Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як зан ҷойгузини раҳбари кушташудаи ҲНИТ дар Бадахшон


Муслима Броимшоева

Муслима Броимшоева

Муслима Броимшоева, кафили раҳбарии созмони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Бадахшон таъйин шудааст.

Ин амр дар пайи сафари як ҳайати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ба шаҳри Хоруғ - маркази маъмурии вилояти Бадахшон ва ба дунболи кушта шудани Сабзалӣ Мамадризоев, раиси созмони вилоятии ҳизб сурат гирифтааст.

Сабзалӣ Мамадризоев, раиси созмони вилоятии ҲНИТ дар Бадахшон рӯзи 24 июл, баъд аз суханрониаш дар як тазоҳуроти эътирозӣ дар Хоруғ, дар ҷараёни амалиёти низомӣ алайҳи гурӯҳҳои силоҳбадаст ба таври мармуз кушта шуд.

Раҳбари ҳайати сенафарии ҲНИТ Муҳаммадалӣ Ҳайит, ки аз Бадахшон дидан намуд, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳадафи онҳо ошноӣ бо вазъи Хоруғ, дарёфти маълумоти бештар дар бораи чигуна кушта шудани раиси созмони вилоятии ҳизб дар Бадахшон Сабзалӣ Мамадризоев ва барқарор кардани кори ин ташаккули мухолиф дар он минтақа дар пайи қатли Мамадризоев буд.

Муҳаммадалӣ Ҳайит гуфт, аз сӯҳбатҳои онҳо бо ҳамсар ва наздикони марҳум маълум шуд, ки даври навори нашршуда дар Ютюб, ки саҳнаи қатли ваҳшиёнаи як ҷавон бо дасти сарбозонро намоиш медод, маҳз саҳнаи қатли Сабзалӣ Мамадризоев будааст, ки алорағами иддаои мақомот, дар вақти кушта шуданаш аслан бо худ силоҳе надошт ва ғолибан барои суханронии интиқодиаш дар гирдиҳамоӣ кушта шуда, мурдаашро ҳатто ба як партов андохтанд.

Ҷаноби Ҳайит афзуд, зимни ин сафар сарнавишти раиси созмони ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ Шерӣ Карамхудоев низ барояшон возеҳ шуд ва маълум мешавад, ӯро боздошт карда, ба Душанбе овардаанд. Муҳаммадалӣ Ҳайит қатлу боздошти аъзои ҳизб дар Бадахшонро як нақшаи ҳадафмандона ва ношӣ аз протоколи пурсарусадои 32-20 номид, ки ҳадафаш, ба ақидаи ӯ, тарс додани бақия аз пайвастан ба ин ҳизби мухолиф аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG