Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲНИТ хост, парвандаи куштори Мамадризоев боз шавад


Акси Сабзалӣ Мамадризоев
Акси Сабзалӣ Мамадризоев

Ҳизби Наҳзати Исломӣ аз додситони кул хостааст, дар робита ба куштори Сабзалӣ Мамадризоев парванда боз кунад.

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бо ирсоли як нома аз додситони кул, Шерхон Салимзода, тақозо кардааст, ки дар робита ба куштори Сабзалӣ Мамадризоев, раиси бахши ин ҳизб дар вилояти Бадахшон, парвандаи ҷиноӣ боз кунанд.

Ҳикматулло Сайфуллозода, як масъули ҲНИТ, рӯзи панҷшанбе (2-юми август) ба Радиои Озодӣ гуфт, Муҳиддин Кабирӣ дар номааш ба унвони додситони кул таъкид кардааст, ки сабаби аслии куштори Мамадризоев рӯшан ва омилони қатл ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Дар ин номаи раиси ҲНИТ ба додситонии кулли Тоҷикистон зикр ёфтааст, ки "шаҳрванд Сабзалӣ Мамадризоев, сокини шаҳри Хоруғ, узви Раёсати Олии ҲНИТ ва раиси шӯъбаи ҳизб дар ВМКБ рӯзи 24-уми июл ба таври ваҳшиёна дар маҳдудаи нерӯҳои марзбонӣ дар маркази вилоят ба қатл расонида шудааст."

Аз ин пештар, рӯзи сиюми июли соли ҷорӣ, Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби Наҳзати Исломӣ, бо баргузории як нишасти матбуотӣ куштори Сабзалӣ Мамадризоевро шадидан маҳкум кард. Вай он вақт низ аз мақомоти Тоҷикистон талаб намуда буд, ки омилони ин қатл дарёфт ва муҷозот шаванд. "Ҳамон тавре, ки қатли як генерал (манзур генерал Абдулло Назаров-РО) барои ҷомеа сангин аст, қатли як сиёсатмадор камтар аз он нест ва бояд ба таври ҷиддӣ баррасӣ гардад",-афзуд ӯ дар нишасти хабарӣ дар Душанбе.

Дар ҳамин ҳол, масъулони вазорати умури дохилии Тоҷикистон эълом кардаанд, ки "на танҳо ҳодисаи куштори Сабзалӣ Мамадризоев, балки куллияи ҷиноятҳое, ки дар чанд рӯзи ахир дар шаҳри Хоруғ содир шудаанд", аз сӯи мақомоти тафтишот ба таври мушикофона мавриди таҳқиқ қарор хоҳанд гирифт.

Зимнан, Сабзалӣ Мамадризоев соли 1980-ум дар шаҳри Хоруғ ба дунё омада, солҳои 2005 - 2011 дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ дар риштаи таърих ва ҳуқуқ таҳсил кардааст. Аз соли 2011-ум раёсати шӯъбаи ҲНИТ дар вилояти Бадахшонро бар ӯҳда дошта, узви Раёсати олии ин ҳизби динии сиёсӣ буд.

Дар навор: Суханронии охирини Сабзалӣ Мамадризоев дар гирдиҳамоии Хоруғ

Суханронии охирини Сабзалӣ Мамадризоев
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:53 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG