Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аз мактаб дур мондани духтарон: Айби дин ё маориф?


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Ахиран вазири маориф, Нуриддин Саидов, чормағзро дар сари волидон шикаст, ки намегузоранд, духтаронашон ба мактаб раванд.

Рӯҳониёни тоҷик иддаои мақомот, ки баъзан аз таҳсил дур мондани духтарон дар манотиқи кишварро ба "мазҳабитар шудани ҷомеа" ва ҳам "таассуби волидон" рабт медиҳанд, нодуруст мешуморанд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи онҳо, дини мубини Ислом ҳаргиз мухолифи омӯхтани илм набуда, баръакс, онро барои марду зани мусалмон фарз гардондааст.

Бо ин вуҷуд, ба қавли мақомоти расмӣ "хурофотпарастӣ" яке аз иллатҳои аслии дур мондани духтарон аз таҳсил боқӣ мемонад. Аммо ҳамсӯҳбатони мо аз вазорати маориф гуфтанд, ки дар муқоиса ба се-чаҳор соли пеш вазъ то андозае тағйир карда, теъдоди духтароне, ки аз баҳри таҳсил дар мактаб гузаштаанд, коҳиш ёфтааст.

Вазир: Айби волидон!

Нуриддин Саидов

Нуриддин Саидов

Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир 17 дарсади духтарони навраси тоҷик аз дарсхонӣ дар мактабҳои кишвар "бо хоҳиши худ" бенасиб мондаанд. Ҳарчанд созмонҳои иҷтимоӣ ин шумораро бамаротиб бештар медонанд. Нуриддин Саидов, вазири маорифи Тоҷикистон, ҳам чанде пештар дар як нишасти матбуотӣ волидонро дар ин масъала гунаҳкор дониста, гуфт, ҳоло онҳо “берун аз Қонуни асосӣ” маҷбур шудаанд, ки барои ба таълим фаро гирифтани ҳамаи духтарон амр диҳанд.

“То имрӯз зиёданд волидайне, ки духтаронашонро пинҳон кардаву ба мактаб рафтан иҷозат намедиҳанд. Болои ин масъала кор мебарем ва ният дорем, ки барои духтарон дар водии Рашт мактабҳои ғоибона ташкил намоем, то тавонем ин духтаронро баъд аз синфи 9-ум ба таҳсил фаро гирем”,-илова кард вазир.

Аз Рашт то Суғду Хатлон

Бино бар пажӯҳишҳое, ки то кунун анҷом шудааст, аксар духтароне, ки аз таҳсил дар канор мондаанд, дар минтақаи Рашт, бархе аз навоҳии шимол ва вилояти Хатлон ба сар мебаранд. Чунин духтарон ҳамагӣ то синфи нӯҳум, ки бар асоси қонунҳои Тоҷикистон хонданаш ҳатмист, дар қайди мактаб буда, баъдан аз идомаи ду соли дигари таҳсил даст мекашанд. Ин тасмим ё бо хоҳиши худи онҳо ва ё волидонашон гирифта мешавад ва чунин духтарон танҳо бо гирифтани аттестат ё шаҳодатномаи синфи нӯҳум иктифо мекунанд.

Аммо рӯҳониён ё афроди мазҳабии тоҷик аз он ки баъзан ангушти ишора дар мавриди аз мактаб дур мондани духтарон ба сари онҳо дароз мешавад, изҳори норизоиву нороҳатӣ мекунанд.

На танҳо хурофот...

Зарафо Раҳмонӣ

Зарафо Раҳмонӣ

Зарафо Раҳмонӣ, яке аз масъулони Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, се соли пеш дар ҳайати коршиносони ЮНИСЕФ мавзӯи аз таҳсил дар канор мондани духтаронро дар чанд ноҳияи кишвар пажӯҳиш кардааст. Ӯ мегӯяд, иллати ин мушкил аз чанд сарчашма, аз ҷумла нодориву тангдастии волидон об мехӯрад, ки танҳо дар ҳамфикрӣ ва якҷоягии аҳли ҷомеа ҳалли он имконпазир хоҳад буд. Вагарна ин ҳама гуфтану ишорат карданҳо, ба қавли ӯ, дар ҳован об кӯфтан аст.

Ин ҳамсӯҳбати мо дар идома гуфт, аммо манъи ҳиҷоб ё пӯшиши исломӣ дар мактабу донишгоҳҳо низ баъзе аз волидонро маҷбур кардааст, ки монеи таҳсили духтарони худ дар мактабу донишгоҳҳо шаванд.

Хонум Раҳмонӣ мегӯяд, ҳарчанд Тоҷикистон бар асоси Қонуни асосияш кишвари демократист, аммо мақомот бар хилофи хостҳои баъзе аз духтарону волидонашон монеи ҳиҷобпӯшии онҳо шуда, аз таҳсил дар мактаб маҳрум кардаанд. "Чунин тасмимҳо водор мекунад, ки онҳо тарки мактаб кунанду аз баҳри таҳсил бигузаранд ва ҳамон либоси мавриди назари худро бипӯшанд",-мегӯяд ӯ.

Натиҷаи "каҷфаҳмӣ"

Ин дар ҳолест, ки Дилбар Самадова, муовини раҳбари ҲУСДТ, мегӯяд, каҷфаҳмии бархе аз волидон, ки гӯиё духтарашон ба мактаб рафтаву бетарбия ва ё бероҳа мегарданд, монеи таҳсили бархе аз духтарон шудааст: "Аксар мардҳо барои дарёфти маблағ ба муҳоҷират рафтаанд. Дар оила фақат занҳо мондаанд. Пас, тарбияи фарзандон пурра ба дӯши модар мондааст. Модари бесавод чӣ гуна метавонад фарзанди комилро тарбия намояд? Волидони мо баъзан дар ин бора фикр намекунанд..."

Дилбар Самадова

Дилбар Самадова

Ҳамсӯҳбати мо иллати дигари ин мушкилро ба "интихоб"-и бархе аз ҷавонони тоҷик рабт дод, ки духтари таҳсилнадида мехоҳанд. Ба бовари ӯ, ба қавле “бадномӣ”-и духтарони таҳсилдида баъзан боис мешавад, ки волидон ҳам барои “харидор” ёфтани фарзанди худ аз баҳри таҳсили онҳо мегузаранд.

Вале як устоди мактаби миёна дар водии Рашт дар як тамоси телефонӣ гуфт, бештар роҳи дури мактабҳо ва камбуди устодону “бемаззагӣ”-и дарсҳо толибилмон, аз ҷумла духтаронро аз мактаб мегурезонад ва намешавад дар ин маврид шахсиятҳои алоҳидаро гунаҳкор донист. Балки ба гуфтаи ӯ, беҳтар аст, мактабҳои зиёде пӯшида ва устодони ҳирфаӣ ба кор қабул карда шаванд.

Ислом ва илм

Ин дар ҳолест, ки омӯхтани илм дар Қуръон ва аҳодиси набавӣ зикр шуда, барои фарди мусалмон, чи зан ва чи мард, муҳим дониста шудааст. Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, қозии пешини мусалмонони Тоҷикистон, низ дар китоби худ -- “Ҷойгоҳи зан дар ислом” нигошта, ки “масъалаи таълиму таҳсили занон яке аз бахшҳои муҳими мавзӯи ҷойгоҳ ва ҳуқуқи зан дар Ислом буда, мавриди таваҷҷӯҳи ҳамешагии мутафаккирони исломӣ қарор доштааст. Тавре маълум аст, таълимот ва фармудаҳои Ислом дар бораи фарзияту зурурати омӯхтани илм хусусияти ом дошта, ҳам мардон ва ҳам занонро ба таври баробар фаро мегирад. Аз ин назар, бояд гуфт, дар таълимоти исломӣ омӯхтани илм барои занон низ фарзу зарур аст.”

"Квота" ҳам наҷот надод

Ин гуфтумон дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон барои ҷалби духтарон ба мактабҳои олии кишвар квота ё имтиёз ҷудо кардаанд. Вале ҳамон тавре Дилбар Самадова гуфт, ҳоло квотаҳои духтарони кӯҳистонӣ аз сӯи бархе афрод харида шуда, тири мақомот ба нишонаш намерасад: "Як мисоли дақиқ меорам. Аксари мардуме, ки дар шаҳр ҳастанд, чунин квотаҳоро аз роҳе аз они худ мекунанд. Масалан, фарзандонашонро дар соли охири таҳсил ба кӯҳистон мефиристанд. Ҳамин тавр, кӯҳистоние, ки орзуи таҳсил дар донишгоҳро дорад, боз дар деҳааш мемонад."

Зафар Қурбонов, яке аз хонандаҳои фаъоли торнамои "Озодӣ" ҳам рӯзи 21-ми июл дар сайти мо ба ин мавзӯъ дахл карда ва дар муроҷиат ба вазири маориф навиштааст, “кай решаи коррупсия барканда мешавад? Чаро барои духтарон ва ҷавонзанҳо шартномаи хонданро бекор намекунед? Чаро бартариҳо намедиҳед? Чаро?”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG