бист сол пеш дар пайи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, пешвоёни сиёсиву мазҳабӣ натавонистанд, ихтилофҳояшонро аз роҳи музокирот рафъ намоянд ва кишвар ба вартаи ҷанги бародаркушӣ фурӯ рафт.

Даҳҳо ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданду садҳо ҳазор каси дигар ба тарки ватан маҷбур шуданд. Вале, билохира боз ҳам баъди чанд соли муқовимат, ҷонибҳои тоҷик манфиати миллату ватанро боло гузошта, роҳи муросову мадороро пеш гирифтанд. Ҳарчанд, ки ҳанӯз ҳам бисёриҳо захмҳои ин ҷанги бародаркушро бо алам ёд мекунанд.

Таърихшиносон мегӯянд, дар охири солҳои ҳаштодум ва ибтидои солҳои навадуми қарни гузашта, замоне, ки фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ наздик мешуд, аз сӯе нерӯҳои истиқлолталаб ташвиқи арзишҳои милливу мазҳабиро сармашқ қарор доданду аз ҷониби дигар, нерӯҳои муҳофизакор дар пайи наҷоти низоми коммунистӣ шуданд.

Дар он давра шояд ҳамон мероси даврони болшевикӣ буд, ки ҳар яке аз ҷонибҳо танҳо худро ҳақ мешумурду тавони шунидани ҷониби дигарро надошт.

ИХТИЛОФИ РӮҲОНИЁН

Дар он шабу рӯз ихтилофи рӯҳониён ба шакли тезу тунд буруз кард. Моҳи ноябри соли 1989-ум қозии вақти мусалмонони Тоҷикистон Ҳоҷӣ Акбар Турҷаонзода яке аз рӯҳониёни саршиноси минтақаи Кӯлоб Мулло Ҳайдар Шарифзодаро аз мақоми имом-хатибии масҷиди Кӯлоб барканор кард. Ин иқдом бархӯрди миёни пайравон ва мухолифони ӯро ба авҷ расонд. Қазия аз иттиҳоми сирқати маблағҳои масҷид шурӯъ шуд, ки барои бозсохти бино ҷамъоварӣ шуданд.

Аммо, пайравони Мулло Ҳайдар мегӯянд, ки сабаби воқеии баҳсҳо, набудани фарҳанги таҳаммулпазирӣ дар байни рӯҳониёни он вақтаи Кӯлоб буд, ки мусалмононро ба ду гурӯҳ ва ду масҷид ҷудо кард.

Соли 1990 Ҳайдар Шарифов ё худ Мулло Ҳайдар ба монанди қозии мусулмонони Тоҷикистон Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шуд. Азбаски тамоми ҷаласаҳои парлумон аз тариқи телевизион пахш мешуд, табъан мардум низ шоҳиди сарбасар задани ин ду чеҳраи мазҳабӣ буданд.

Мулло Ҳайдар мегӯяд: «Он замон ҳолате буд, ки ҷонамон дар кафи дастамон буд, хушбахтона имрӯз роҳаташро дида истодаем бо миллату давлат. Ду гӯруҳ будем, ин таъсири нуфузи хориҷӣ буд, ҳоло ҳам аст. Он вақт ду гурӯҳ будем, ҳоло зиёд шудааст. Инҷо ҳам мафкураи хомии миллат буд ҳам мазҳаб, ки ду гӯруҳ шуда будем. Аммо вазъро ба даст гирифта натавонистем, ки ҷанг накунем. Вақте мо навигарӣ ва пешниҳодҳо мекардем, аз ҷониби мардум қабул нашуд. Зеро мардум бо ҳамон фаҳми «урфу одатҳои авлодӣ» буданд ва ақидаҳои навро намепазируфтанд.»

ИХТИЛОФИ ДУ РӮҲОНИИ САРШИНОС

Доираҳои мазҳабӣ сабаби бархӯрдҳоро муддаӣ будани мулло Ҳайдар ба мақоми раҳбари идораи қозиёти Тоҷикистон медонистанд. Аммо, мулло Ҳайдар, рӯҳонии таҳсилкардаи мадрасаи Бухоро, ихтилофҳои Кӯлобро на ба интихоб шудани Ҳоҷи Акбар Тӯраҷонзода ба вазифаи қозикалони Тоҷикистон, балки бо ҳифзи ақидаҳои мазҳабии суннатӣ ва мухолифаташ ба реша давондани мазҳаби ваҳҳобия маънидод мекунад. Вай мегӯяд: «Мардуме, ки аз мазҳаби худ дифоъ
Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода

мекард ҷудо нашуданд, мардуме, ки ақидаҳои навро оварданд ва дастгирӣ мекарданд худашонро аз мардуми мазҳаби суннатӣ ҷудо карданд, ин боиси пайдо шудани ихтилофот шуд.»

Аммо Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, қозикалони вақти Тоҷикистон мегӯяд, ки қарори барканории Мулло Ҳайдар муваққат буд ва тасмим буд, ки ӯро дар ҷои дигар ба мақоми имом-хатиб таъйин кунанд. Аммо ба қавли Тураҷонзода, нафароне пайдо шуданд, ки аз «фурсати муносиб» истифода бурда, домуллоро ба муқовимат бо қозиёт ташвиқ намуданд.

Оғои Тураҷонзода меафзояд: «Мо аз инҷо намояндаи худро фиристода будем, ки ӯро аз имохатибӣ озод кунад ва бародарашро ба ҷойи ӯ монанд. Худашро дар Мӯъминобод имохатиб монанд. Аммо намояндаи моро берун карданд, баъд мо аз ӯ ва ӯ аз мо хафа шуданд. Баъди ин дар охири митинги соли 1992, ки бо сабаби муҳокимаи Навҷувонов шуд ва баъдан наҳзатиҳо шомил шуданд, дар охири ҳамон митинг қарор шуд, ки аз сари нав интихобот шавад. Мулло Ҳайдар ҳам интихоботи навро қабул надошт. Хуллас, ки ҳамин митингҳо дар Кӯлоб ва пойтахт ташкил шуданд.»

Мулло Ҳайдар мегӯяд, ки ҳамаи ин беназмиҳо дар шинохти нодурусти афкори солим ва қабул надоштани афкори ҷониби дигар дигар буд. Аммо бо ин вуҷуд чархи таърих ба ақиб намегардад ва он чизе, ки дар сарнавишт будааст, ба сари мардум омад.

Бисёре аз таърихшиносону таҳлигарон мавриди истифода қарор гирифтани рӯҳониёнро дар ҷанги шаҳрвандӣ инкор намекунанд ва мегӯянд, дар ҳоле, ки мардум акнун дар ҷодаи худшиносии миллӣ ва мазҳабӣ гом мебардошт, бозӣ бо эҳсоси онҳо мардумро бештар ба шӯр овард. Аз сӯи дигар рӯҳониён мегӯянд, ки ворисони низоми аз по афтодаи коммунистӣ, онҳоро сар ба сар заданд то қудрати худро тамдид кунанд.

КОММУНИСТҲО ТАҲАММУЛПАЗИР НАБУДАНД

Ихтилофи ҷиддӣ аз гирдиҳамоиҳои моҳи марти соли 1992 баъди барканории вазири умури дохилӣ генерал Навҷувонов шурӯъ шуда, баъди муддате ба муқовимати сарсахтонаи тарафҳо табдил ёфт.

Исмоил Талбаков, муовини раиси Ҳизби коммунист, ки дар
Исмоил Талбаков, аз ҲКТ

он солҳо ҳизби ӯ яке аз тарафҳои ихтилоф будааст, мегӯяд, ки надоштани таҳаммул ва хоҳиши гӯш додан ба ҳарфи ҳамдигар хатои коммунистҳо ҳам буд, зеро дар собиқ ҷамоҳири шӯравӣ, коммунистон яккатоз буданд.

Аммо бисёриҳо бар ин назаранд, ки агар чеҳраҳои мазҳабӣ дар ин гирудорҳо дар канор мемонанданд, эҳтимолан ҷанг ин қадар фарогир ва хисорот ин қадар ваҳшатнок намешуд.

Тоҷикистон аз рӯзи таъсисаш ба ҳайси як ҷумҳурӣ ҳамеша давлати дунявӣ буд. Мақомот рӯҳониёнро эҳтиром мекарданд, аммо барои фаъолияти онҳо як чаҳорчӯби маҳдуд сохта буданд. То ҳодисаҳои феврали соли 1990 ва бетартибиҳо дар пойтахти кишвар, ки мақомоти давр барои ҳалли он аз раҳбарони мазҳабӣ кӯмак хостааанд, рӯҳониён ҳеҷ гоҳ аз чаҳорчӯби муайяншуда берун намерафтанд.

СУҚУТИ ШӮРАВӢ ВА ТАЛОШҲОИ ОЗОДИХОҲӢ

Саидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси ҲНИ, шоҳиди ҳаводиси он солҳо ва яке аз тарафдорони нерӯҳои исломӣ мегӯяд, ки раванди шакл гирифтани рӯҳияи озодихоҳии мардум, ки бештар сари озодиҳои имонӣ ва эътиқодиашон ҳам буд, дар он солҳо аз тарафи ҳукумати рӯ ба суқут саркӯб мешуд. Дар ихтилоф на танҳо нерӯҳои исломӣ, демократӣ, истиқлолиятхоҳӣ, балки коммунистон ҳам буданд. Ҳусайнӣ меафзояд, «агар он вақт гӯши шунаво ва дидаи дурбин мебуду, ҳамдигаро дарк мекарданд, ҷумҳурӣ гирифтори фоҷиа намешуд.»

Махфират Хидирова, раиси фраксияи ҲХД дар парлумони кишвар мегӯяд, ки дар муқоиса бо замоне, ки гурӯҳҳои исломиву демократӣ ва коммунистӣ дар майдон бар зидди
Мағфират Хидирова, аз ҲХДТ

ҳам шиор мепартофтанд, ҳоло ҳамзистиву таҳаммулпазирӣ бештар ривоҷ ёфтааст.

Махфират Хидиров бо назардошти таҷрибаи вакилии худ дар ду даъват мегӯяд, ҳоло вакилони ҲНИ, ҲК ва ҲХД якдигарро бештар таҳаммул мекунанд ва баҳсҳо низ бидуни тавҳини якдигар баргузор мешаванд.

МАРҲИЛАИ ТАҲАММУЛПАЗИРӢ

Гурӯҳҳои мазҳабӣ ё рӯҳонӣ мегӯянд, ба марҳилае расидаанд, ки дигар ба якдигар хусумат надоранд. Мулло Ҳайдар мегӯяд, ҳаводисе, ки ба сари миллат омад, ҳам ҷомеа ва раҳбарони мазҳабиро ҳушдор дод.

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода низ мегӯяд, ки таҳамулпазирӣ аз тарафи нерӯҳои исломӣ ва худи ӯ аст. Аммо, фазои таҳамулпазирӣ дар ҷомеа чандон боваркарданӣ нест. Вай мегӯяд, ки нисбати фарде хусумат надорад ва домулло Ҳайдарро ҳамчун як аз шахсияти шариф дӯст медонад. Вале, аз он нигарон аст, ки як тарафи сулҳ афкори тарафи дигарро нодида мегирад.

КАДОМ ТАРАФ ТАҲАММУЛ НАДОРАД?

Аммо Саидумар Ҳусайнӣ, намояндаи ҲНИТ мегӯяд, ки камрангии фарҳанги таҳаммулпазирӣ ҳоло ҳам дар долонҳои парлумон дида мешавад. Ба гуфти оғои Ҳусайнӣ, дар вақти таҳияи қонун дар ҳоле, ки намояндагони аҳзоби мустақил 99 дарсад ба моҳияти қонун розӣ ҳастанд, аммо ҷониби дигар омода нест, ки ҳатто як дар сад пешниҳоди онҳоро ба назар бигирад ва нияти хайри онҳоро ҳамеша зери суол мебарад.

Саидумар Ҳусайнӣ, аз ҲНИТ
Аммо Исмоил Талбаков, вакили ҲК мавҷуд будани фарҳанги таҳамулпазири дар парлумонро таъйид мекунад. Вай пинҳон намедорад, ки то солҳои навадум ҳиссиёти таҳаммулпазириаш бо ғурур омехта будааст ва нерӯҳои исломиро хуш надоштааст. Аммо, ҳоло дар парлумон ва ҷомеа бо нерӯҳои исломӣ мушкил надорад. Афзун бар ин мегӯяд ӯ, ҳузури нерӯҳои исломиву демократӣ як ҷузъи миллат ва давлат ҳастанд ва бояд бо ҳам созиш ва барои амну осудагии кишвар сармоягузорӣ кунанд.

ТАШАККУЛИ ФАРҲАНГИ ТАҲАММУЛПАЗИРӢ

Фарҳанги таҳаммулпазирӣ бо назардошти ташаккули афкори ҷомеа, тағйири сиёсатҳои ҳукуматҳо, сатҳи иҷтимоии кишварҳо ва хостаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ шакл мегирад.

Махфират Хидирова мегӯяд, ки баъди чанд даҳсола, ҷомеа акнун ба зинаҳои ибтидоии фарҳанги таҳамулпазирӣ расидааст.

Аммо Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода мегӯяд, ки фазои таҳаммулпазирӣ дар ҷомеа аз сиёсати ҳукумат маншаъ мегирад. Яъне то куҷо ҳукумат хидматҳои шоёни рақибони сиёсии худ ва ҷонибҳои сулҳро, ки онҳо пешгомҳои расидан ба марҳалаи сулҳ буданд, қадр мекунад.
XS
SM
MD
LG